Принт

Айнакфурӯшони қаллоби Бохтар

 

Бадахшон Зардакова, мухлис ва узви СССР аз ш. Бохтар ба редаксия занг зада (тел: 903303086), гила аз фурӯшандагони айнак (очки) кард.

   - Чаро ба ин мавзуъ рӯ овардам? Шояд ҳайрон шавед! Ман бо айнак газету китоб мехонам. Вале айнакро аз ОПТИКА неву бештар аз бозори ш.Бохтар мехарам, шояд ин бепарвоӣ ё танбалии ман бошад. Баҳона ин, ки вақт надорам. Мушоҳида кардам, ки айнакфурӯшони бозори ш. Бохтар, ончунон қаллобанд, ки ҳатто шоҳиди ҳол шудам, айнакфурӯше, ки доим аз ӯ айнак мехарам, дид, ки (размер)-и чашми маро надорад, хозир гӯён пушташро гардонда, 1 этикеткаи айнаки калонро дар хурд заду онро ба ман дод. Моҳ гузашт, бо 1 дугонаам сарироҳӣ вохӯрдам ва ӯ низ бо айнак газет мехонад, хостам айнакашро бисанҷам, айнаки ӯро гирифта, ба чашм гузоштам, аз ӯ рақами 2 ва аз ман 2,5 буд, вале айнаки ӯ ончунон хуб буд, ки чашмам равшан гашт. Маълум, ки андозаи 1,5-ро ба ман 2,5 фурухтаанд. Ана акнун худ қазоват кунед, ки ин қаллобон бо биноии одамон шӯхӣ доранд.

Ман аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ хоҳиш мекунам, ки ҳамаи мағозаҳои айнакфурӯширо баста, якчанд оптикаҳо кушоянд ва чунин фиребгарон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Матлабҳои дигар