Принт

Бадахшон соҳиби худро ёфт!

 

Мардуми сарбаланди Бадахшон! Шумо бояд фаромӯш насозед, ки ин гӯшаи зебои кишварамон дар солҳои Истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон ба пешрафту комёбиҳо, созандагию ободкориҳо муввафақ гаштааст, ки дар 70 соли давраи Шуравӣ ноил нашуда буд.

Шукри ин Истиқлол, ки ҳамасола дар ВМКБ садҳо иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Маҳз мусоидатҳои сарвари маҳбуби халқи тоҷик, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим Ҳусейн Оғохони 4 ба Тоҷикистон ташриф овард ва тамоми мардуми пайраву муътакидони мазҳаби исмоилия ба дидори мубораки пешвояшон мушарраф гаштанд. Бо ҳамин воқеияти таърихи орзуи ҳазорсолаи ихлосмандони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон бо мусоидати сарвари муаззами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.

Дар давоми солҳои шуравӣ ҳеҷ кадом аз роҳбарони аввали на ҷумҳурӣ ва на Иттиҳоди Шуравӣ ба ин диёри домани гардун наомада буданд. Аммо сарвари давлати Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 100 маротиба ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дода, ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ вохӯрию сӯҳбатҳои самимӣ анҷом додааст ва дар ҳалли мушкилоти мардум бевосита кӯмак расонидааст. Дар даврони шуравӣ, дар зимистон не роҳи маишӣ буду не роҳи ҳавоӣ. Агар ягон кас дар марказ аз олам мегузашт, мошин гирифта аз Душанбе ба Ленинобод, Бишкек ва Ӯш рафта, баъди 3 моҳ ба Хоруғ мерасиданд. Хоруғ умуман бозор надошт. Магазинҳои шаҳр не сабзавот доштанду не мева, ҳатто барои ширу гӯшту дигар озуқа навбат меистоданд. Сохтмони хонаҳои баландошёна, роҳҳои бо марказ пайваст дар фикри ягон роҳбари онвақта набуд. Гӯё Бадахшон соҳиб  надошт. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон халқи Бадахшон миллати тоҷик акнун роҳбари аслӣ-сарвари беҳамтои худро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ёфтааст.

Оламгули Мазлум,

ш.Душанбе

Матлабҳои дигар