Рӯзи 3.06.2017, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ба самти ҷамоати шаҳраки Сомониён, дар ҳудуди деҳаи Табибони н. Рӯдакӣ, писарбачаи 2-солаи сокини деҳаи зикргардидаро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бо рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, муттаассифона, писарбачаи хурдсол, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Чуноне ки дар дафтари матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР гуфтанд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи фирории автомашинаи тамғаи “Портер”, марди 31-солаи сокини н. Рӯдакӣ дастгир гардид. Айни замон дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома дорад.
СССР