ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Сен 23 2016

Додобоева Роҳила Абдураҳимовнаи 67-сола, сокини шаҳри Душанбе (тел: 907 76 94 03) мутахассиси фармасевтика дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман 12 сол дар ҶДММ «ФАРМ-Инвест» ба ҳайси доруфурӯш кор кардаам. Соли 2014 ба нафақа баромадам ва дар ин замон ин ширкат 3 соли маро кам мекунад, яъне аз нафақаи ман 3 солашро медуздад. Дурусттараш, дар дафтарчаи меҳнатӣ ба ҷои 12 сол, 9 сол менависанд. Болои ин ҳама 1,5 соли кории маро дар дафтарчаи муҳосиботии ширкат қайд накардаанд. Ин ҷо гап сари андоз меравад. Яъне, ҶДММ «Фарминвест» (раҳбараш Ҷамиев Шамсиддин) аз тарси пинҳон кардани даромад ва пардохти андоз собиқаи кории маро дар ҳуҷҷатҳо нанавиштааст ва нафақаи маро дар 2 соли охири корӣ аз 885 то 500 сомонӣ фаровардаанд. Ҳоло он, ки ман ҳатто дар рӯзҳои истироҳат дам нагирифта, кор карда будам ва аксарияти мардум шоҳиданд, ки дар 1 рӯз чанд соат кор мекардам. Ҳоло ман аз болои ин амали ғайриқонунии ширкати мазкур ба суд муроҷиат карданиам. 

 

Чоршанбе, Сен 14 2016

Узви Ихвон-ал-СССР, Меҳронаи Шавкат, сокини ноҳияи Шаҳритус дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Мардуми мо медонанд, ки исрофкорӣ ҳаром аст, аммо бо вуҷуди ин дидаву дониста даст ба «ҳаромкорӣ» мезананд. Баъди ҳар ид аз назди чанд нуқтаи мусорпартоӣ мегузарем ва мебинем, ки шаҳрнишинон дастурхони идонаи худро оварда партофтаанд. То ҳатто нону тарбуз ва озуқавории бутуну ношикаста ва дастнорасидаро дар мусор мерезанд. 2.Тахтасанг ё кафелҳои «подземка»-и чорроҳаи бозори Саховат меҷумбанд ва инро ҳангоми роҳ гаштан ҳис мекунед ва мебинед. Ҳатто аз гузаргоҳи самти ҷанубӣ 1 кафели паҳлӯиро канда бурдаанд ва ҷояш намоён аст. Ин ҳолатро дар «подземка»-и Маркази савдои Садбарг низ дидам. Дар даврони собиқ Шӯравӣ кафелҳоро рӯи замин тарзе мечиданд, ки на дар барфу борон зиён медид, на касе ҳатто бо белу каланд метавонист биканад. Кафелҳои имрӯза дар 1 бориши барфу борон мисли рег мешаваду нопадид ва ҳатто бо даст кандан ҳам мумкин.

 

Сешанбе, Сен 06 2016

Узви Ихвон-ал-СССР, Сайвалӣ Шерализода, омӯзгор аз ноҳияи Варзоб дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки мехоҳам дар бораи инсофи таксиронҳо бигӯям. Вақтҳои охир шамоли нарху наво на танҳо дар бозор, балки ба ронандаҳои таксӣ ҳам таъсир  расонд. Дар ҳар ид аксарияти мусофирони хатлонӣ ба ноҳияҳои вил.Хатлон аз истгоҳи сунъии бозори «Саховат» мераванд. Ман бо чашми худ дидам, ки ронандаҳо барои клиент байни якдигар дашном чӣ, ки ҳатто ҷангу хархаша мекунанд. Инаш ҳам ба хайр. Ҳар замон, 1 рӯз пеш аз ид нархи роҳкирои Душанбе-Куйбишев (н.А.Ҷомӣ) 20 сомонӣ мешавад, ҳол он ки дар рӯзҳои муқаррарӣ 10-12 сомонист. Ронандаҳо ҳатто ба зораю таваллои пирону занон аҳамият намедиҳанд. Хуллас, бо машаққате 4 нафар дар 1 мошин нишаста, бо 10 сомонигӣ ба н.А.Ҷомӣ рафтем. Ронандаи мо-Лутфия Қурбонова аввалин ронандазан аз ин ноҳия буда, фақат дар фикри савоб аст ва барояш пул муҳим нест. Воқеан, солҳои пеш Лутфияро дар деҳа таъна мезадаанд, ки наход зан ронанда шавад. Аммо ронандагӣ барои Лутфия касби авлодист. Вале гап сари ин аст, ки чаро мақомот аз болоравии роҳкиро андеша намекунанд?

 

Ҷумъа, Авг 26 2016

Муаллимаи собиқадор аз фанни математика барои синфҳои ибтидоӣ, муаллифи чандин китоби дарсӣ-Очаҷон Шуайбова, аз шаҳраки Қистакӯзи вил.Суғд (тел: 92 754 14 98) дар меҳмонии СССР гуфт, ки 2 гуфтанӣ дорам. 1.Газетаи СССР аз он ҷиҳат сахт писандам аст, ки Владимир Илич Ленин-доҳии пролетариати ҷаҳон барои камбағалон давлат, замин ва дониш дод! Тасаввур мекунед, бо барпо кардани 1 инқилоб 1 давлати кабирро аз бойҳо кашида гирифта ба дасти камбағалҳо дод. Инқилоби Октябр 99-сола шуд, аммо то ҳол ман пайрави ақидаҳои Ленин ҳастам. Ман дар давлати демократӣ зиндагӣ дорам, аммо мисли сотсиализм ягон вақт мо соҳиби сохт намешавем. Одам аз он беҳтарашро надидааст ва ҳам намебинад! Дар давлати барпокардаи Ленин ҳама баробар буд. 2.Ҳамин дирӯз маро Вазорати маориф ва илм барои таҳрири 1 китоби дарсии фанни математика даъват кард. Даъват карду роҳкироямро надод. Мани пир 100 сомонӣ хароҷот карда, аз худи Хуҷанд ба Душанбе омадам. Ин магар айб нест? Аҷибаш ин аст, ки Вазорати маориф 4000 сомониро ҳамчун «гонорар» барои 1 китоби дарсӣ ба 7 муаллиф тақсим кардааст. Ҳисоб кунед, ки он ба 1 нафар чанд сомонӣ мерасад…

 

Душанбе, Авг 22 2016

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Ҳоҷӣ Нуриддини Хайриддин, сокини ноҳияи Сино (тел: 919 19 02 18) дар меҳмони газетаи СССР гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР хондам, ки Назрулло Тиллоев-корманди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон доир ба дуздии ширкати мобилии Вавилон андешаи худро баён доштааст. Хуб, ман чӣ гуфтаниям? Дуздиҳои ширкатҳои мобилӣ давом дорад ва давом хоҳад кард. Зеро ман ягон вақт ва дар ягон нашрияи даврӣ нахондаам, ки масъуле аз ширкати мобилӣ доир ба шикояти муштариёнаш дар матбуоти даврӣ посух дода, бахшиш пурсида ва ҷуброни зарарро баргардонида бошад. Аз ин рӯ, камина 1 пешниҳод дорам: Конкурси «РССТ-муаммои накшода»-ро барҳам дода, дар ҷояш 1 рубрика ё гӯшаи навро бо номи «Кадом ширкати мобилӣ баланси шуморо медуздад?» ташкил кунед. Баъд мебинем, ки чӣ қадар ҷабрдидаҳо доир ба дуздиҳои баланси телефонашон хоҳанд навишт. Шахсан аз телефони ман чанд вақт пеш 5 сомониро дуздиданд. Аммо ба кӣ мегӯӣ??? Чаро мақомоти қудратӣ раҳбарияти ширкатҳои мобилиро ҷарима ва ҷазо намедиҳанд???

 

Ҷумъа, Авг 05 2016

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Қутбиддин Ашуров, сокини деҳаи Гули Сурхи ноҳияи Ваҳдат (тел: 907 73 18 00) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки духтари ман, муаллима Моҳира Ашӯроваи 26-сола, 1 сол пеш ба садама дучор шуд ва пои чапаш шикаст.

саҳ 53 аз 62

Китобҳо

Flag Counter