Вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро мегӯяд, ки соли охир боварӣ ва эътимоди мардум ба мақомоти милитсия афзоиш ёфта шаҳрвандон дар ошкор намудани ҷиноятҳои гуногун бевосита кӯмак менамоянд. Ӯ ин нуқтаро имрӯз, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш, ки ба ҷамъбасти фаъолияти вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2016 бахшида шуда буд, зикр кард.
Рамазон Раҳимзода қайд намуд, ки зангҳои зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба телефонҳои боварии ВКД ҶТ ва муроҷиат тариқи почтаи электронии сомонаи вазорат аз ин дарак медиҳанд.
СССР
Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ имрӯз, зимни мулоқоти хеш бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат гуфт, ки ба хотири пешгирӣ ва кам кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ҷумҳурӣ фаъолияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ бо ноболиғон тағийр хоҳад ёфт.
- Дар ҳодисаву ҷиноятҳое, ки дар байни наврасону ҷавонон ба амал меояд на танҳо мактабу волидайн ва ҷомеа, балки мақомоти милитсия низ гунаҳкор аст ва мо инро инкор намекунем. Аз ҷониби ноболиғон дар соли 2016 693 (соли 2015 - 742) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49- ҳолат камтар мебошад, аммо новобаста аз коҳишёбии ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон, мо вазифадорем корро дар ин самт ҷоннок намуда сар задани хар гуна ҷиноятро пеш аз ба вуқӯъ омаданаш пешгирӣ намоем, - таъкид дошт вазири корҳои дохилии кишвар.
СССР
13 январ нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вил.Хатлон-Вализода.Ҳ бо намояндагони ВАО доир гардид. Ӯ дар рафти саволу ҷавоби озод вобаста ба масоили муҳими соҳа, аз ҷумла фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, вазъи кунунии таълими забонҳои хориҷӣ, таҳсили дастпарварони мактабҳои вилоят дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ, ҷалби омӯзгорони болаёқат аз хориҷа ва хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, ташкили даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои забон ва адабиёти ӯзбек, Низомномаи озмун барои соҳиб шудан ба квотаи Президентӣ, таъмиру сохтмони иншоотҳои соҳа, меъёрҳои муайяннамоии маблағи хизматрасониҳои иловагӣ, ҷорӣ кардани воҳиди кории равоншинос дар мактабҳо, шумораи хонандагони аз доираи таълиму тарбия берунмонда, тариқи озмун ба синфи якум қабул намудани хонандагон… ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб дод. Доир ба ҳолати ҷинояткории ноболиғон дар соли 2016 гуфт, ки «дар соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 214 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 78 адад зиёд аст. Ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи 130 тан ноболиғон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 49 нафарашон кӯдакони мактабхон буда, 81 нафари боқимонда дар мактаб намехонанд, яъне то синфи 9 хондаанд. Ба худкушӣ даст задани ноболиғон дар шаҳру навоҳӣ 40 ҳолатро дар бар мегиранд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат зиёд аст. Оид ба шавҳар додани ноболиғон 10 ҳолатро дар бар меширад, ки нисбати соли гузашта 6 ҳолат зиёд аст. Ба таълимоти ғайриқонунии динӣ дар соли 2016 10 ҳолатро дар бар мегирад, ки 25 нафар (24 писар,1 нафар духтар) ноболиғ ба ин шомиланд.
Баҳодур Уроқов,
СССР вилояти Хатлон.
Суди ш.Қурғонтеппа 3 сокини н.Панҷ ва 1 сокини ш.Душанберо ба мӯҳлати гуногун аз озодӣ маҳрум сохт. Суди ш.Қурғонтеппа-Сайдалӣ Сироҷиддин дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Латипов Убайдулло (с.тав.1992), муҷаррад, истиқоматкунандаи н.Панҷ, ҷамоати деҳоти Меҳвар, ки қаблан доғи судӣ дошт, санаи 13.03.2016 аз ҳудуди маҳбас тариқи телефони мобилӣ бо Шамисиддин-шаҳрванди Ҷумҳурии Исломи Афғонистон дар хусуси дар ҳаҷми калон гирифтани воситаи нашъадори ҳашиш маслиҳат намуда, хоҳиш кардааст, ки ҳашишро аз Афғонистон ба ҳудуди н.Панҷи вил.Хатлон интиқол дода, дар ҷои мувофиқ пинҳон кунад. Минбаъд Шамсидин бо маслиҳати пешакӣ аз дарёи Панҷ гузашта ба заминҳои пахтазори ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳвари ҳудуди н.Панҷ ҳашишро интиқол дода, дар ин бора бо телефон хабар додааст. Убайдулло дар навбати худ тариқи телефон бо Тоҳири Раҳмоналӣ, сокини н.Панҷ (с.тав.1982, муҷаррад) дар тамос шуда бо ваъдаи маблағи муайян вазифадор мекунад, ки ҳашишро аз ҷои лозимӣ гирифта ба Қурғонтеппа, ба ҳаммаслаки дигараш-Набиева Рухшона (с.тав.1990 муҷаррад, соҳиби 2 фарзанд) диҳад. Дар навбати худ Рухшона 28.03.2016 ҳашишро аз Тоҳир ғайриқонуни гирифта, бо худ нигоҳ дошта, бо автомашина аз н.Ҷайҳун ба Қурғонтеппа интиқол додааст. Худи ҳамон рӯз ҳини амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони оперативии Раёсати КДАМ ҶТ дар вил.Хатлон Рухшона дар ҳудуди Қурғонтеппа дастгир шуда, дар рафти ковтуков аз ӯ 1 адад селофани полиэтилении рангаш кабуд ва аз дохилаш ҳашишро дар ҳаҷми 2858 гр дарёфт карда шуд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои давомноки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони оперативии Раёсати КДАМ дар вил.Хатлон, дар ҳудуди ш.Душанбе дигар шарикони ҷиноят содирнамудаи Убайдулло, Қурбонов Набиҷон (с.тав.1990, муҷаррад), Алиев Шералӣ (с.тав.1994, муҷаррад) дастгир шуданд. Суди ш.Қурғонтеппа нисбати Латипов Убайдулло бо моддаи 200, қисми 4, банди «б» маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 14 сол, Қурбонов Набиҷонро 9 сол, Тоҳирро 8,6 сол, Алиев Шералӣ 8 солро аз озодӣ маҳрум кард. Суд ба хулоса омад, ки нисбати Рухшона Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз 24.08.2016 таҳти №1355-ро татбиқ намуда, парвандаи ҷиноятиро нисбати ӯ қатъ карда, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
Иҷрокунандаи вазифаи прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Юлдошев Р.Д. дар нишасти матбуотӣ оид ба ҳолати риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо афзуд, ки таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон дод, ки дар вилоят дар соли 2016 нисбати ҳамин давраи соли гузашта тамоюли зиёдшави дошта, ҷамъан 5894 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбати соли гузашта 192 ҷиноят зиёдтар ҳаст. Категорияи ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки қаллобӣ аз 749 то 753, тамаъҷӯӣ аз 4 то 12, дуздӣ аз 1449 то 1681 адад, замин аз 286 то 312, терроризм аз 2 то 8, ифротгароӣ аз 75 то 166, сохтакории ҳуҷҷатҳо аз 91 ба 131, расонидани зарари миёна ба саломатии инсон аз 90 ба 134 адад зиёд шуда, категорияи ҷиноятҳо дар сатҳи вилоят 88,86% буда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта фоизи кушодашавии ҷиноятҳо 0,61% беҳтар гаштааст.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
Суди вилояти Хатлон Саид Назирович Зиёеви 28-сола, соҳиби 3 фарзанд, сокини ҷамоати деҳоти Ӯ.Назаров, деҳаи Камарови н.Қубодиёнро барои пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" ва талаби истеъфои президенти Тоҷикистон 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Зиёев-муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия, соли 2010 шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул карда, моҳи ноябри с.2014 дар «Декавос»-толори маданияти Екатеринбург, дар ҷамъомади ташкилкардаи роҳбарон ва аъзои фаъоли ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи-24» иштирок намудааст. Дар нишаст роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ташкилот бо шиорҳои «Истеъфои Президенти Тоҷикистон», «Тағйири сохти конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иваз намудани роҳбарияти Ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳури Тоҷикистон» ба шуур ва иродаи иштирокунандагон таъсир расонида, ақидаи онҳоро барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон ҷалб намуданд.
Дар рафти азназаргузаронии сайти интернетии «Ютуб» видеонавори ҷамъомади «Гурӯҳи-24» бо номи «ТАДЖИКСКАЯ ОППОЗИЦИЯ ОРГАНИЗОВЫВАЕТСЯ В РОССИИ» ёфт шуд. Дар ин ҷаласа чанд нафар баромад карда, аз иштирокдорон даъват кардаанд, ки ба Тоҷикистон рафта, дар Душанбе бо ҳадафи ғасби ҳокимият гирдиҳамоиҳо барпо кунанд. Зиёев амалҳои онҳоро дуруст шуморида дар қатори дигар муҳоҷирони тоҷик бо шиорҳои экстремистӣ баланд-баланд «Истеъфо», «Истеъфо», «Истеъфо» садо медиҳад.
Раискунандаи мурофиа-Бойзода Темир нисбати Зиёев бо моддаҳои 307, қисми 2-и КҶҶТ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯрро таъин кард. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, то имрӯз зиёда аз 20 нафар дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ, ки тарафдорони «Гурӯҳи 24»-ро асосан бар пояи ҳамин модда ба суд мекашанд, маҳкум шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Умаралӣ Қувватов-раҳбари “Гурӯҳи 24” баъди 2 талоши нокоми истирдодаш ба Душанбе аз Аморат ва Туркия шаби 5 марти соли 2015 бар асари 1 суиқасд дар ш.Истамбул кушта шуд.
Баҳодур Уроқов,
хабарнигори СССР, вил.Хатлон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар