Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 28 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки кормандони ин ниҳод 69 иншоот ва биноҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бемористони "Истиқлол" ва тарҳи "Манзили дастрас", мавриди санҷиш қарор доданд. Ҷаноби Султонзода гуфт, дар пайи ин санҷиш, 7,8 миллион сомонӣ изофанависӣ ошкор шуд. Ба гуфтаи вай, бар пояи ин санҷиш, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва ба мақомоти додситонӣ пешниҳод гардид.