Тамоми кормандони ширкати мазкур аз бозгашти Алишер Рустамов хушҳол буда умед доранд, ки бо омадани ин мутахассиси ҳирфаӣ фаъолияти ширкати «Сомон Эйр» ба маҷрои қаблӣ баргашта ширкат аз мушкил наҷот ёфта мутахассисони варзида, бори дигар барои кор ҷалб хоҳанд шуд.
Бояд қайд намоем, ки бархӯрди Алишер Рустамов бо хабарнигорон хеле хуб буда ӯ ҳамеша барои сӯҳбату мусоҳиба омода ва дари утоқаш боз буд ва ҳар 1 журналистро бидуни миёнарав қабул мекард. Камбудиҳои бар матбуот нашршударо хуб дарк карда саъю талоши хешро барои ислоҳи оҷилии онҳо сарф менамуд.
Умедворем бо омадани Алишер Рустамов ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар муддати кӯтоҳ пешвои бозори авиатсионии кишвар гардида хизматрасониро дар сатҳи олӣ ба роҳ хоҳад монд.
СССР