Принт

Назорати халқӣ

Хонандагони гиромӣ! Бо назардошти арзу шикоятҳои бешумори шумо вобаста ба хизматрасонӣ дар соҳаҳои гуногуни савдою тиҷорат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму фарҳанг, роҳу нақлиёт, дастрасӣ ба алоқаи мобиливу телекоммуникатсия ва даҳҳо бахшҳои дигар… газетаи мардумии СССР тасмим гирифт боз 1 бахш-лоиҳаи наверо бо номи «Назорати халқӣ» роҳандозӣ намояд. Тавассути ин рубрика мову шумо дар бораи тамоми камбудиҳои соҳаи хизматрасонии кишвар хоҳем гуфту навишт. Фарзи мисол:
Нархи роҳкироро бештар талаб мекунанд? Ба шумо чек намедиҳанд? Кадом маҳсулот сертификат дораду кадом не? Чойи кабуди харидаатон дар дохилаш алафи хушк дорад? Мӯҳлати ҳасиб гузаштааст? Телевизори нав харидаатон сӯхт? Чаро дар молбозор духтури ҳайвонот нест? Осиёи хитоӣ маззаи орди гандумиро дигар мекунад? Чаро маҳсулоти ватанӣ қадр надорад? Фарқи шоколади Тоҷикӣ аз русӣ дар чист? Чаро таъми маҳсулоти ширкатҳои суғдӣ дигар аст? Шакари Тоҷикӣ кай истеҳсол мешавад? Чаро дар ТВ реклама зиёд аст? Тамокуи Панҷакент ба куҷо гум шуд? Ба кадом хушкашӯй бовар кунем? Чаро биноҳои навсохт мустаҳкам нестанд? Харидор ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳои хеш ба куҷо муроҷиат кунад?...
Ба ин ва 1001 суолу масъалаҳое, ки шумо ба редаксияи газетаи СССР ирсол кардаеду мекунед, мо ҳатман ҷавоб хоҳем пайдо кард. Тавассути ин бахш-лоиҳа ҳамчунин ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи Тоҷик имкон медиҳем маҳсулоти хешро таблиғ кунанд, то мардум бидонанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон чӣ истеҳсол мешавад ва кӣ истеҳсол мекунад. Мо ҳамеша пуштибони маҳсулоти ватанӣ ва сирф Тоҷикӣ ҳастем! Мо метавонем! Рафтеееем!
 
Нархҳои ҳавоӣ ва қарзҳои ҳангуфт
Чаро нархи чиптаи ҳавопаймо, хосса, ширкатҳои ватании «Сомон эйр»-у «Тоҷик эйр» гарон аст? Нархи 1 чипта чиро ва кадом хизматрасониҳоро дар бар мегирад? Аз 1 чипта ширкати ҳавопаймоӣ чӣ қадар фоида мебинад? Чаро ширкатҳои дигари ҳавопаймоӣ пешопеши ҷашну идҳои бузург нархи чиптаҳоро тахфиф медиҳанду ширкатҳои Тоҷикӣ на? Ин аст мавзӯи нахустине, ки ин ҳафта аз пайи он шудем ва тавонистем то андозае ба ин суолҳо ҷавоб пайдо кардем.
 
Демпинги русӣ: Чаро ширкатҳои Тоҷикӣ аз он меҳаросанд?
Воқеан, нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳо, ҳатто ҳамсояҳои наздиктаринамон-Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба маротиб гаронтар аст, дар ҳоле, ки ширкатҳои русӣ пеш аз оғози мавсимҳои тобистонаву зимистона тахфиф роҳандозӣ мекунанд, чиптаҳои ширкатҳои Тоҷикӣ гарон мешаванду арзон не. Чаро? Чуноне ки коршиносони соҳа мегӯянд, ҳар 1 ширкати ҳавопаймоӣ худ тасмим мегирад нархи чиптаро ба ин ё он хатсайр чӣ қадар муайян кунад. Яъне нархгузорӣ ба зимаи худи ширкатҳои ҳавопаймоист ва арзону гарон шудани нархи чипта аз сиёсати пешгирифтаи худи ширкатҳо вобаста аст. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоиӣ русӣ, ки дар 1 масир хатсайр доранд, амсоли аз Душанбе ба Маскаву Санкт-Петербургу Екатеринбург ва Новосибирск байни худ созиш карда, дар бораи аз нархи минималӣ болову поён нафурӯхтани чиптаҳо протокол ба имзо мерасонанд. Масалан, ширкати «Сомон эйр» ва «Ютэйр» барои аз 2000 сомонӣ арзон нафурӯхтани чипта ба хатсайри Душанбе-Маскав протокол имзо кардаанду ҳар 2 ширкат ба манфиати ҳамдигар нархи чиптаи ин масирро аз 2 тараф набояд арзонтар аз ин маблағ фурӯшанд. Дар чунин ҳол ширкатҳои ҳавопаймоӣ наметавонанд тавассути демпинг-нархро ба хотири боло кардани имиҷ ва аз байн бурдани рақиб, ҷалби бештари мусофирон, аксияҳои таблиғотӣ… ба маротиб арзон кунанд. Коре, ки ширкати «Уралские авиалинии» дар арафаи ҷашни Наврӯз кард-чиптаҳоро дар самти Душанбе-Маскав, Хуҷанд-Маскав, Екатеринбург-Хуҷанд якбора то 70-80% коҳиш дод ва мусофирони ширкатҳои дигарро ба худ ҷалб кард. Вале ин кор характери муваққатӣ дошту пас аз ҷашн байн рафт. Мисли аксияҳои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари», ки аз фурсати низоъ байни авиаторони Тоҷику рус истифода бурда, бо арзон кардани нархи чипта қисми зиёди мусофирони Тоҷикро тавассути Самарқанд ба Маскав бурд. Ғайр аз ин, ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз рӯи комиссияҳо ва ҳавасмандкунии ширкатҳои чиптафурӯшӣ метавонанд гоҳ-гоҳе нархи чиптаро арзон кунанд, лек ин ҳолат хеле кам ба назар мерасад. Ба ҳар ҳол ширкатҳои русӣ ва хориҷие, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, ҳавопаймо ва хатсайрҳои зиёд доранду метавонанд зарари молиявии аз 1 масир расидаро бо фоидаи масири серодами дигар пӯшонанд ва гоҳе бо роҳандозии аксияҳо нархи чиптаро 50% коҳиш диҳанд. Лек ширкатҳои «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» чунин имконотро надоранд ва наметавонанд нархи чиптаҳои хешро, ҳатто дар масири «Душанбе-Хуҷанд» лоақал 10% арзон кунанд. Зеро аз тамоми имконоте, ки дар хатсайр доранд, танҳо 10-16% онро истифода мекунанду халос…

Ба чипта чанд хизматрасонӣ медарояд?
Нархи 1 чиптаи ширкати «Сомон эйр» аз рӯи хатсайри Душанбе-Маскав дар хазинаҳои чиптафурӯшӣ имрӯз 2600-2800 сомонист. Бояд қайд намоем, ки аз ҳама хатсайри серодам ва серхаридор ҳамин масир аст. Агар мусофир аз ҳоло барои рӯзҳои охири моҳи май барои ин хатсайр чипта бихарад, он гоҳ нархаш 2250 сомонӣ мешавад-ҳар чӣ қадар рӯзи парвоз дуртар, ҳамон қадар чипта арзонтар! Ин на танҳо таҷрибаи ширкатҳои Тоҷикӣ, балки тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳонист! Нархи чипта дар ҳамин масири ширкати «Ютэйр» каме фарқ мекунад-2400-2600 сомонӣ, нархи чиптаи ин масири ширкати «Тоҷик эйр» бошад низ аз 2400-2600 сомонӣ арзону гарон нест. Яъне, ширкатҳо ҳамон протоколи ба имзо расонидаи байни худро риоя мекунанд ва барои нарасонидани зарари молӣ ба ҳамдигар нархи ягонаро нигоҳ медоранд.
Хуб, ба ҳамин нархи чипта дохил мешавад сӯзишворӣ – 33-38%-пули чипта, пардохти хизмати фурудгоҳӣ-4,5-4,8%-и пули чипта, хизматрасонии навигатсионӣ, амортизатсия-таъмир ва харидани қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо, музди меҳнати экипаж, пардохти андоз, фоизи даромаднокӣ, маблағи боз гардонидани кредитҳои молиявие, ки ширкат барои харидани ҳавопаймоҳо гирифтааст, суғуртаи мусофир, ҳайати экипаж ва худи тайёра, маблағи нӯшокӣ ва хӯроки гарм ҳангоми парвоз. Агар ҳамаи ин фоизҳоро ҳисоб кунем шояд то 75-80% пули чипта барои пардохти ин хизматҳо равад, боқимондаро даромади тозаи ширкати ҳавопаймоӣ ҳисоб кунем мешавад. Мутаассифона, дар муайян кардани нархи чипта ва пешгирии гароншавии он мо на саҳми Агентии зиддиинҳисории мамлакатро мебинем ва на фаъолияти назарраси ин ниҳодро! Ин мавзӯест, ки дар бораи он алоҳида хоҳем гуфт! Мо метавонем!
 
Қарзҳои ҳангуфтро кай мепардозанд?
Ба ин нигоҳ накарда ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷик дар назди ширкати таъминоти сӯзишворӣ, фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд, хадамоти аэронавигатсионӣ ва суғурта қарзҳои ҳангуфт доранд. Қарзҳои «Сомон эйр»-у «Тоҷик эйр» имрӯз дар назди ин корхонаҳо ба даҳҳо миллион расидааст. Қарзи ин ширкатҳо дар назди ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» тайи 3 соли охир ба маротиб афзуда, ҳоло ин маблағ дар ҷамъ шояд аз 500-600 миллион сомонӣ ҳам бештар бошад. Ҳангоми пурсидани ин масъала ширкатҳои ватании мо қаблан мегуфтанд, ки нархҳои гарони сӯзишворӣ, ки дар Тоҷикистон монополия карда шудааст, намегузоранд, нархи чипта коҳиш ёбад. Вале то ҷое хабар ёфтем, тайи 1 соли охир ҳавопаймоҳои ҳар 2 ширкати ватанӣ дар шаҳрҳои дигар фуруд омада, сӯзишворӣ пур мекунанду дигар қариб аз хизматҳои ширкати таъминоти сӯзишворӣ дар Душанбе истифода намебаранд. Роҳбарияти ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» низ қаблан ба мо гуфта буд, ин кор монополия нест ва агар ширкатҳо имконият дошта бошанд, метавонанд базаҳои нигоҳдошти сӯзишвории хешро бунёд кунанд. Барои сари вақт напардохтани қарзҳои солҳои гузашта бошад, ин ширкат «Тоҷик эйр»-ро ба додгоҳ низ кашида буд. Фурудгоҳхои Душанбеву Хуҷанд низ аз напардохтани қарзҳои ин 2 ширкати ватанӣ барои хизматрасонии рӯизаминӣ нигаронанд…
Хуб, хатсайр ҳаст, парвозҳо анҷом мешаванд, чипта ба фурӯш меравад, пули нақд меояд, пас чаро қарзҳо кам неву зам мешаванд? Бо чунин қарзҳо гумон аст, нархи чиптаҳояшон арзон шавад ва маҳз сари вақт напардохтани ин қарзҳо дар ояндаи наздик метавонад боиси муфлисшавии чандин корхонаи дигар гардад! Мо ин мавзӯро пайгирӣ мекунем. Мо метавонем!

Ромини Амин, СССР


PS. Редаксияи газетаи СССР аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, аз Агентии «Тоҷикстандарт», аз Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, аз Агентии зиддиинҳисорӣ ва тамоми ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ даъват ба амал меорад, ки дар ин лоиҳа-«Назорати халқӣ» моро ҳамроҳӣ намоянд, то мо якҷоя тавонем ба ислоҳоти соҳаи хизматрасонӣ дар кишвар бирасем. Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар