Принт

«Мадади Акбар»: бо тифл омадаму бе кудак баргаштам


Хушхабар

16.09.2021. Соат ба вақти Душанбе 11:25 дақиқа. Ман ба беморхонаи «Шифои Раҳмон» барои муоина рафтаму духтури занона-гинеколог Маҳбуба Султонова маро УЗИ карда, хушхабарам дод: «Модар мешавӣ!»

Умед

 24.10.2021. Соат ба вақти Душанбе 15:44 дақиқа. Маро бо дарди вазнин ба беморхонаи «Мадади Акбар» оварданд. Аз дардҳоям ба духтур Гулсара Бобиева шикоят кардам. Мавсуф маро гуш карда, таъкид дошт, ки ҳоло аз сабаби зиёд будани беморон дар беморхона ҷойи холӣ нест. «Хубтараш ба хона баргарду рӯзи душанбе биё, туро ҳатман мехобонем». Дард хеле сахт буд. Ба беморхонаи «Истиқлол» роҳ пеш гирифтем. Дар ин беморхона низ навбатдорон маро пурсупос карда,  рост ба муоинаи УЗИ равон карданд. Пас аз муоина худи ҳамон рӯз маро дар ошёнаи 6-уми беморхона хобонданд. 

 

Доғ

25.10.2021. Соат ба вақти Душанбе 01:16 дақиқа. 1 рӯз баъди бистарӣ духтурон ба назди ман даромада гуфтанд, ки барои пешгирӣ аз вирусҳо мо бояд беморхонаро тоза кунем, ҳоло ҷавобат медиҳем.

26.10.2021. Ман аз ноилоҷӣ ба беморхонаи «Мадади Акбар» баргаштам. Маро боз духтур Гулсара Бобиева қабул кард. Ман дар ҳуҷраи 2-юми беморхонаи мазкур  23 рӯз хоб кардам. Бароям аз ҷой хестану гаштан қатъиян ман буд, аз ин лиҳоз тамоми ин муддат ба болои тахтачӯб хобидам.

27.10.2021. Соат ба вақти Душанбе 14:56 дақиқа. Доктор Гулсара назди ман даромада, доруҳои духтурони Истиқлол фармударо дида, гуфт,  намешаванд, зеро мо барои кудакро наҷот додан аз доруҳои гармонӣ истифода мебарем.

Руйхати доруҳоеро, ки духтурон ба ман тавсия доданд:  «Виферон»,  «Дроматситин», «Фоливая кислота», «Валерянка», «Платфилин», «Гонадотро хорионически», «Зескап», «Прогестерон»…

 

Беморхона ё меҳмонхонаи шахсӣ?

Аз сабаби пайваста хуруҷ кардани дардам, аз духтурон хоҳиш кардам, ки агар ҳуҷраи «люкс»-и беморхона холӣ шавад, маро ба он ҷо гузаронед, намехостам ба оромиши ҳампалатаҳоям халал расонам. Ҳатто пешакӣ 600 сомонӣ пешпардохт ҳам кардам. Духтурон гуфтанд, ки баъди 3 рӯз ҳуҷраи бароҳати беморхона холӣ мешавад. Ман 3 рӯз интизор шуда, либосҳоямро бо халтаи доруҳоям ҷамъ карда, омода шудам. Аммо «тарбуз аз бағалам афтод», Гулсара Бобиева ба наздам омада гуфт:

   - Омирона пулатро бармегардонем, ҳоло духтари раис омадааст, ҳеҷ кас ҳуқуқи даромадан ба он ҳуҷраро дигар надорад.

Ман ҳайрон шудам, ки ин беморхона аст ё меҳмонхонаи духтари раис? Аз сабаби оне, ки беморхона шахсӣ будааст, ба ман ҳатто иҷозати ба он ҳуҷра даромаданро надоданд.

Беморхонаи антисанитарӣ

16 рӯз ман дар ин беморхона хоб будам. 1 рӯз мутахассиси УЗИ-и беморхона омада бароям хабари бад овард, ки тифли дар батнам бударо микроб хурда, аз афзоиш боз мондааст. Дасту похурда шуда, ба суйи Гулсара Бобиева нигоҳ кардам. Бобиева гуфт, барои наҷоти тифл ҳама корро кардем, вале мутаассуф... Бовар накарда, боз барои муоинаи такрорӣ ба чанд маркази тиббии дигар рафтем, аз он ҷумла ба назди духтур Маҳбуба Султонова, ки гуфт, кудак зинда асту афзоиш меёбад. УЗИ-ро ба Бобиева нишон додем. Духтур гуфт ихтиёратон, 1 ҳафтаи дигар интизор мешавем. Пас аз 1 ҳафта боз дубора УЗИ кардем, духтурони «Мадади Акбар» гуфтанд, ки кудак дар шикам нест. Дубора ба назди Маҳбуба Султонова рафтем, вай ин маротиб пас аз муоина афзуд, ки тифл дар батн дигар намеҷумбад…

Хулоса, Бобиева модарамро даъват намуда, аз ин огоҳ мекунад ва тавсия медиҳад, ки батнро тоза намоянд. Яъне, исқоти ҳамл. Вале ман то лаҳзаи охир дилзании тифлро эҳсорс мекардам. Модарам дар оғоз розӣ намешаванд, духтурон ба ман барои ба таври табиӣ афтидани тифл дору медиҳанд. Билохира тифлро тоза карда гирифтанд…

Ҳамин тавр ман дар беморхонаи «Мадади Акбар», ки илова бар бархурди ғайрикасбии духтурон, ба ягон талаботи санитариву эпидемиологӣ посухгӯ набуд-шабҳо каллмушҳои калон дар утоқҳо мегаштанд, бо тифли солими дар батн буда омадаму, бе кудак ба хона баргаштам…

Омиронаи Сайёф,

махсус барои СССР

Матлабҳои дигар