ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июн 03 2016

Адвокат Талбон Сафаров, аз ноҳияи Вахш дар меҳмонии СССР роҷеъ ба тақдири зиндониҳои озодшуда гуфт, ки Сарвари кишвар борҳо таъкид намудаанд, ки мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳо аз шахсони тасодуфӣ тоза карда шавад.

Сешанбе, Май 31 2016

Узви Ихвон-ал-СССР Ҳоҷӣ Олим Алимзода, сокини деҳаи Ҳайронбеди ноҳияи Айнӣ дар меҳмонии СССР 2 мактуби акояш-Ҳоҷӣ Мирзоро супурд ва гуфт: «Дар 3 шумораи СССР андеша ва ё номаи давомдори бародари гиромӣ-Комрони Далер, аз ш.Қӯрғонтеппа нашр шуд. Ӯро хонда гуфтам, шарм надошта, бархеҳо аз хориҷи кишвар истода танқид мекунанд, ки дар Тоҷикистон Озодии матбуот нест. Агар озодии матбуот намешуд СССР чунин матолиби баҳсбарангезро чоп намекард! Ман ҳам бо баъзе андешаҳои Комрон розӣ нестам, аммо ба ҷасорати ӯ бояд қоил шуд. Дуруст, баҳси динӣ бисёр хатарнок аст, дар мавриде, ки имрӯз мутаассибон назар ба 200 соли пеш хело зиёданд, вале камбудиҳоро бояд гуфт. Ба ҳар сурат, ба Комрон офарин мегӯям, ки ин қадар ҷуръат карда, бо нома ба Эшони Нуриддин муроҷиат намудааст. Офарин!!!

 

Душанбе, Май 30 2016

Мирзо Солеҳи Саидзода, аз деҳаи Лавобаи шаҳри Кӯлоб (тел: 98 532 85 75) меҳмони СССР шуд ва гуфт, ҳоло бархе аз пеши худ бо таърифи собиқ СССР нисбати ободиҳои имрӯза гапҳои носазо мегӯянд. Ман ин суханҳоро ҳам мешунавам ва ҳам дар матбуоти даврӣ мехонам. СССР давлати хуб буд, вале ин ҳама ободиву созандагиро дар 25 соли соҳибистиқлолӣ надидан дар намакдон туф кардан аст. Шахсан барои ман барҳам задани бенизомии баъдиҷангии соли 1992 ва пойдории сулҳ аз ҷониби Э.Раҳмон 1 давлати бузург аст. Ба ин ҷасорати Ӯ бояд тан дод, агар мардем!!! Бовар кунед, бо кӯмаки заҳмату шабонарӯзии президенти кишвар Э.Раҳмон сар аз барпосозии сулҳу субот то сохтмонҳои нақбу ГЭСҳо худ гувоҳанд, ки тибқи шиори СССР исбот кардем: Мо Метавонем! Кӯшишу талошҳои президентро дида, рӯзе бадоҳатан барои Ӯ гуфтам:

Биёед камари ҳиммат бари Эмомалӣ бандем,

Ватанро аз ҳама ободтару созанда гардонем!

 

Ҷумъа, Май 27 2016

Узви Ихвон-ал-СССР, Холматҷон Исмоилов, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Саноӣ-32-8/А (тел: 93 503 06 71) меҳмони гиромии СССР шуд ва гуфт, ки дар ҳамин шумораи СССР матлаби «Сарбадорони Канди Бостон» ва «Мурғ»-ро хонда, хело хушам омад.

Сешанбе, Май 24 2016

Намоз Қурбонов, сокини ҷамоати «Деҳқон-ариқ»-и ноҳияи Фархор (тел: 907 55 19 79, 553 55 94 94) дар даст 1 бастаи ҳуҷҷатҳо меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки маро баландшавии оби заҳбур ва вайрон шудани экология ба редаксияи СССР овард.

Душанбе, Май 23 2016

Алимаҳмади Раҳмониён, сокини деҳаи Гулрези ноҳияи Хуросон (тел: 919 04 36 78) меҳмони СССР шуд ва гуфт, 1 сол боз дари қабули раиси вил.Хатлон ва Прокурори генералӣ ба рӯям бастааст.

саҳ 57 аз 62

Китобҳо

Flag Counter