Соли 1991-1992 роҳбари мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ рӯҳониён ва ҷавонони камсаводи таҷрибаи зиндагӣ надоштаро аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади бунёд кардани давлати Исломӣ дар атрофи худ ҷамъ кард. Ӯ фаҳмида буд, ки мардуми минтақаи Кӯлоб барои ташкил кардани давлати Исломӣ зид мебошанд. Мардуми Кӯлобро кофир эълон карда, ба муқобили онҳо ҷиҳод эълон карданд. Каллабурони хунмасти С.А. Нурӣ «Аллоҳу акбар» мегуфтанд, ки аз кӯдаки дар гаҳвора буда, то пири 80-соларо қатл кардан фарз аст.
Штаби Нурӣ ва қатли падари Талбон Сафаров
Дар моҳҳои июн, июл ва августи соли 1992 дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Бохтар ҳоло Кушониён штаб ташкил карда шуд. Дар штаб аз ҳисоби бачаҳои наҳзатӣ гурӯҳи силоҳбадастон ташкил карда шуд. Онҳо аз рӯйи таълимоти С.А. Нурӣ ва дигар саркардагони ҷанги таҳмилӣ амал карда, на ба пиру на ба кӯдак раҳму шавқат надоштанд. Дар совхози «Сабзавот»-и ноҳияи Кушониён мардуми тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сукунат доштанд. Онҳо дар 1 табақ нон мехӯрданд, дар тӯю маъракаҳо, мусибатҳо паҳлуи якдигар истода хизмат мекарданд, вале якбора душмани ҳамдигар гаштанд. Вақте, ки шаб фаро мерасид, силоҳбадастони штаб дар сар маска кашида, ҳамсояҳои худро аз хона бароварда, бо зану фарзандҳояшон дар мошин бор карда, бурда мепаронданд. Баён Муҳтоҷев ва падари прокурори ноҳия Талбон Сафаров, бобои Ёрмуҳаммад Сафаров аз солҳои Шӯравӣ дар совхоз бо мардуми дигар навоҳии муҳоҷиршуда ҳамсоя буда, зиндагии осоишта доштанд. Вале онҳоро шабона асир гирифта, бурда, паронда, мурдаҳояшонро дар дарё обӣ карданд.
БТР дар муқобили бесилоҳон
20.08.1992. Соат 12:10 дақиқа. Аз тарафи совхози «Сабзавот» 1 БТР ба сӯйи кӯчаи «Аскари сурх»-и ҷамоати шаҳраки Киров, ки дар ин ҷо ҷавонон барои ҳимояи хонаю дари худ пост ташкил карда буданд, ҳуҷум карда, оташ мекушояд. Ғарами ғӯзапоя дар мегирад. Бачаҳои дар постбуда ягон яроқи оташфишон надоштанд, ки БТР-ро зада аз кор бароранд. Аз тири БТР 2 нафар муҳофизони пост Шералӣ Салимов ва Ҳусейн Орифов аз 1 пой маҳрум шуда, инвалиди гурӯҳи якум шуданд. Худи ҳамон рӯз механизатор Раҳмиддин Шукуров аз кӯчаи ба номи Низомӣ ва Шамсиддин Сафаров аз кӯчаи ба номи Калинини ҷамоати шаҳраки Киров, дар қитъаи 17 гектара пахтазори стансияи навъсанҷии совхози хоҷагидории ба номи С. Турдиевро бо трактор дору мезаданд. БТР ба сӯйи онҳо ҳаракат мекунад. Шамсиддин аз дур омадани БТР-ро дида, ба Раҳмиддин мегӯяд: моторро хомӯш кун, фаро бигрез. Шамсиддин худашро дар қади ҷӯяк партофта, бо тамоми қувва, ки дошт мегурезад. Ниҳолҳо дар пойҳояш руст шуда, гоҳ ба даҳон мезад ва гоҳ шикамолак мерафт. Силоҳбадастон аз болои БТР ба сӯйи Шамсиддин аз автомат тир холӣ мекарданд. Тирҳо ба ниҳолҳо бархӯрда ба Шамсиддин осебе нарасонданд. Раҳмиддин то мотори тракторро хомӯш карда, ба замин фаромада гурехтанӣ шуд, ки силоҳбадастони ваҳшӣ ӯро асир гирифта, бо худ бурда, қатл карданд. Зани ӯ Сангчагул бо 2 фарзанди хурдсолаш бева монд.
Дар ҷустуҷӯи бародар
20.08.1992. Соат 16:45 дақиқа. Шамсиддин ба қитъаи 10 гектара гузашта ба хонаашон омаданӣ мешавад, аз ҳуш рафта, дар байни ҷӯяк меафтад. Шамсиддин ҳар рӯз ба хонаашон омада хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрд. Он рӯз соат аз 4 гузашта буд, ҳанӯз аз Шамсиддин дарак набуд. Нуриддин дар хавотир шуда, барои кофтукови додараш ба стансияи навъсанҷӣ омад. Ба даруни пахтазори қитъаи 17 гектара даромада ниҳолҳоро тагурӯ карда, додарашро кофтанӣ шуд. Ҳамин вақт овози тир баромад. Силоҳбадастон аз болои беди пири лаби Туркманариқ ӯро бо снайпер дар қитъаи 17 гектара ба нишон гирифта паронданд ва ғайб заданд. Рӯз бегоҳ шуда, шом даромад. Бародаронаш Саид, Насриддин ва чанд нафар ҳамсояҳо ҷасади беҷони дар хун оғӯштаи Нуриддинро аз байни ҷӯякҳои пахта ёфта, дар одеяло бор карда ба хона оварданд. Шаб фаро расид.
20.08.1992. Соат 00:10 дақиқа. Шамсиддин ба ҳуш меояд, аз ҷояш мехезад, ҳама ҷо торикистон. Лаб-лаби ариқ аз пеши масҷид гузашта, дарвозаи оҳанинро кушода, ба ҳавлиашон медарояд. Дар мобайни ҳавлӣ шамъ милт-милт мекард. Шамсиддин ҷасади акааш Нуриддинро дар ҳалқаи бародаронаш Саид, Насриддин, апаҳояш Маҳтоб, Мастура, Зайнура, хоҳараш Робия, ҳамсояҳо ва дигар хешу ақрабо дида, вой акаҷон ба ту чӣ шуд гӯён, ба болои маит худашро партофта зор-зор мегиряд.
…Нуриддин соли 1981 баъди хатм кардани синфи 10-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба факултети муолиҷавии донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1987 институтро бо сари баланду рӯйи сурх тамом карда, соҳиби дипломи духтурӣ гашт. Нуриддинро барои кор ба ноҳияи Вахш фиристоданд. Дар касалхонаи ноҳия 4 сол кор кард. Ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Бо фармони Пешвои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳаммоми совхози Туркманистон ба қасобхона табдил ёфт. Аз маркази ноҳияи Вахш корафтодагон, одамон савори мошинҳои сабукрав ба шаҳри Бохтар меомаданд ё аз шаҳри Бохтар ба ноҳияи Вахш мерафтанд. Силоҳбадастони С.А. Нурӣ дар пеши ҳаммом қапида, ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекарданд. Кадоме гап мезаданд ё зодагони минтақаи Кӯлоб буданд, асир гирифта, дар ҳуҷраҳои ҳаммом дароварда азобу шиканҷа дода мекуштанд, мурдаҳояшонро дар канал бурда обӣ мекарданд. Нуриддин ин ҳодисаҳоро аз одамон мешунид. Вай корро бас карда дар касалхонаи Қарияи Болои шаҳри Бохтар, ки ба хонаашон наздикӣ дошт ба кор даромад. Рӯзи ҷанозаи Нуриддин мардуми бисёре ҷамъ шуд. Ӯ дар айни камолоти ҷавонӣ аз тири ҳаммиллатони худ ин дунёро падруд гуфт. Оилаи ҷавони ӯ бо 1 писари дустрӯяк танҳо монд.
Кӯр 1 бор асо гум мекунад!!!
Соли 2020 Истиқлолияти мо 29-сола мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳар баромаду суханрониҳояш мардумро даъват менамояд, ки истиқлолиятро монанди гавҳараки чашм муҳофизат кунанд. Ин матлабро барои он навиштам, ки мо-миллати Тоҷик аз паси чанд муллояке биҳишт меравему давлати исломӣ месозем гуфта, дар соли 1991-97 хуб бародарони худро куштем. Дигар ба онҳо бовар накунед, мардум. Ҳушёрию зиракиро аз даст надода, барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша тайёр бошед. Мо Метавонем!
Ҳазратқул БОБОХОНОВ,
муаллими собиқадор, сокини ҷамоати шаҳраки Киров, ноҳияи Вахш