ХАБАРИ ДОҒ

Никоҳ бо пайванди хунӣ ҳаром аст!!!

  • Душанбе, Нояб 13 2017


Пайғамбари мо чанд фарзанд дошт?
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба домуллои гиромулқадр, устод Ҳоҷӣ Мирзо 1 саволе аз таърих дорам. Ҳазрати Муҳаммад (с) чанд фарзанд дошт, аниқтараш чанд бачча ва чанд духтар? Зеро дар ин боб ҳар кас ҳар хел андеша дорад. Аммо шумо чӣ мегӯед? Хоҳишмандам, инро сода карда фаҳмонед.

Насим Ҳоҷиев, ш.Қӯрғонтеппа

Ҳазрат 2 писару 4 духтар дошт
ҶАВОБ: Аз хонуми аввали ҳаёташон ҳазрати Хадиҷа (р.з) 2-то писар ва 4-то духтар доштанд. Писаронашон-Қосим ва Абдуллоҳ буд.
Духтаронаш-Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум, Фотима.
Аз Морияи Қибтия фарзанди дигаре дошт ба номи Иброҳим. Писарони Ҳазрат (с) дар хурдӣ ҳамаашон гузаштанд, вале духтарони Ҳазрат (с) баъди шавҳар кардан ва фарзандор шуданашон аз дунё гузаштанд.
Духтарони Ҳазрат (с) ба ғайр аз Фотима ҳама пеш аз вафоти Паёмбарамон (с) гузаштанд. Фақат Фотима баъди 6 моҳи гузаштани Ҳазрат (с) аз дунё рафт.

Бо кӣ никоҳ кардан дуруст?
Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва кулли ҳаводорони СССР! Камина 1 савол оид ба никоҳ дорам ва аминам, ки домуллои арҷманди мо, Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов посухи дурусту саҳеҳ медиҳад. Оё дар Қуръони азимушшаън сароҳатан сура ё ояте ҳаст, ки тибқи он барои никоҳ кардан киҳо дурустанд ва киҳо нодуруст?

Рамазон Акобиров, н.Лахш (Ҷиргатол)

Никоҳ бо ин тоифа ҳаром аст
ҶАВОБ: Албатта, ҳар чизе, ки хоҳем барои раҳнамоӣ дар зиндагӣ аз ин китоби Худо-Қурон онро дармеёбем. Ва посух ба ин саволи шумо дар сураи «Нисо», ояти 23 вуҷуд дорад. Аллоҳ мефармояд, ки бар шумо ҳаром ҳаст никоҳ кардани ин тоифа мардум:
1.Модаратон;
2.Духтаратон;
3.Хоҳаратон;
4.Ъаммаатон;
5.Холаатон;
6.Духтари бародаратон;
7.Духтари хоҳаратон;
8.Модари разоъиат (зане, ки ту аз вай шир хӯрдаӣ);
9.Хоҳари разоъиат (духтаре, ки ҳамроҳи вай аз 1 зан шир хӯрда бошӣ ва ин духтар барои ту хоҳари разоъиат ҳаст. Инро низ никоҳаш ҳалол нест);
10.Хушдоманатон;
11.Духтари занатон (яъне духтаре, ки аз шавҳари аввалаш бошад);
12.Келинатон;
13.Ҷамъ кардани 2, 3 ё 4 хоҳару апа дар 1 никоҳ, яъне дар ислом ҳаром аст, ки 2 ё 3 ё 4 хоҳару апаро дар никоҳ, дар 1 вақт дароварда, якҷоя бо онҳо зиндагӣ кунӣ.
Хоҳари занро ё апаи занро вақте никоҳаш дуруст мешавад, ки яке аз инҳо вафот кунад, ё яке аз инҳоро талоқ диҳӣ. Ҳатто дар шариат вақте, ки занро талоқ додӣ, хоҳар ё апаашро вақте гирифта метавонӣ, ки ъиддааш гузарад, яъне ҳамон  моҳонаи зан, ки ъиборат аз 3 ҳайз ҳаст. То моҳонаи зан нагузарад, апа ё хоҳари ӯро гирифта наметавонӣ.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter