13 январ нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вил.Хатлон-Вализода.Ҳ бо намояндагони ВАО доир гардид. Ӯ дар рафти саволу ҷавоби озод вобаста ба масоили муҳими соҳа, аз ҷумла фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, вазъи кунунии таълими забонҳои хориҷӣ, таҳсили дастпарварони мактабҳои вилоят дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ, ҷалби омӯзгорони болаёқат аз хориҷа ва хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, ташкили даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои забон ва адабиёти ӯзбек, Низомномаи озмун барои соҳиб шудан ба квотаи Президентӣ, таъмиру сохтмони иншоотҳои соҳа, меъёрҳои муайяннамоии маблағи хизматрасониҳои иловагӣ, ҷорӣ кардани воҳиди кории равоншинос дар мактабҳо, шумораи хонандагони аз доираи таълиму тарбия берунмонда, тариқи озмун ба синфи якум қабул намудани хонандагон… ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб дод. Доир ба ҳолати ҷинояткории ноболиғон дар соли 2016 гуфт, ки «дар соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 214 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 78 адад зиёд аст. Ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи 130 тан ноболиғон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 49 нафарашон кӯдакони мактабхон буда, 81 нафари боқимонда дар мактаб намехонанд, яъне то синфи 9 хондаанд. Ба худкушӣ даст задани ноболиғон дар шаҳру навоҳӣ 40 ҳолатро дар бар мегиранд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат зиёд аст. Оид ба шавҳар додани ноболиғон 10 ҳолатро дар бар меширад, ки нисбати соли гузашта 6 ҳолат зиёд аст. Ба таълимоти ғайриқонунии динӣ дар соли 2016 10 ҳолатро дар бар мегирад, ки 25 нафар (24 писар,1 нафар духтар) ноболиғ ба ин шомиланд.
Баҳодур Уроқов,
СССР вилояти Хатлон.