ХАБАРИ ДОҒ

Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

  • Чоршанбе, Июн 14 2017

 
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як соҳибкори тоҷик 20 номгӯйи моли қочоқро ошкор карданд.
Зимни дастгиршавӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд О. М. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ «Тозагии савдо» баромад намуда, даст ба содир намудани ҷиноят задааст. Ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки қочоқ- интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ, бидуни назорати гумрукӣ, пинҳонӣ бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ ва декларатсия накардани онҳо ошкор гардид.
Шаҳрванд О. М. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон барои ба мақсади ба даст овардани даромади муфт, дар асоси ваколатномаи №30 аз 25 - уми марти соли 2017 ба ҳайси намояндаи ҶДММ «Тозагии савдо» баромад намуда, ба номи ҳамин ҷамъият аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 6 вагон зиёда аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи мардум аз қабили чой, ҳалво, кафел, сару либоси мардонаву занона, қолин, гранул, селофани полиэтиленӣ ва ғайраҳоро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

 
 Ӯ бо роҳи фиреб дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ ҳисобнома ва декларатсияи транзити дохилӣ зиёда аз 20 номгӯйи молро бо вазни умумии 320 ҳазору 628 килограмм нишон дода дар дидбонгоҳи гумрукии «Регар» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода декларатсияҳои бори гумрукии дар боло дарҷгардидаро тартиб додааст. Дар натиҷа қатораҳои мазкур аз тарафи кормандони гумрук боздошт карда шуда, ба дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе 1» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе барои нигоҳдорӣ интиқол дода шуданд.
 Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумрук арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд О. М. ба маблағи умумии 2 миллиону 590 ҳазору 607 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳаракатҳои ғайриқонунии номбурдагон ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд О. М. бо моддаи 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои тафтишот ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуд.
 
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter