ХАБАРИ ДОҒ

«Фирӯза» зиндагии моро барҳам задааст!

  • Сешанбе, Май 24 2016

Намоз Қурбонов, сокини ҷамоати «Деҳқон-ариқ»-и ноҳияи Фархор (тел: 907 55 19 79, 553 55 94 94) дар даст 1 бастаи ҳуҷҷатҳо меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки маро баландшавии оби заҳбур ва вайрон шудани экология ба редаксияи СССР овард.

Дар натиҷаи нодуруст кандани ҷӯйбори назди замини хоҷагии деҳқонии «Фирӯза», ки дар паҳлӯи хонаам аст, 2-3 сол боз аз ҳавлии сокинони атроф оби ифлоси зеризаминӣ берун ҷаҳида, рӯзгори моро барҳам задааст. Аз сабаби ба вуҷуд омадани заҳ-оби зеризаминӣ деҳқонӣ ва кулли дарахтони мо хушкид. Ман ин мушкилро сар аз раиси ҷамоат то раиси ноҳия-Раъно Мирзоева бо мактуб бардоштам, аммо ягон натиҷа нест. Мирзоева ба раиси «водхоз»-и ноҳия Аҳмад Нуралиев супориш дод, ки ин масъаларо зуд баррасӣ кун. Аммо Нуралиев гуфт, «ба куҷое метавонӣ, рав, муроҷиат кун, аз дасти ман чизе намеояд». Абдулғанӣ Маҳмадалиев-раҳбари хоҷагии деҳқонии «Фирӯза» 100% имконият ва шароити аз байн бурдани оби шӯри зеризаминиро дорад, аммо намекунад. Аз Раъно Мирзоева эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ҳалли ин мушкилро шахсан зери назорат бигирад, зеро бовар дорам, ки раиса аз хонандагони доимии СССР аст.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter