Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни баргузории 1 ҷаласаи ҳукуматӣ қарори фурӯши сим-кортҳоро бо нархи 250 сомонӣ мутаваққиф кард. Бино ба иттилои сомонаи www.president.tj, президенти мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки фурӯши симкортҳоро бо нархи 250 сомонӣ то 1-уми январи соли 2019 мутаваққиф кунанд. Ба ин тартиб, то 4 моҳи дигар симкортҳо ба таври маъмулӣ фурӯхта хоҳанд шуда, мизоҷон имкон доранд бе навбатпоии дурудароз ва ҳаёҳӯй симкортҳои хешро рафта, дар марказҳои хизматрасонӣ дубора ба қайд бигиранд. Инчунин, бо дастури роҳбари давлат 1 комиссияи вежа таъсис ёфта, масъалаи нарх ва тартиби истифодабарии симкортҳо омӯхта мешаванд.