Принт

Редаксия супориш дод: «пробка»-и масҷид ҷӯй!

Чаро раиси Кумитаи дин ва Муфтии кишвар наметавонанд дар назди масоҷиди зертобеашон тартибу низом ҷорӣ кунанд? Агар ишон кореро, ки ҳаллу фаслаш 2х2 аст, иҷро кардан натавонанд, пас метавон бузургтарин идеологияи миллӣ-дину мазҳабро ба онҳо бовар кард???

Феврали соли ҷорӣ Раёсати БДА тасмим гирифт бо ронандагоне, ки рӯзҳои ҷумъа зимни намоз воситаҳои нақлиёти хешро дар назди масҷидҳои ҷомеъ гузошта, бо таваққуф ва исти нодуруст роҳи мошингардро баста, боиси тамбашавӣ мегарданд, мубориза барад. БДА воситаҳои нақлиётеро, ки дар сари роҳ истода, онро банд мекунад, бе ягон огоҳӣ бардошта, ронандаро тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба ҷарима хоҳад кашид. Мегӯянд, ин тасмим пас аз дастури қатъии Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар роҳандозӣ шуда, лозим ба ёдоварист, ки газетаи мардумии СССР низ дар чанд шумораи ахир аз вазъи баамаломада дар назди масҷидҳои кишвар, хосса зимни баргузории намози ҷумъа бонги хатар зада буд. Хуб, бо гузашти 3 ҳафта аз ин дастур, мухбирони газетаи СССР бо супориши редаксия рӯзи ҷумъаи гузашта ба рейди назди масҷидҳои калонтарини пойтахт  баромада, хостори дидани вазъият бо чашми худ шуданд. Рейди мо рӯзи 14.02.2020 дар 1 вақту соат дар назди 4 масҷиди бузург ва серодами ш.Душанбе оғоз ёфт.

Масҷиди «Шоҳмансур»-тартиб буд!

14.02.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:17 дақиқа. Аз гардиши беморхонаи “Ёрии таъҷилии тиббӣ” ба самти масҷиди “Шоҳмансур” равона гардидем. Дар роҳ тақрибан 20-22 намозгузор ба самти масҷид равонаанд. Чигунае дар акс мебинед, мошинҳо дар 2 тарафи роҳ бо тартиби муайян гузошта шуда, байни роҳ васеъ кушода буду 2 мошин озод ҳаракат карда метавонад. Дар атрофи масҷид командони милитсия бехатарии намозгузоронро таъмин карда, атрофро мушоҳида мекарданд. Имоми масҷид низ дар бораи тамбашавии роҳҳои атрофи масҷидҳо ва банд кардани роҳҳо дар рӯзҳои ҷумъа суҳбат дошт. Ӯ таъкид мекард, ки роҳҳоро банд нанамоед ва дар беруни масҷид намоз нагузоред. О, мана мешудааст-ку?! Шарт буд, матлаби танқидии СССР-ро мунтазир нишинед?!

Яккачанор: Намоз пиёда оед!!!

14.02.2020.. Соат ба вақти Душанбе 13:00 дақиқа. Мо дар назди масҷиди “Яккачинор” қарор дорем. Дар гирду атрофи масҷид тамбашавии нақлиёт ба назар намерасид ва мошин қариб, ки набуд. Аз назди  тарабхонаи “Яккачинор” сар шуда, то дари масҷид ҷой-ҷой ва аз роҳ берун автомашинаҳои сабукрав таваққуф дошта буданд, ки ба рафтуомади дигар нақлиётҳо халале намерасонид.  Пас аз чанд лаҳза, намози ҷумъа ба охир расиду ногаҳон аз ҳар гӯша мошинҳо пайи ҳам баромаданду тамбашавии нақлиёт сар шуд. Аҷибаш ин буд, ки ҳангоми тамбашавӣ дар гирду атроф ягон кормандони БДА набуд ва ҳеҷ кас назорат ҳам намекард. Якбора ин автомашинаҳо аз куҷо баромаданд, барои мо номаълум монд. Аз ронандае пурсидам, ки ин тамбашавӣ ба ҳаракати автомошинаи шумо халал намерасонад? Дар ҷавоб гуфт: “Ин мардум аз намоз баромаданд, баъзеашон аз роҳи дур маҷбуранд, ки бо мошин ба масҷид оянд. Тамбашавӣ албатта ҳаракати нақлиётро бад мекунад, вале мо, ки ҳама баҳри ибодат омадаем, якдигаро мефаҳмем ва то сабук шудани роҳ сабр мекунем”.

Аз марде, ки худро Аҳтам Саидов муаррифӣ карду аз намоз баромада пиёда равон буд,  пурсидам, ки оё тамбашавии нақлиёт дар ин рӯз ба ҳаракати дигар нақлиёту пиёдагардон монеа намешавад? Дар ҷавоб гуфт: “Медонед баъзеи онҳоро хона ва ҷойи корашон наздик аст, вале онҳо пиёда нею бо мошин ба назди масҷид меоянд. Мо шахсони намозгузору ба намози ҷумъа меомадаро эҳтиром ва мекунем. Вале хубтар мешуд, ки онҳо ба намоз пиёда оянд”. 

 Аввал намозу баъд шашлик

14.02.2020.. Соат бо вақти Душанбе 13:00 дақиқа. Дар назди яке аз масҷидҳои машҳури пойтахт бо номи “Хол Машраб” қарор дорем. Дар ҳоле, ки мардум адои намоз мекарданд, кӯчаҳо ҳама тинҷу ором буд, лекин аз назди масҷид сар карда то роҳи калон  ҳама пур аз мошин. Мавриди зикр аст, ки дар наздикии ин масҷид боз якчанд шашликхонаҳои маъруфи пойтахт қарор доранд ва шояд қисме аз ин воситаҳои нақлиёт аз муштариёни ин тарабхонаҳо бошанд, ки дар ин вақт барои “обед” омадаанд.

 Пас аз намоз мардум ҳама якҷо ба кӯчаҳо баромаданду тамбашавӣ сар шуд. Ҳар 1 нафар кӯшиш менамуд, пештар гузарад, дигаре мошинашро гирифта, газро зер мекарду сеюмиву чорумӣ аз 2 тарафи роҳ бо мошинҳои калони боркаше, ки дар дохилашон тобут буд, пеш гузаштанӣ мешуданд.  Ҳарчанд, ки масъулони масҷид ва нозирони минтақавӣ бо якчанд кормандони БДА ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба тартиб оварданӣ мешуданд, зӯрашон намерасид-кӯчаҳо пур аз мошин. Бетартибии кулл ин ҷо ҳукмрон буд!

Имом Тирмизӣ: Гардиши масҷид тозаву…

14.02.2020. Соат бо вақти Душанбе 12:45 дақиқа. Дар хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази шаҳр қарор дораму сари гардиши кӯча ба масчиди Имом Тирмизии пойтахт истода, кори кормандони БДА-ро назорат мекунам. Онҳо воситаҳои нақлиётро аз сари гардиши масҷид ба қавле пеш карда, намегузоранд, то ин, ки 1 мошин ҳам ба кӯчаи масҷид ворид шавад. Аввал гуфтам, ки беҳтарин кореро мекунанд кормандони БДА, вале дурустар нигоҳ кунам, минтақаи назди масҷиду гардиши он аз воситаҳои нақлиёт тозаву дар назди бинои «Ориёнбонк»-у қаҳвахонаҳои «Шоколадница»-ву «Мерве», меҳмонхонаи «Авасто» ва ҳатто Бонки миллии Тоҷикистон воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи марказӣ ва протоколии пойтахт қатор-қатор…

Кормандони БДА танҳо 1 минтақаро тоза кардаву мардуми намозхон бошад 50 метр дуртар аз гардиши масҷид мошинҳои худро партофта, на танҳо кӯчаи рақами №1-и пойтахт ва назди биноҳои маъмуриву маишӣ, балки ҳудуди биноҳои истиқоматии наздикбударо низ бо мошинҳои худ ғасб кардаанд. Яъне, боз ба ҷойи сала-калла! Ё хостем беҳтар кунем, аммо шуд мисли пештара-баръакс акнун тамбашавӣ ва таваққуфи ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт дар ин кӯчаи протоколӣ ба маротиб афзудааст!

 

Дар назди масҷидҳо «пробка» ҷустанд, Омирона Достиева, Ситора Сафарова, Шералӣ Давлатов, Исмоил Маликов ва Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

Матлабҳои дигар