Додгоҳи вилояти Хатлон Расулҷон Бухориев-сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии н.Ҷайҳун (Қумсангир)-ро барои он ки дар саҳифаи сайти интернетии «Одноклассники»-и худ беш аз 10 акси парчами ДИИШ-ро гузошта, ақидаҳои "Давлати исломӣ"-ро дастгирӣ мекардааст, ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. "Бухориев Расулҷон бо он ки фаъолияти равияи "Салафия" ва гуруҳи "Давлати исломӣ" дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ ва ҳатто террористию ифротгароӣ эълон шудааст, аммо баъзе аз наворҳои ин созмонҳоро ба телефонҳои дигарон гузарондааст" омадааст дар баёнияи Суди вилоят.
Бухориев ҳангоми дар «Одноклассники» будан ақидаҳои ташкилоти экстремистию террористии «ДИИШ»-ро пазируфта, баъди қабул намудани ин ақидаҳо бо мақсади ташвиқу тарғиботи фаъолияти ташкилоти барҳамдодашуда ё манъкардашуда ӯ дар саҳифаи «Одноклассники»-и худ ДИИШро пайваста таблиғ мекардааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ин ҷавон тариқи интернет ба ақидаҳои салафия гаравида, 1 барномаи телевизиониро, ки зидди сиёсатҳои кунунии Тоҷикистон намоиш пахш мекард, пайваста тамошо мекардааст.
Бухориев аввали моҳи декабри с.2016 аз ҷониби КДАМ дар н.Ҷайҳун боздошт шудааст. Хонаводаи ӯ аз сӯҳбат худдорӣ мекунанд, аммо додгоҳ мегӯяд, ки вай қисме аз иттиҳомотро дар мурофиа эътироф кардааст. Судяи суди вилояти Хатлон Олимзода Улфат нисбати Бухориев Расулҷон бо моддаҳои 307-1 қисми 2 ва 307-3, қисми 2 КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 7 солу 6 моҳ бо адо кардани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш шадид таъйин намуд.
Яке дигар аз онҳое, ки имсол ба зиндон маҳкум шуд, Муҳаммадсолеҳ Бобоев-сокини ҷамоати "Бохтариён" аст, ки ӯро дар Молдова боздошт кардаанд ва ба Тоҷикистон супурдаанд. Ӯ гӯё эътироф кардааст, ки мехост, аз Молдова ба Туркия ва сипас ба Сурия биравад. Бобоевро моҳи апрел аз Молдова ба Тоҷикистон оварданд ва ӯ моҳи май 10 сол ба зиндон маҳкум шуд. Ин сокини ноҳияи Бохтар дар шаҳри Екатеринбурги Русия зиндагӣ карда, мубаллиғони ДИИШ ӯро ба домашон андохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ифротгароӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти миллии кишвар ва Хатлон яке аз осебпазиртарин минтақаҳо дар баробари ин зуҳурот аст. Соли 2016 дар вилоят беш аз 300 парвандаи ҷиноии вобаста ба терроризм ва ифротгароӣ боз шудааст.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон