Принт

Танқид душманӣ нест! Тавсиф душман аст…

 

 

 

 

 

 

 

       Вақте ба Далери Имомалӣ ҷоизаи эътимоди журналистӣ дода шуд, гуфтам журналистика ҳамчун касб фано гардид!!!Саааароооосема нашав, хонанда, ман Далерро танқид на, ки тавсиф карданиям. Мо Метавонем!!!

 

            Далер дар ҳамин шабу рӯз ба ҳама ҷоиза зебанда аст. Зеро алтернатива надорад. Чунки 1 Далер, бо 1 телефон (нав соҳиби камера шуд) кореро мекунад, ки 9 шабакаи расмӣ бо 300 камераву 400 журналист кардан на-ме-хо-ҳанд!!! Ӯ ҳақиқатро мегӯяду бас, коре, ки бояд ТВ ва Радиоҳои давлатӣ дар навбати аввал иҷро кунанд. Чаро инро менависам? Зеро ҳоло афроде аз Далер душман тарошиданианд.  Эй мардум! Танқид душманӣ нест! Баракс, ҷое, ки танқид метавонад баҳсҳоро ҳаллу фасл созаду танишро хатм, мову шумо аз таъриф кор мегирем. Хок бар чашми ҳукумат мо мепошем, на Далер:

 

Ба маҳфиле, ки хушомад фасонапардоз аст,

 

Зи хоб давлати бедор барнамехезад!

 

Инро ман нагуфтаам. Соиб гуфтааст. Ва дар асри 17…

 

Далер киро танқид мекунад? Фарзи мисол, «домсозон»-ро, ки мардумро фиребу ғазаби ишонро сӯи ҳукумат равона кардаанд. Блогер ин ғазабро сӯи самти асил-дастандаркори моҷаро роҳӣ сохт. Кори бад кард ё хуб? Дар 9-май хост суруди тоҷикӣ хонда, рӯҳи 300 ҳазор иштирокчии ҶБВ-ро болида созад. Ӯро провокатор ва душмани миллат ҳукм кардем?! Ё худ вақте «Облава»-ро ба намоиш мегузорад, коре мекунад, ки БОЯД журналистикаи расмӣ кунад. Зеро имрӯз аз тарси облава атфол дар гоҳвораву шаҳон дар бари тахту арӯсон зери чодар ларзонанд. Вале расонаҳои расмӣ хаппу хамӯш, гӯё коре нашудааст.

 

Руҷуъи лирикӣ: Имрӯз 1 тан сарсупурдатарин интеллигенти Тоҷикро дидам, ки дар сар андешаи гурезонидани писар ба Россияро дошт. Аз чӣ? Аз облаваи фарогир. Хеле мансаби баланд бояд дошт, то аз овозаву дарвозаи Облава бехабар бошӣ. Далер ана ҳамин фарқият ё худ ғори миёни синфи поиниву болоии ҷамъияти мо пайдошударо кафшер мекунад, гӯши додрас меҷӯяд, доди раъиятро ба ин гӯшҳо мерасонад. Ва ӯ душман аст? Агар камбуди назарраси ҷавонияшро ба назар нагирем, ки ба эҳсосот дода мешавад (ин аллакай набуди кори редаксионист! Муҳаррир надорад, чун дилхоҳ блоггер!), пас ҷоизаҳои расмиро низ бояд ба ӯ дод. Блоггерҳо барои ҳамин дар миёни авомуннос мартабаи журналист гирифтан доранд, ки ахириҳо коре назаррас намекунанд. Ва ана ҳамин «фаолони ҷамъиятӣ «блоггерҳо», «грантхӯрон» ҷои журналистонро дар ҷамъомадҳои ба гуфтаи худашон «тусовка»-и сафоратҳои хориҷӣ ишғол кардаанд. Инҳо мусиқӣ мефармоянд. ИЖТ хомӯш. Расонаҳои расмӣ хап. Мо-ғайрирасмиҳо, ки тӯли 30 сол ҳич «дӯсти ин ҳукумат» нашудем, садо барорем???

 

…Ва акнун баргардем сари Тавсиф. 300% бовар дорам, хонандаи ин сутур фикр кард, ман таърифу тавсифи ҳукуматдоронро дар назар дорам. На! Коре, ки ҳукумати марказӣ дар ин маҳдудаи озодии давлатӣ, ба вежа 3 соли ахирии бахшида ба ободкориҳои 30 солагии истиқлолият кард, ба дилхоҳ таърифу тавсиф меарзад! Касе инро надид, кӯрнамак не, кар ҳам не…кӯри модарзода аст. Гуфти бобои Ғулом «хеле паъат бошӣ», ки ин пешравиҳоро набинӣ...

 

            Мо Тавсифи бечоранолонро дар назар дорем. Имрӯз ҳар бебасаре, ки дар тӯли умри дарозу тӯлонии худ хасеро рӯи хасе барои рушди Ватан нагузоштааст,  баракаташ ҳатто ба зану файзаш ба фарзандон намерасад, забони таън гушодаву Давлати Тоҷиконро санг мезанад. Авомуннос бошад, онҳое, ки бо имзои мустаор, маъруф бо «Фейк» менависанд, аз инҳо нофи замин ва Рустами Дастон метарошанду таърифу тавсиф мекунанд. Аҳамият додаӣ, хонанда, ки дар бораи мазҳаби ҳанафия, Ватан, Миллат, Ҳукумат ва Давлати Тоҷикон 1 ҳарфи хуш нависӣ, 200 дашному сақат мешнавӣ? То-та! Ин буздилон роҳу равиши нави ҳуҷуми психологӣ «кашф» кардаанд. Баъди дашному ҳақорат даҳони патриотҳо баста мешавад. Махсус зиёиёни тарсончаки мо, ки мисли занҳои лорду графҳо «ледӣ-нозукча» шудаанд, зуд ва оҷил аз ин барномаҳо бадар мераванд. Табъи ШОН нозук будааст. Ва шумо бовар доред, инҳо, ки аз дашном метарсанд, пагоҳ силоҳ гирифтаву Давлатро ҳифз мекунанд? Ман бовар надорам! Бархе зиёиёни тоҷи маҳофили давлатӣ, чӣ расад ба ҷамъият, ки ба зану фарзанд таъсиргузор нестанд. Писаронашон ба ҷиҳод мераванду духтаронашон ниқобпӯшанд. Пас аз инҳо чӣ бӯи умед?! Ё магар намедонед, ки фарзандони бархе аз генералу сарҳангон низ сатрпӯшу ришдарозаканд? Вақте аз мардум талаб мекунед, ки сатру ҳиҷобу риш накунанд, худатон ислоҳ шавед. Ё инро ҳам Далери “душман”, Сайёфу Хуршеду Раҷабу Бахтиёру Ҷомиву Абдуқодири бе мансаб гӯяд???

 

Тавсифи ҳаққонӣ ин тандиҳӣ, ҷавонмардист. Зимнан кори дуруст, рафтори дуруст ва афроди дурустро бояд тавсиф кард. Тавсифи Далер низ аз ҷониби мо боиси пазироист. Зеро ӯ дар муддати кӯтоҳтарин беш аз 100.000 обуначӣ (подписчик) ҷамъ карда, халои телевизионӣ ва ғори миёнасинфиро пур намуд. Шахсан ман шубҳа дорам, ки бархе расонаҳои электронии расмӣ ин миқдор обуначӣ дошта бошанд. Мо надорем. Мо Метавонем!

 

Журналистикаи шаҳрвандии ғайрикасбӣ, блоггерӣ, коломунистӣ, мутаассуф ҷои журналистикаи касбиро гирифтааст. Ман борҳо гуфтаву боз мегӯям (хафа нашаванд дӯстон), агар блоггер журналист аст, пас фолбин уголовный розыску муллои дамгар врач, кампири эмгар хирург ва халифаҳои бахткушо корманди ЗАГС-анд. Ва вақте дар Рӯзи Касбии журналистикаи Тоҷик, дар рӯзи 11.03.2022, аз сӯи Вазорати Фарҳангу ИЖТ усулан ба блоггеру фаолони ҷамъиятиву коломунистҳо ҷоизаҳо ато шуд (аз тарсе, ки мабодо танқид накунанд!!!), фикр кардам, арвоҳи Лоҳутиву Латифӣ, Айниву Турсунзода, Мазҳабшоҳу Акбари Саттор комилан Тоҷикистонро тарк карданд...

 

Сахт гуфтам? Мо Метавонем!

 

 

Матлабҳои дигар