Суди ш.Қурғонтеппа 3 сокини н.Панҷ ва 1 сокини ш.Душанберо ба мӯҳлати гуногун аз озодӣ маҳрум сохт. Суди ш.Қурғонтеппа-Сайдалӣ Сироҷиддин дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Латипов Убайдулло (с.тав.1992), муҷаррад, истиқоматкунандаи н.Панҷ, ҷамоати деҳоти Меҳвар, ки қаблан доғи судӣ дошт, санаи 13.03.2016 аз ҳудуди маҳбас тариқи телефони мобилӣ бо Шамисиддин-шаҳрванди Ҷумҳурии Исломи Афғонистон дар хусуси дар ҳаҷми калон гирифтани воситаи нашъадори ҳашиш маслиҳат намуда, хоҳиш кардааст, ки ҳашишро аз Афғонистон ба ҳудуди н.Панҷи вил.Хатлон интиқол дода, дар ҷои мувофиқ пинҳон кунад. Минбаъд Шамсидин бо маслиҳати пешакӣ аз дарёи Панҷ гузашта ба заминҳои пахтазори ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳвари ҳудуди н.Панҷ ҳашишро интиқол дода, дар ин бора бо телефон хабар додааст. Убайдулло дар навбати худ тариқи телефон бо Тоҳири Раҳмоналӣ, сокини н.Панҷ (с.тав.1982, муҷаррад) дар тамос шуда бо ваъдаи маблағи муайян вазифадор мекунад, ки ҳашишро аз ҷои лозимӣ гирифта ба Қурғонтеппа, ба ҳаммаслаки дигараш-Набиева Рухшона (с.тав.1990 муҷаррад, соҳиби 2 фарзанд) диҳад. Дар навбати худ Рухшона 28.03.2016 ҳашишро аз Тоҳир ғайриқонуни гирифта, бо худ нигоҳ дошта, бо автомашина аз н.Ҷайҳун ба Қурғонтеппа интиқол додааст. Худи ҳамон рӯз ҳини амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони оперативии Раёсати КДАМ ҶТ дар вил.Хатлон Рухшона дар ҳудуди Қурғонтеппа дастгир шуда, дар рафти ковтуков аз ӯ 1 адад селофани полиэтилении рангаш кабуд ва аз дохилаш ҳашишро дар ҳаҷми 2858 гр дарёфт карда шуд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои давомноки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони оперативии Раёсати КДАМ дар вил.Хатлон, дар ҳудуди ш.Душанбе дигар шарикони ҷиноят содирнамудаи Убайдулло, Қурбонов Набиҷон (с.тав.1990, муҷаррад), Алиев Шералӣ (с.тав.1994, муҷаррад) дастгир шуданд. Суди ш.Қурғонтеппа нисбати Латипов Убайдулло бо моддаи 200, қисми 4, банди «б» маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 14 сол, Қурбонов Набиҷонро 9 сол, Тоҳирро 8,6 сол, Алиев Шералӣ 8 солро аз озодӣ маҳрум кард. Суд ба хулоса омад, ки нисбати Рухшона Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз 24.08.2016 таҳти №1355-ро татбиқ намуда, парвандаи ҷиноятиро нисбати ӯ қатъ карда, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон