Бино ба иттилои Раёсати вазорати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, шаби 15 ба 16 сентябр 1 гурӯҳи 3-нафараи афғонӣ сарҳади давлати Тоҷикистонро шикаста, вориди хоки ин кишвар гаштаанд. Ин гурӯҳи марзшикани аҷнабӣ, тақрибан соатҳои 3-и субҳи 16 сентябр ба хоҷагии моҳипарварии соҳибкор Тоҷиддин Сайфиддинзода, воқеъ дар ҷамоати Панҷоби н.Ҳамадонӣ, наздик ба дидбонгоҳи №-9-и қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон даромада, 2 тан аз посбонони ин хоҷагӣ-Ҳабиб Қарахонови 55-сола ва Алихон Раҷабови 43-соларо дастгир кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, Алихон муқобилият нишон дода, аз дасти яке аз афғонҳо автоматашро зада гирифта, мегурезад. Аммо марзшиканон дигар аз паси ӯ надавида ва тирпарронӣ ҳам накардаанд. Ба андешаи худи Алихон, ки ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, «афғонҳо ба хотири огаҳ нашудани марзбонони Тоҷик, аз сари тарс тир накушодаанд». Вале Ҳабибро бошад бо худ гирифта, ба ҷониби Афғонистон бурдаанд. Аз қазияи баамаломада Алихон ба сарҳадбонони Тоҷик хабар додааст, вале аллакай афғонҳо аз сарҳад берун рафта буданд.
Гаравгонгирӣ ба хотири қарз?
Тибқи хабари расида, хоҷагии моҳипараварӣ ба подполковники милиса, корманди шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и вилояти Хатлон Тоҷиддин Сайфиддинзода мутааллиқ будааст. Бино ба хабарҳои дар ВАО чопшуда, ки гӯё падари Тоҷиддин ҳангоми шабехуни афғонҳои сарҳадшикан дар ҳудуди хоҷагӣ будааст, дар РВКД-и Кӯлоб тасдиқ нашуд. Аммо 1 манбаъ аз Раёсати вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфт, ки баъди ҳамин қазия подполковник Сайфиддинзода аз вазифа озод карда шудааст.
Гуфта мешавад, гурӯҳи марзшиканони афғонӣ бо роҳбарии Саттори пойлуч, бо супориши махсуси сардор Исмоили Сафед, яке аз наздикони қочоқчии афғонӣ бо исми Башири Чайобӣ будаанд, ки гӯё ба хотири қарзҳои зиёд мехостаанд шаҳрвандони Тоҷикро ба гарав бубаранд. Аммо кӣ аз кӣ ва ба кадом миқдор қарздор будааст, боз ҳам дақиқан маълум нашудааст. Зеро дар ин маврид одамдуздон ҳам дигар аз худ дарак надодаанд, вале ба ишораи аз ҷониби Афғонистон расида, Тоҷики ба гаравбурда дар Чаёб нигаҳдорӣ мешавад.
Пойлучони афғон дар Тоҷикистон чӣ мекобанд?
Барои нахустин бор нест, ки афғонҳои пойлучу сафедаку чайобиву «кунлич»… бе ягон тарсу ҳарос, гузашта аз ин озоду орому бе мамониат, марзи давлати Тоҷикистонро дар кадом нуқтае, ки хостгор бошанд, шикаста шаҳрвандони Тоҷикро азият медиҳанд. Ҳамагӣ чанд моҳе пештар 2 тан аз марзбонони Тоҷик дар мавзеи сарҳадии н.Фархор аз ҷониби афғонҳои ба истилоҳ «контрабандист», ба он тарафи руди Панҷ бурда шуда буданд. Тибқи хабарҳо, «пас аз гуфтушуниди ҷониби давлатҳои Афғонистону Тоҷикистон, баъд аз муддати зиёде» ин аскарбачаҳо бозпас баргардонида шудаанд.
Пурсида мешавад, ки чӣ гуна буда метавонад, 1 гурӯҳи шаҳрвандони давлати дигар бо ғуруру виқори авбошона марзи 1 давлати дигарро убур кардаву дилхоҳ амалиёти авбошонаро анҷом дода ва агар мехоҳанд, одамонро бо худ мебаранду аз касеву чизе сари тарс надоранд? Магар вақти он нарасидааст, ки ба ин ҳамсояҳои «азхудрафта» ҷониби Тоҷикистон ҳам ҷавоби қотеъона диҳад?
Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб