ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Кӯли ҷавонон рав!

  • Ҷумъа, Июл 08 2016

Вориди боғи «Кӯли ҷавонон», ки дар маркази пойтахт, дар шафати Кохи «Наврӯзгоҳ», шаҳраки «Қатар Диёр» ва рӯбарӯи Қасри Миллат аст, мешавам. Аён, ки дар рӯзҳои гарми тобистон, алалхусус моҳи шарифи Рамазон сокинони пойтахт ба ин самт рӯ меоранду лаби обу зери дарахтони азими чанори ин боғ нишаста, истироҳат мекунанд. Шумораи зиёди ошхонаву ба ном қаҳвахонаҳо, дӯконҳои майдафурӯшӣ, мизҳои пур аз анвои нӯшиданиву хӯрдании зери офтоб ҷойгирифта, бозиҳои дилхушии кӯдакон сартосари боғро фаро гирифтаанду ба мардум хизмат мекунанд. Аммо чӣ гуна хизмат мекунанду дар чӣ шароит фаъолият доранд, инро ревизори СССР бо чашмаш дид.

 Антисанитарияи ошхонаҳо

Тамоми ошхонаҳое, ки дар худуди боғ фаъоланд, зери фазои бозу арғунчакҳо ва дар шафати онҳо ҷойгир шудаанд. Кабобу хот-доги ошхонаҳо бе риояи ягон талаботи санитариву эпидемиологӣ, хоса, дар ҳавои хеле гарм омода мешаванд. Зарфҳоро низ пешхизматҳо ҷое бо оби баклажка, ҷое зери лӯлаи водопровод ва ҷое бо оби шланг шуста, боз дубора ба мизоҷ пешниҳод мекунанд. Аз маҳлули хлору гӯшаи тиббӣ бӯе нест, аммо бӯи бади равғану дуди шашлику бӯи оби кӯл ҳамаро фаро гирифтааст. Ба қавли русҳо, «кругом антисанитария!». Ва ин дар Маркази Душанбе!!!

Обҳои нӯшокӣ, офтобпарасту қандинаҳо, шоколадҳо низ ба ҷои дар яхдон нигоҳдорӣ шудан, баръакс рӯи мизҳо чида шуда, рӯзи дароз «офтоб» мехӯранд. Нафаре аз ошпазҳо ё пешхизматони ошхонаҳо, ки бештар занҳоянд, либоси ягонаи корӣ надоранд, ҳол он ки боғи мазкур Муассисаи Давлатӣ буда, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар ш.Душанбе тааллуқ дошта, тибқи дастури шаҳрдорӣ бояд либоси махсус дошта бошанд. Либоси ягона нест!

2 ошхонаи калонтарини боғи «Кӯли ҷавонон» бо назардошти қаҳвахонаи дар ҷазираи байни боғ маскан гирифта, кайҳо хусусӣ шуда, ба роҳбарияти имрӯзаи боғ итоат намекунанд ва ҳар яке аз рӯи фаҳмишу хоҳиши худ фаъолият дорад. Аз рӯи мизҳои ифлосу чиркин, баннерҳои кабудранги гирдогирд гирифташуда аён аст, ки дар ин ошхонаҳои хусусӣ тозагӣ «лангида» масъулинашон на завқ доранду на майлу хоҳиши мизоҷ ҷалб кардан. Сабаби чунин бетаваҷҷӯҳиро мо баъдан дарк кардем…

Кӯли ҷавонон барои 49 сол иҷора шуд!

Барои мо хеле аҷиб буд фаҳмидани он, ки кӯли марказии шаҳр, ки аз оғоз то дирӯз зертобеи шаҳрдорӣ буд, имрӯз дигар кӯли давлатӣ нест ва он барои 49 сол барои иҷора ба ширкати бунёдгузори Кохи «Наврӯзгоҳ» дода шудааст… Ин қарордод дар замони роҳбарияти маъмурияти қаблии боғ ба имзо расида ҳоло кӯл ва тамоми қаиқҳои он ба ширкати хусусӣ вобаста шуда, тозагии оби кӯлро низ соҳибони наваш ба ӯҳда гирифтаанд, мисли масъулияти бехатарии шиноварон, хусусан кӯдакону наврасон.

 Боғи «Кӯли ҷавонон»-ро низ мефурӯшанд!

Мо аз хусусӣ шудани кӯли замоне давлатӣ ва мардумӣ хеле нороҳат шудем ва хабар надоштем, ки рӯзҳои наздик худи боғ низ фурӯхта хоҳад шуд… Тибқи қарори раиси ш.Душанбе аз 26.04.2016 Муассисаи давлатии «Кӯли ҷавонон» низ ба ауксион-музояда гузошта шуда, аз рӯи тартиби музоядаи англисӣ ба фурӯш гузошта хоҳад шуд. Арзиши ибтидоии ин боғ 1 млну 820 ҳазору 745 сомониро ташкил дода, харидори минбаъдаи он низ аллакай маълум аст. Маъмурияти Кохи «Наврӯзгоҳ» ният дорад тамоми ҳудуди боғро ба даст орад ва онро ба ҳудуди худ шомил намуда, соҳиби пурраи минтақаи мазкур шавад…ва қарор аст ин музояда ҳамагӣ пас аз чанд рӯзи дигар, дурусттараш 28.06.2016 баргузор шуда, тақдири минбаъдаи «Кӯли ҷавонон»-ро ҳал кунад…

 Боғи «Кӯли ҷавонон» аз байн меравад?

Боғи «Кӯли ҷавонон» барои душанбегиён ва меҳмонони пойтахт хеле азиз асту барои ҳар 1 шахси солхӯрдаи кишвар хотироти зиёдеро ба бор меоварад, зеро ин боғ дар солҳои шӯравӣ ҷои дӯстдошта ва гоҳе тақдирсози тамоми донишҷӯёни пойтахт буд. Имрӯз тақдири ояндаи ин боғ торик аст ва касе, ба ҷуз молики оянда намедонад, ки бо ин боғ чӣ мешавад. Шояд соҳибони оянда боғ ва кӯлро бозсозӣ ва таҷдид намуда дар шафати Кохи «Наврӯзгоҳ»-у меҳмонхонаи «Ҳаётт Риҷенсӣ», шаҳраки «Қатар Диёр»-у Қасри Миллат гӯшаи зебою замонавиро бунёд намоянд, ки он мақбули душанбегиён ва меҳмонони он гардад. Умед дорем, ки ҳамин тавр хоҳад шуд! Мо Метавонем!

Мину Аминзода, 

СССР аз боғи «Кӯли ҷавонон»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter