26.10.1932. Роҳбари Шӯравӣ Иосиф Сталин дар як баромади худ нависандагонро "муҳандисони рӯҳи одамӣ" таъбир кард.
26.10.1976.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қарори КМ ва Шӯрои Вазирон оид ба чораҳо барои афзоиши истеҳсоли моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ ба тасвиб расид. Дар нуқтаҳои савдои ҷамъиятӣ рӯзи панҷшанбе, рӯзи ғизоҳои моҳигӣ ҷорӣ карда шуд.
27.10.1962. Дар рафти буҳрони Кариб тайёраи ҷосусии ИМА U-2 дар фазои ҳавоии Куба бо мушаки шӯравӣ зада афтонида шуд. Сарнишини тайёра Рудолф Андерсон ба ҳалокат расид. Ин рӯз дар таърихи муосир чун "Шанбеи сиёҳ" маъруф аст ва муаррихон чунин мешуморанд, ки дар ин рӯз ҷаҳон дар арафаи ҷанги атомии ҷаҳонӣ қарор дошт.
27.10.1990.Дар РСС Қирғизистон Аскар Акаев президенти кишвар интихоб шуд.
29.10.1918. Дар Русияи Шӯравӣ Иттифоқи коммунистии ҷавонон (РКСМ) таъсис дода шуд. Он баъди таъсисёбии СССР ба ВЛКСМ тағйири ном карда, то суқути СССР фаъолият дошт.
30.10.1941. Президенти ИМА Франклин Рузвелт барои кумак ба СССР 1 млн доллар ҷудо намуд.
30.10.1961. Иттиҳоди Шӯравӣ озмоиши бомбаи аз ҳама бузургро дар таърихи ҷаҳонӣ анҷом дод. Бомбаи гидрогении 58 мегатонна, ки “Шоҳ-бомба” лақаб гирифт, дар полигони ҷазираи Замини Нав тарконида шуд. Баъди озмоиши бомб Н.Хрушев гуфт, ки дар аввал ният доштанд бомбаи 100 мегатоннаро тарконанд, аммо ба хотири ҳифзи тирезаҳои Маскав миқдори онро кам карданд.
31.10.1961.Дар СССР ҷасади Сталин аз Мавзолей берун ва дар канори девори Кремл ба хок супорида шуд.