ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 14 2017

 
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як соҳибкори тоҷик 20 номгӯйи моли қочоқро ошкор карданд.
Зимни дастгиршавӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд О. М. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ «Тозагии савдо» баромад намуда, даст ба содир намудани ҷиноят задааст. Ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки қочоқ- интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ, бидуни назорати гумрукӣ, пинҳонӣ бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ ва декларатсия накардани онҳо ошкор гардид.
Шаҳрванд О. М. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон барои ба мақсади ба даст овардани даромади муфт, дар асоси ваколатномаи №30 аз 25 - уми марти соли 2017 ба ҳайси намояндаи ҶДММ «Тозагии савдо» баромад намуда, ба номи ҳамин ҷамъият аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 6 вагон зиёда аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи мардум аз қабили чой, ҳалво, кафел, сару либоси мардонаву занона, қолин, гранул, селофани полиэтиленӣ ва ғайраҳоро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

 
 Ӯ бо роҳи фиреб дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ ҳисобнома ва декларатсияи транзити дохилӣ зиёда аз 20 номгӯйи молро бо вазни умумии 320 ҳазору 628 килограмм нишон дода дар дидбонгоҳи гумрукии «Регар» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода декларатсияҳои бори гумрукии дар боло дарҷгардидаро тартиб додааст. Дар натиҷа қатораҳои мазкур аз тарафи кормандони гумрук боздошт карда шуда, ба дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе 1» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе барои нигоҳдорӣ интиқол дода шуданд.
 Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумрук арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд О. М. ба маблағи умумии 2 миллиону 590 ҳазору 607 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳаракатҳои ғайриқонунии номбурдагон ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд О. М. бо моддаи 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои тафтишот ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуд.
 
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, Июн 12 2017


Рӯзи 3.06.2017,  тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ба самти ҷамоати шаҳраки Сомониён, дар ҳудуди деҳаи Табибони н. Рӯдакӣ, писарбачаи 2-солаи сокини деҳаи зикргардидаро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бо рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, муттаассифона, писарбачаи хурдсол, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Чуноне ки дар дафтари матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР гуфтанд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи фирории автомашинаи тамғаи “Портер”, марди 31-солаи сокини н. Рӯдакӣ дастгир гардид.  Айни замон дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома дорад.


СССР


Чоршанбе, Июн 07 2017


Додгоҳи вилояти Хатлон Расулҷон Бухориев-сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии н.Ҷайҳун (Қумсангир)-ро барои он ки дар саҳифаи сайти интернетии «Одноклассники»-и худ беш аз 10 акси парчами ДИИШ-ро гузошта, ақидаҳои "Давлати исломӣ"-ро дастгирӣ мекардааст, ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. "Бухориев Расулҷон бо он ки фаъолияти равияи "Салафия" ва гуруҳи "Давлати исломӣ" дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ ва ҳатто террористию ифротгароӣ эълон шудааст, аммо баъзе аз наворҳои ин созмонҳоро ба телефонҳои дигарон гузарондааст" омадааст дар баёнияи Суди вилоят.
Бухориев ҳангоми дар «Одноклассники» будан ақидаҳои ташкилоти экстремистию террористии «ДИИШ»-ро пазируфта, баъди қабул намудани ин ақидаҳо бо мақсади ташвиқу тарғиботи фаъолияти ташкилоти барҳамдодашуда ё манъкардашуда ӯ дар саҳифаи «Одноклассники»-и худ ДИИШро пайваста таблиғ мекардааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ин ҷавон тариқи интернет ба ақидаҳои салафия гаравида, 1 барномаи телевизиониро, ки зидди сиёсатҳои кунунии Тоҷикистон намоиш пахш мекард, пайваста тамошо мекардааст.
Бухориев аввали моҳи декабри с.2016 аз ҷониби КДАМ дар н.Ҷайҳун боздошт шудааст. Хонаводаи ӯ аз сӯҳбат худдорӣ мекунанд, аммо додгоҳ мегӯяд, ки вай қисме аз иттиҳомотро дар мурофиа эътироф кардааст. Судяи суди вилояти Хатлон Олимзода Улфат нисбати Бухориев Расулҷон бо моддаҳои 307-1 қисми 2 ва 307-3, қисми 2 КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 7 солу 6 моҳ бо адо кардани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш шадид таъйин намуд.
Яке дигар аз онҳое, ки имсол ба зиндон маҳкум шуд, Муҳаммадсолеҳ Бобоев-сокини ҷамоати "Бохтариён" аст, ки ӯро дар Молдова боздошт кардаанд ва ба Тоҷикистон супурдаанд. Ӯ гӯё эътироф кардааст, ки мехост, аз Молдова ба Туркия ва сипас ба Сурия биравад. Бобоевро моҳи апрел аз Молдова ба Тоҷикистон оварданд ва ӯ моҳи май 10 сол ба зиндон маҳкум шуд. Ин сокини ноҳияи Бохтар дар шаҳри Екатеринбурги Русия зиндагӣ карда, мубаллиғони ДИИШ ӯро ба домашон андохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ифротгароӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти миллии кишвар ва Хатлон яке аз осебпазиртарин минтақаҳо дар баробари ин зуҳурот аст. Соли 2016 дар вилоят беш аз 300 парвандаи ҷиноии вобаста ба терроризм ва ифротгароӣ боз шудааст.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Сешанбе, Июн 06 2017


Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо кормандони гумруки Мурғоб, дар дидбонгоҳи гумрукии Қизил-Арт воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи УАЗ - 469, рақами қайди давлатиаш 06 КG 725 АА таҳти идораи ронанда О. А., соли таваллуд 1969 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқомакунадаи ноҳияи Мурғоб боздошт гардид.
Чуноне ки маркази матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттиллоъ медиҳад, дар вақти гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 720 адад шишаи (0,5 литр) арақи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон тамғаи «Русская водка» дарёфт ва мусодира карда шуд. Санҷиш муйаян намуд, ки машруботи спиртии мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон М. А., ки ҳоло дар шаҳри Хоруғ муваққатан истиқомат дорад, тааллуқ дошта ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молро надоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур мувофиқи талаботи моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


СССР


Душанбе, Июн 05 2017

Аз додгоҳи вилояти Хатлон ба СССР гуфтанд, ки аз ҷониби додситонҳои шаҳру навоҳӣ ва додситони вилоят, аз аввали соли ҷорӣ 28 парвандаи ҷиноӣ, ки хусусияти террористию ифротгароӣ доштааст, ба онҳо расидааст. Сайфиддин Муҳиддинзода-муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, ки аз 28 парвандаи хусусияти террористию ифротгароидошта 20-тои он баррасӣ шуда, 8 парвандаи ҷиноӣ дар дасти баррасии додгоҳ қарор доштааст. Тибқи иттилои расмӣ ин афрод дар соли гузашта аз ҷониби мақомотҳои шаҳру навоҳӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо аъзои "Давлати исломӣ" тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шудаанд ва чанд нафари дигараш аз шаҳрҳои Русия баъди боздошташон оварда шудаанд. Расулҷон Раҳимов-сокини 24 солаи ҷамоати деҳоти Дӯстии н.Ҷайҳунро барои он, ки дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» беш аз 10 акси парчами сиёҳи ДИИШро гузошта, ақидаҳои ИГИЛро дастгирӣ мекардааст, барои 7 солу 6 моҳ равонаи зиндон намуданд. Тибқи иттилои додситони вилоят, дар 1 соли гузаштаи 2016 дар шаҳру навоҳии Хатлон беш аз 300 парвандаи хусусияти террористию экстремистидошта боз шудааст.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Душанбе, Июн 05 2017


Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Қӯрғонтеппа ҷаласаи ғайринавбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Мавзӯи Шуро «Оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон дар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистидошта» буда бо маърӯзаҳои худ роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр-Азимзода Назир, прокурори шаҳр-Сафарзода Баҳриддин, сардори ШКВД дар шаҳри Қӯрғонтеппа-Исозода Набиҷон ва намояндагон аз Кумитаи амнияти миллӣ ва аз Прокуратураи вил.Хатлон баромадҳо намуда, оид ба пешгирии чунин ҷиҳатҳои характери террористиву экстремистидошта таклифу пешниҳодҳои мақсаднок намуданд. Вохӯрии гуруҳи кории мақомоти қудратӣ ва ҳукумати ш.Қурғонтеппа дар масҷиди ҷомеъ, дар маҳаллаи «Ҷалилов» барпо шуд. Ҳозирин ба сухан баромада дар бораи терроризм, экстремизм ва ба амалҳои номатлуб даст задани ҷавонон ибрози андеша намуданд.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

саҳ 47 аз 83

Китобҳо

Flag Counter