Суди вилояти Хатлон Саид Назирович Зиёеви 28-сола, соҳиби 3 фарзанд, сокини ҷамоати деҳоти Ӯ.Назаров, деҳаи Камарови н.Қубодиёнро барои пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" ва талаби истеъфои президенти Тоҷикистон 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Зиёев-муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия, соли 2010 шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул карда, моҳи ноябри с.2014 дар «Декавос»-толори маданияти Екатеринбург, дар ҷамъомади ташкилкардаи роҳбарон ва аъзои фаъоли ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи-24» иштирок намудааст. Дар нишаст роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ташкилот бо шиорҳои «Истеъфои Президенти Тоҷикистон», «Тағйири сохти конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иваз намудани роҳбарияти Ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳури Тоҷикистон» ба шуур ва иродаи иштирокунандагон таъсир расонида, ақидаи онҳоро барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон ҷалб намуданд.
Дар рафти азназаргузаронии сайти интернетии «Ютуб» видеонавори ҷамъомади «Гурӯҳи-24» бо номи «ТАДЖИКСКАЯ ОППОЗИЦИЯ ОРГАНИЗОВЫВАЕТСЯ В РОССИИ» ёфт шуд. Дар ин ҷаласа чанд нафар баромад карда, аз иштирокдорон даъват кардаанд, ки ба Тоҷикистон рафта, дар Душанбе бо ҳадафи ғасби ҳокимият гирдиҳамоиҳо барпо кунанд. Зиёев амалҳои онҳоро дуруст шуморида дар қатори дигар муҳоҷирони тоҷик бо шиорҳои экстремистӣ баланд-баланд «Истеъфо», «Истеъфо», «Истеъфо» садо медиҳад.
Раискунандаи мурофиа-Бойзода Темир нисбати Зиёев бо моддаҳои 307, қисми 2-и КҶҶТ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯрро таъин кард. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, то имрӯз зиёда аз 20 нафар дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ, ки тарафдорони «Гурӯҳи 24»-ро асосан бар пояи ҳамин модда ба суд мекашанд, маҳкум шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Умаралӣ Қувватов-раҳбари “Гурӯҳи 24” баъди 2 талоши нокоми истирдодаш ба Душанбе аз Аморат ва Туркия шаби 5 марти соли 2015 бар асари 1 суиқасд дар ш.Истамбул кушта шуд.
Баҳодур Уроқов,
хабарнигори СССР, вил.Хатлон