Принт

Фасоди мо аз хайри мо бештар!


Тайи чанд соли охир газетаи СССР ташаббуси башардӯстонаро пеша карда, ба  воситаи ташкили консертҳои хайриявӣ ба даҳҳо бехонаю бенаво ва камбизоат кумакҳои молиявӣ, маънавӣ ва ғизоӣ расонид. Тибқи баъзе маълумотҳо дар кишварамон беш аз 400 рӯзнома, ҳафтанома, маҷалла, радиову ТВ ҳаст, ки агар онҳо низ ба ин ташаббуси инсонпарварона ҳамроҳ шуда, пайравӣ мекарданд, сафи бенавоён коҳиш меёфт. Вале чаро дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ чунин амали хайр надоранд? Дар аксар вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳо ба ҷои амалҳои хайр кирдорҳои характери коррупсионӣ дошта зиёд ба чашм мерасад. Аз телевизионҳо мебинем, ки раисони ҷамоатҳо, сарварон ва кормандони Кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо барои заминфурӯшии ғайриқонунӣ дастгир шуда истодаанд, вале ин ба шахсони онҳоро ивазкунанда ҳеҷ дарси ибрат нашуд, ки нашуд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад пулситонӣ ба ҷое расидааст, ки дигар бемор муассисаи шахсии табобатиро аз муассисаи давлатӣ фарқ карда наметавонад. Дар мактабҳо бошад пулҷамъкунӣ барои таъмир, китоб, ҷаримаи китоб, пули китобҳои солҳои гузашта, пули суғурта, обунаи маҷбурӣ, таъмири зали варзишӣ, моҳона… дар авҷ аст.

Ҷаббор Раҷабов,
хабарнигори мардумӣ, ш.Кӯлоб

Матлабҳои дигар