ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 06 2017

Мушкинисои Сафар, донишҷӯи курси 4-уми факултаи журналистикаи ДМТ (тел: 98 810 20 93), сокини н.Лахш (Ҷиргатол) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки шояд ноҳияи мо дар Тоҷикистон ягона минтақае бошад, ки деҳоташ ба пайвастшавии марказ роҳи мошингард надорад!!! Барои мисол, деҳаи ман-Сугат роҳи мошингард надорад, ки то ба маркази ноҳия биравем. Роҳи мошингари деҳа то пеши дарёи Сурхоб асту бо ҳамин тамом! Роҳи боқимондаро мардум аспакӣ тай мекунанд. Ва аз болои Сурхоб 1 пуле низ мегузарад, ки бо он низ фақат пиёда мегузарӣ, бо мошин намешавад! Мо мушкили бероҳиро дар давраи шӯравӣ аслан надоштем. Аз ин мушкили 4-5 солаи мо ҳамаи раисони ҷамоатҳо, деҳаҳо, то раиси ноҳия дарак доранд, аммо барои ислоҳи камбудӣ тамоман фикр намекунанд!!! Ва тамоми руасои собиқи ноҳия низ аз ин проблема 100% огаҳ буданд, лек ягон кӯшише барои ободӣ накарданд! Тасаввур кунед, ки дар зимистони сербарфи ҳаминсола роҳи Сугат бо маркази ноҳия барои 2-3 моҳ комилан баста буд: Мисли тунели Анзоб!!! Ҳатто роҳи пиёдагузар низ маҳкам буд! Аммо ба кӣ мегӯӣ, вақте мушкилро мебинанду аз рӯи виҷдони худ амал намекунанд???

Душанбе, Фев 27 2017

Мухлиси доимии СССР-Асадуллои Бохтарӣ, аз ноҳияи Бохтар (тел: 98 703 57 73) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман ба таваҷҷӯҳи муфтӣ ва Шӯрои уламо  гуфтанӣ дорам. 5 сол пеш 1 омӯзгори яке аз Донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ ба ҳаҷ рафт. Хонааш рафтам, барои зиёрат. Нохост наберааш игрушкаҳои хирсаку сагчаро бозикунон наздамон омад. Инро дида ҳоҷӣ Олим сӯи занаш дод зад: «Чаро бозичаҳоро аз балкон напартофтӣ?» Аз ҳоҷӣ пурсидам, ки чаро партояд? Гуфт: «Дар Арабистон раҳбалади мо гуфт, ки бозичаву расмҳо макрӯҳанд ва ин игрушкаҳо дар асри 7 набуданд! Агар дар хона игрушкае бошад фариштаҳо намедароянд…». Ба ӯ гуфтам, «ин хел бошад ҳамаи игрушкаву ашёҳои хонаатро дар 1 халта бор кун, ман хонаам мебарам. Инчунин, телефону ТВу радиоро чӣ кор мекунӣ, охир, инҳо дар асри 7 набуданд-ку!». 100 афсӯси УСТОДе, ки дар 2 рӯзи ҳаҷ 1 араби аблаҳ гумроҳаш месозад! Пас чӣ ҷои гила аз авом? Болои ин, муфтии мо Рӯзи Ошиқон-День Валентиноро манъ кардааст! Ба инаш чӣ мегӯӣ? Охир, мо дар симои шумо 1 пешоҳангро мебинем ва ба ҳар ҳарфи шумо бовар дорем! Пас моро гӯл назанед!!! Ин чӣ маънӣ дорад, ки вақте ба 1 автои аврупоӣ савор шуда, бо телефони амрикоӣ гап зада, то масҷид меоеду дар минбари хитоӣ...ҳамаро макрӯҳ меномед?

 

Ҷумъа, Нояб 04 2016

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР-Зиёвуддин Абдуллоевич Ҷамолов, муаллим, сокини деҳаи Хулозии ноҳияи Нуробод (тел: 918 18 36 74) дар меҳмонии СССР гуфт, солҳои тӯлонист, ки мардуми ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи мо дар 2 фасл-зимистону баҳор ба мушкилоти сахти иҷтимоӣ дучор мешаванд. Зимистон аз барф, дар баҳор аз борону селу санг. Дар натиҷаи барфу борон роҳҳо комилан то чанд ҳафта баста ва рафтуомад қатъ мегардад. Ман ба вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Шералӣ Ганҷалзода илтимоси бародаронаи муҷихарфиҳоро мерасонам, ки барои бартарафсозии ин проблемаи мардум ба аҳолии деҳа 1 адад техника-трактори роҳтозакунӣ кӯмак кунанд. Агар ҳамин трактор бошад дигар мо-сокинони Муҷихарф 100% имкон ва шароити тракторро бо сӯзишворӣ таъмин кардан дорем. Яъне ин ҷо ягона мушкил набудани трактор ё булдозер аст. Аз ин мушкилоти чандинсолаи Муҷихарф  раҳбарияти ноҳия 100% огаҳ аст, аммо барои аз байн бурдани он ягон чорае намеандешанд. Вагарна барои ба вазир муроҷиат кардани мо ягон ҳоҷате набудӣ…

 

Ҷумъа, Окт 28 2016

Зулфиқори Исмоилиён-журналисти собиқадор ва коршиноси масоили иқтисодӣ, ки бо назари хоси худ маъруфу маҳбуб аст, меҳмони газетаи СССР шудаву гуфт, мехоҳам дар бораи масоили мубрами рӯз сӯҳбат кунам. Имрӯз овозаву дарвоза мекунанд, ки Ширкати Барқи Тоҷик ва хукумати ҶТ барқпулиро баланд бардоштаниянд. Дуруст аст, ки ман низ тарафдори чунин кор нестам. Вале бояд ба мардум 1 шигифтии масъаларо равшан кард, ки гуфтаанд, каҷ шину рост гӯй. Ҳаққи хизматро дар ин самт на Ҳукумат ва на ширкати Барқи Тоҷик, ки Бонки ҷаҳонӣ баланд мебардорад. Кӯтоҳ мефаҳмонам: Бонки ҷаҳонӣ барои реформаву рушди соҳа пул ҷудо кардааст ва аллакай 6 сол пеш муайян карда буд, ки дар соли 2016 нархи барқ бояд чанд сомониро таъсис диҳад. Дигар мо хоҳем-нахоҳем нарх боло меравад! Ин Бонк мехоҳад бар ивази кӯмакаш нархномаро то сатҳи аврупоӣ бардорад. Ҳадафаш маълум аст: таҷдиди сохтор, кӯмак ба соҳа, вале пулро низ бояд гирад охир. Зимнан бо дархости Бонки ҷаҳонӣ нархи барқ боло меравад, на ҳукумат ва на ширкати Барқи Тоҷик. Мардум инро бояд донад. Вале пули ҷудошудаи ин Бонк то куҷо дар самти лозима харҷ мешавад, тамоман баҳси дигар аст, ки мо сари он низ рӯзе сӯҳбат мекунем. Мо метавонем!

 

Ҷумъа, Окт 14 2016

Узви Ихвон-ал-СССР, Шамс Зариф, сокини ноҳияи Восеъ (тел: 95 190 50 82) бо 1 баста ҳуҷҷатҳо меҳмони газетаи СССР шуд ва гуфт, ки ман ҳамчун ҷонишини раҳматӣ Рустами Абдураҳим-ҷамъияти сиёсии «Ошкоро», ромишгари маъруфи Тоҷик, то ҳол дар зодгоҳам ягон ҳуқуқ надорам. Мехостам, ки дар ҳамин сафари президент дар ноҳия (3.10.2016) бо Ҷаноби Олӣ вохӯрам ва арзамро гӯям, аммо пеши роҳамро гирифтанд. Онҳо аввал ҳуҷҷат, ё даъватнома талаб карданд, дар посух риши сафедамро нишон дода гуфтам, ки ҳамин риши сафедам барои ту ҳуҷҷат аст. Охир, ман низ мисли дигар шаҳрвандон андеша ва хостаҳои худро дорам ва ҳақ ҳам дорам, ки бо президент вохӯрам, зеро дар қатори садҳо сокинон дар интихоботи президентӣ ба ӯ овоз додаам. Яъне ман ҳуқуқ дорам, ё не? Ҳол он ки ман дар сӯҳбат бо Президент фақат 1 ҷумла гуфтаниям: «Исмоили сонӣ туӣ!» Тамом. Баъд аз баромад, фақат мегуфтамаш, ки «аммо баъдаш…»-ро дар сӯҳбати рӯ ба рӯ хоҳам гуфт. Ман дар ҳайратам, ки чаро ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои дидори сокинони бумӣ бо президент монеа мешаванд? Онҳо аз чӣ ва аз кӣ метарсанд?

 

Ҷумъа, Окт 07 2016

Шӯҳрат Шамсиддинов (тел: 918 85 82 79), сокини маҳаллаи Деҳотӣ, мкр.46, ноҳияи Фирдавсӣ дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман 1 эълон дорам. Зафар Каримҷонович Шамсиддинов, (соли таваллудаш 28.05.1984) соли 2007 барои бо мақсади муздурӣ ба Русия рафтан аз хона баромад ва дигар барнагашт. Ӯ ҳамроҳ надошт ва тани танҳо ба сафар баромад. Аз он рӯз то ҳол ягон бор ба мо занг назадааст. Ягон гапу хабар низ дар борааш нест. Акаам оиладор набуд ва забони русиро хело хуб медонист. Мо дар хона ҳамагӣ 2 писар будем. Ӯ қабл аз ин, соли 2003, вақте модарам бандагӣ кард, дар Русия қарор дошт ва ба ҷанозаи очаам омада буд. Яъне таҷрибаи муздурӣ дошт. Аз ҳамаи хонандагон ва мухлисони газетаи дӯстдоштаам-СССР бо эҳтиром хоҳиш дорам, ки агар дар бораи акаам-Зафарҷон ягон маълумоте дошта бошанд, ба ман занг зананд. Ва 1 хоҳиши дигар. Агар имкон бошад ин матлабро дар сайти газетаи СССР низ гузоред, зеро то ҷое медонам, сайти СССР дар Русия низ мухлиси зиёд дорад. Ман умедворам, ки ба воситаи СССР акаамро меёбам.

 

саҳ 52 аз 62

Китобҳо

Flag Counter