ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июн 08 2018


Хонандаи ниҳоят гиромиқадр! Нияти моҳи шарифи Рамазонро ба шумо арза медоштам. Нияти рӯза гирифтан: Ният кардам рӯзаи фарзии фардоро, ки аз моҳи Рамазон аст. Ва шомгоҳон нияти рӯза кушодан чунин аст: Парвардигоро, танҳо барои ту рӯза доштам ва ба ту имон овардам. Ва ба ту таваккул кардам ва аз ризқи додаат ифтор мекунам.
Рӯза яке аз рукнҳои асосии Ислом аст, бародарони азиз! Рӯза гирифтан дар моҳи мубораки Рамазон дар қатори намоз, закот, зиёрати хонаи Каъба ва ба забон рондани калимаи тайиба ва шаҳодат, аз ҷумлаи 5 рукни асосии Ислом аст.

Панҷшанбе, Май 31 2018



Ҳикмати Рамазон
Аз ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон чанд сухан мегӯям. Дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки рӯза бигиред, то ки аз нишоти дурӯғини нафси шайтонӣ наҷот ёбед. Вақте ки инсон рӯза гирифту ба рӯза алоқа пайдо кард ва ба он дил баст, он гоҳ кам-кам ба ботини рӯза пай мебарад. Ботини рӯза инсонро ба дидори Ҳақ мекашонад, ки Худои субҳон фармудааст: Ассавмули ва ана аҷзубиҳи. «Рӯза барои ман гирифта мешавад ва савобашро худам медиҳам».

Панҷшанбе, Май 31 2018


(идома аз шумораи гузашта)
Эмом-хатибон дар бораи Артиш мавъиза мекунанд?
- Чаро то беш аз 1000 нафарро мутаассибини ислом ба ҷанги Сурия бурда метавонанду муллову эмом-хатибони шаҳру деҳот наметавонанд, таблиғи патриотизм кардаву 30-40 нафарро ба Армияи Тоҷикистон раҳнамун созанд? Умуман, эмом-хатибони мо дар ин хусус мавъиза мекунанд?

Садриддин Имомов, ш.Душанбе

Ҷавоб:-Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи инсонӣ, имонӣ ва ҷонии ҳар як ҷавон маҳсуб мешавад. Аз ин хотир набояд интизор бошем, ки ягон нафаре моро даъват кунад ва сипас ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил шавем.

(Посух дод: Ҳусейн Шокиров, сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита)

Панҷшанбе, Май 17 2018

Хонандагони азиз! Чанд шумора пеш эълон намудем, ки мутахассисони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ омодаанд ба суолҳои хонандагони Газетаи мардумии СССР ҷавоб гӯянд. Редаксия дар тӯли 3 ҳафта тамоми арзу саволҳои аз шумо ба унвонии ин кумита ирсол гаштаро ҷамъ ва ба Кумитаи мазкур равон карданд. Мо аз Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи мазкур барои ин ҳамкорӣ арзи сипос менамоем, зеро на танҳо роҳбарияти ин ниҳод, балки тамоми кормандони он саъйю талош карданд, то ҷавобҳо дар фурсати кӯтоҳ ба дасти мо бирасанд. Мо метавонем!

Сешанбе, Фев 06 2018


Соли 2017 аз тарафи мақомот ва муассисон дар ҷумҳурӣ 1938 масҷид баста шуда, айни замон танҳо 231 масҷид тибқи қонунгузории кишвар фаъолият доранд. Дар байни масҷидҳои фаъолияташон қатъ гашта иттиҳодияҳои динӣ ва конфесияҳо низ мебошанд.
Чуноне ки Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 5.02.2018 ба хабарнигорон гуфт, айни замон дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилотҳои динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 3873 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудаанд.

СССР

Душанбе, Нояб 13 2017


Пайғамбари мо чанд фарзанд дошт?
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба домуллои гиромулқадр, устод Ҳоҷӣ Мирзо 1 саволе аз таърих дорам. Ҳазрати Муҳаммад (с) чанд фарзанд дошт, аниқтараш чанд бачча ва чанд духтар? Зеро дар ин боб ҳар кас ҳар хел андеша дорад. Аммо шумо чӣ мегӯед? Хоҳишмандам, инро сода карда фаҳмонед.

Насим Ҳоҷиев, ш.Қӯрғонтеппа

саҳ 11 аз 17

Китобҳо

Flag Counter