ХАБАРИ ДОҒ

Агентҳои Кумита тӯй ба тӯй мегарданд

  • Панҷшанбе, Май 31 2018


(идома аз шумораи гузашта)
Эмом-хатибон дар бораи Артиш мавъиза мекунанд?
- Чаро то беш аз 1000 нафарро мутаассибини ислом ба ҷанги Сурия бурда метавонанду муллову эмом-хатибони шаҳру деҳот наметавонанд, таблиғи патриотизм кардаву 30-40 нафарро ба Армияи Тоҷикистон раҳнамун созанд? Умуман, эмом-хатибони мо дар ин хусус мавъиза мекунанд?

Садриддин Имомов, ш.Душанбе

Ҷавоб:-Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи инсонӣ, имонӣ ва ҷонии ҳар як ҷавон маҳсуб мешавад. Аз ин хотир набояд интизор бошем, ки ягон нафаре моро даъват кунад ва сипас ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил шавем.

(Посух дод: Ҳусейн Шокиров, сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита)

 

Агентҳои Кумита тӯй ба тӯй мегарданд
-Мегӯянд, мутахассисони Кумита, алалхусус бахши танзими анъанаву маросимҳои миллӣ рӯзҳои истироҳат тӯй ба тӯй гашта, мардумро навор мегиранд. Ба назари роҳбари Кумита ҳамин кор дуруст аст?

Сироҷиддин Тағоев, н.Кӯшониён

Ҷавоб:-Тибқи талаботи сархати якуми қисми 1, моддаи 6-и Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимӣ дар доираи ваколатҳои худ назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд. Дар сурати ошкор шудани ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонун, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ карда мешавад.

(Посух дод: Маҳмудзода Саттор, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита)


 Чанд донишҷӯи тоҷик дар кишварҳои исломӣ таҳсил доранд?
-Чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, алалхусус донишҷӯён то ба имрӯз дар кишварҳои исломӣ монда, дар мактабҳои динӣ идомаи таҳсил карда истодаанд? Дар муддати 5 соли охир чанд нафар баргаштанд ва барои баргаштани онҳо Кумита чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

Абдулҳамид Бобиев, н.Рӯдакӣ

Ҷавоб: - Аз с.2011 инҷониб беш аз 3000 донишҷӯи тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба гирифтани таълими динии ғайрирасмӣ машғул буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. То имрӯз, тибқи маълумоти мавҷуда тақрибан 300 шаҳрванди мо дар кишварҳои исломӣ машғули таълими ғайрирасмии динианд.

(Посух дод: Маъруф Шонасурдинов, мудири бахши таҳсилоти динии Кумита)

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter