ХАБАРИ ДОҒ

Рӯза ба мусулмони соҳибулақл воҷиб аст!

  • Ҷумъа, Июн 08 2018


Хонандаи ниҳоят гиромиқадр! Нияти моҳи шарифи Рамазонро ба шумо арза медоштам. Нияти рӯза гирифтан: Ният кардам рӯзаи фарзии фардоро, ки аз моҳи Рамазон аст. Ва шомгоҳон нияти рӯза кушодан чунин аст: Парвардигоро, танҳо барои ту рӯза доштам ва ба ту имон овардам. Ва ба ту таваккул кардам ва аз ризқи додаат ифтор мекунам.
Рӯза яке аз рукнҳои асосии Ислом аст, бародарони азиз! Рӯза гирифтан дар моҳи мубораки Рамазон дар қатори намоз, закот, зиёрати хонаи Каъба ва ба забон рондани калимаи тайиба ва шаҳодат, аз ҷумлаи 5 рукни асосии Ислом аст.

Рӯза ба мусулмонони соҳибулақл воҷиб аст. Оид ба фарз будани рӯза Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Аузибиллоҳи минан шайтонир раҷим. Ё айюҳа лазина оману кутиба алайкуму сиём каммо кутиба алаллазина мин қабликум лаалакун таттақун. Ин ояти 183 дар сураи Бақара аст. Яъне, эй касоне, ки мӯъмин шудаед, ба шумо ҳукм аст, ки рӯза бигиред. Ҳамон тавр ки барои пешиниёни шумо ҳукм гардид, то шояд парҳезгор шавед. Ба воситаи рӯза доштан, нафси инсон ба тарки лаззат ва хоҳишоти шаҳвонӣ одат мекунад. Он гоҳ кас метавонад аз лаззату орзуҳое, ки шаръан ҳаром аст, нафсашро боздорад. Ва ба ин восита порсову парҳезгор шавад. Аз ин рӯ дар моҳи мубораки Рамазон барои ҳар як марду зан ва духтару писари болиѓи мусулмон рӯза доштан фарз аст.

Рӯзадор аз фаҳш бигурезад!
Барои рӯзадор 2 шодмонии бузург аст, бародари азизам! Яке аз онҳо вақти кушодани рӯза ва хурсандии дигар мушоҳидаи дидори парвардигор, ки иншооллоҳ, дар охират комёб хоҳад шуд. Рӯза гирифтан сипар аст, аз расидани шарри бадиҳои шайтон дар дунё ва аз расидани оташи дӯзах дар охират. Рӯза гирифтан танҳо аз хӯрдану нӯшидан ва аз алоқаи ҷинсӣ кардан иборат нест, балки каси рӯзадор аз алфози нолоиқ, дашном, фаҳшу бешармӣ бояд худдорӣ бикунад. Агар шахсе рӯзадорро дашном диҳад, ӯ дар ҷавоб бояд бигӯяд, ки бародари азиз, ман рӯзадорам! Аз Худованд метарсам, ки бо ту мунозира кунам.
Дар ин моҳ дилозорӣ кардан ниҳоят гуноҳи бад аст. Чунончи гуфтаанд:
Моҳи Рамазон омад аз сӯи биҳишт,
Омад ба машоми мӯъминон бӯи биҳишт.
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
Не рӯи биҳишт бинаду не бӯи биҳишт.

Худованд ҳушдор медиҳад!
Дар Қуръони Карим Худованди бузург ба рӯзадорон чунин ҳушдор медиҳад: Ба шумо иҷозат дода мешавад, ки дар шабҳои рӯза ба занонатон наздикӣ дошта бошед. Онҳо либоси шумоанд ва шумо либоси онҳоед. Худованд донист, ки шумо худатонро мефиребед ва ба шумо рӯ оварду аз шумо хостори он шуд, акнун бо онҳо алоқа кунед ва он чӣ, ки Худованд ба шумо ҳукм намуда, биҷӯед. Бихӯред, бинӯшед, то ҳангоме, ки барои шумо хатти сафед ва хатти сиёҳи сапедадам ва сипас рӯзаро то шаб ба ҷо оваред. Ва бо онҳо (занонатон) алоқа накунед. Ҳангоме ки шумо парҳезкорона дар маҳалли ситоиши ҳузур варзида бошед. Чунин аст марзҳои Худованд. Бо онҳо наздик нашавед. Худованд ин гуна оёт ва нишонаҳои худро ба мардум тавзеҳ медиҳад. Шояд, ки онҳо парҳезгор шаванд. Ин дар сураи 187-уми ояи Бақара, хонандаи азизам!

Дилро аз кудурат бирӯбед!
Рӯза кори довталабона аст ва фақат Худованд метавонад, ки онро назорат бикунад. Ин кор комилан пинҳонист ва касе наметавонад онро бубинад. Рӯза дурӯягиро намеписандад. Яке аз хосиятҳои рӯза он аст, ки ҳамаи мардумро аз таъсири худ баробар месозад ва баробарии онҳоро дар муқобили Худованд хотирнишон месозад, рӯҳи худро пок мегардонад. Яъне мӯъмин дар баробари рӯза доштанаш боз забони худро аз фаҳшу дашном, ѓайбату дурӯѓ, қасами ноҳақ, бӯҳтон, нигоҳ медорад. Ҳушашро бояд аз шунидани ѓайбат, суханҳои бемаънӣ ва алфози бад нигоҳ дорад. Дар рӯза ба сӯйи номаҳрамон ба назари шаҳват нигоҳ накунад ва дар дил ба касе кинаву кудурат ва нияти бад нанамояд. Вагарна аз субҳ то шом гуруснаву ташна гаштани рӯзадор фоидае надорад. Мисли гови даҳонбаста аст ӯ.
Яке аз хосиятҳои моҳи шарифи Рамазон ин аст, ки ба мустаҳкам шудани иродаву имони инсон мусоидат менамояд. Инсон маҳз ба хотири ризогии Худованд худро аз хоҳишоти нафсонӣ-хӯрдан, нӯшидан, алоқаи ҷинсӣ кардан, носу сигор кашидан, дашном додан, нигоҳ медорад. Ба ин васила рӯзадор хоҳад фаҳмид, ки азоби гуруснагиву ташнагӣ чист. Аз ин рӯ вай ба қадри камбаѓалу бечорагон мерасад. Пас маълум мешавад, ки рӯза дар инсон некӣ кардану инсондӯст буданро парвариш мекардааст.

Дар ҳар узве Рӯза ҳаст!
Ва моҳи шарифи рӯзаи Рамазон бо мову шумо алвидоъ мегӯяд. Пас мӯъминонро бояд, ки ҳаққи моҳи Рамазонро нигоҳ доранд, зеро ки рӯза дар чашм аст, дар забон аст, дар дасту по аст. Рӯзаи забон он аст, ки нохӯрданӣ нахӯрад ва ногуфтанӣ нагӯяд. Ва рӯзаи дар даст он аст, ки ногирифтанӣ нагирад. Ва рӯзаи дар пой он аст, ки қудумро дар ҷои нолоиқ набарад. Ва ҳамчунин дар ҳар узве рӯза ҳаст.
Ҳар узвро ба яқин дон, ки рӯза аст,
То рӯзаи ту рӯза бувад назди кирдигор.

Давом дорад

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter