
Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти директорони бозорҳои коммуналии шаҳрро дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи Иди саиди Фитр нокифоя арзёбӣ намуда, директори КВД “Бозори Шоҳмансур” Бахтиёр Лақаевро аз вазифа сабукдӯш кард.
Вориди боғи «Кӯли ҷавонон», ки дар маркази пойтахт, дар шафати Кохи «Наврӯзгоҳ», шаҳраки «Қатар Диёр» ва рӯбарӯи Қасри Миллат аст, мешавам. Аён, ки дар рӯзҳои гарми тобистон, алалхусус моҳи шарифи Рамазон сокинони пойтахт ба ин самт рӯ меоранду лаби обу зери дарахтони азими чанори ин боғ нишаста, истироҳат мекунанд. Шумораи зиёди ошхонаву ба ном қаҳвахонаҳо, дӯконҳои майдафурӯшӣ, мизҳои пур аз анвои нӯшиданиву хӯрдании зери офтоб ҷойгирифта, бозиҳои дилхушии кӯдакон сартосари боғро фаро гирифтаанду ба мардум хизмат мекунанд. Аммо чӣ гуна хизмат мекунанду дар чӣ шароит фаъолият доранд, инро ревизори СССР бо чашмаш дид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додааст, ки дар пайи заминҷунбии 1.07.2016 дар н.Рашт 11 хона пурра ва 18-тои дигар қисман хароб шудааст. Ба қавли ин кумита, бар асари зилзилаи 4,5 баллӣ асосан рустоҳои ҷамоати Иҷборак, Аскалон ва деҳаи Ҳазорчашма хисорот дидааст.

6.07.2016 донишҷӯи 19-сола дар вил.Суғд ҳини оббозӣ дар Баҳри Тоҷик ғарқ шуда, ҳалок шудааст.

Кумитаи амнияти давлатии Осетияи Ҷанубӣ хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ғайриқонунӣ қарор доштан дар қаламрави ин минтақа дастгир шуда, акнун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Рустамов Алишер Хайдарович яке аз собиқ директорони генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дубора ба ширкати мазкур баргашта аз охири ҳафтаи гузашта ба ҳайси Директори тиҷоратӣ ба кор шурӯъ намуд. Дар ин бора ба мухбири СССР 1 манбаъи мӯътамад дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар дод.