ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Апр 24 2017


21.04.2017 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода аъзои Раёсати Биржаи Москва ҷаноби Игор Маричро, ки бо сафари хизматӣ ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти расмӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар ошно намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд. Зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро ба таъмини рушди босуботи низоми бонкӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои гуногун ба низоми молиявӣ равона сохтааст.
Ҷаноби Игор Марич дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати мазкур, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон буда, бад-ин васила ҷонибҳо метавонанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Номбурда дар хусуси доир намудани амалиётҳо тавассути биржа бо истифода аз фишангҳои гуногун ва маҳсулоти дигари ҷолиб маълумот пешниҳод кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳҳои пешбурди бозори асъори хориҷӣ бо назардошти имкониятҳои Биржаи Москва, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва савдои сомонӣ/рубл табодули назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар рафти вохӯрӣ оид ба пайдо шудани заминаи ҳуқуқӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт” ҷиҳати иштирок дар амалиётҳои гуногуни бозори байнибонкӣ сухан кард. Мавсуф зикр кард, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар ин самт таҳлил ва омӯзиши дақиқ ҷиҳати манфиатовар будани он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим ва ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои судманд муҳокима шуданд. Дар интиҳо ҷаноби Игор Марич Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро барои ташриф ба Биржаи Москва даъват намуд. Аъзои Раёсати Биржаи Москва ҷаноби Игор Маричро, дар ин сафари расмӣ директори Департаменти намояндагии байналмилалии биржаи мазкур ҷаноби Сергей Данов ҳамроҳӣ намуд.



СССР

Ҷумъа, Апр 21 2017


Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунии муҳити атроф ва дастгирии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар заминҳои ҳудуди Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ва теппаҳои атрофи он, ки дар мавзеи Пуғуси дараи зебоманзари Варзоб ҷойгир мебошанд, ҳамасола ҳашарҳои ниҳолшинонӣ гузаронида мешаванд.
Дар мавсими ниҳолшинонии имсола низ дар ҳудуду атрофи Маркази таълимӣ миқдори зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишиву сояафкан шинонида мешавад. Қисмати зиёди корҳои ниҳолшинонӣ дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тариқи ҳашар дар шанбегиҳои дастаҷамъӣ, ки пайваста гузаронида мешаванд, амалӣ мешаванд.
Чуноне ки маркази матбуоти БМТ хабар медиҳад, аз ҷумла, дар ҳашари ниҳолшинонии ҳафтаи гузашта, рӯзи 15-уми апрел бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва зиёда аз 80 нафар кормандони бонк дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимии Пуғус беш аз 400 бех ниҳолҳои дарахтони арчаву сӯзанбарг шинонида шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷараёни корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ шахсан иштирок намуда, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати нигоҳубини дарахтон ва навниҳолҳо ба масъулини Маркази таълимии Пуғус дастуру ҳидоятҳои муфид дод.
Қобили қайд аст, ки дар мавсими ниҳолшинонии соли гузашта, дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимӣ ва теппаҳои атрофи он тавассути заҳмати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 9 ҳазор дарахтони сояафкану ороишӣ ва нодиру хушнамо қомат афрохта, дар мавсими имсола то имрӯз иловатан 4057 адад ниҳолҳои санавбару сафедор ва бештар аз 18 000 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд, ки феълан муҳити маркази таълимиро ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил додааст.


СССР

Панҷшанбе, Апр 20 2017


Дар ҳоле, ки ш.Панҷакент яке аз шаҳрҳои калонтарини аграрӣ асту барои зиёд кардани кишти картошка мутасаддиён талоши зиёд доранд, яке аз калонтарин пойгоҳҳои обкашӣ дар ҳоли тахрибу нобудшавӣ қарор дорад. Пойгоҳи обкашии мазкур муталлиқи собиқ колхози ба номи «Дзержинский» будааст. Он дар самти ҷануби ғарбии ш.Панҷакент, тақрибан 3 км дуртар аз роҳи калони деҳаи Тошмунор ҷойгир аст. Аз рӯи иттилоъи баъзе аз ҳолдонҳо, тариқи ин пойгоҳи обкашӣ садҳо  гектар заминҳои деҳаҳои Шӯрнова, Туркшӯрнов, Чиларча шодоб мешудаанд. Замоне, ки мо барои дидани ҳолати ин пойгоҳи обкашӣ рафтем, тақрибан ягон асбоби он ба ҷуз қубурҳояш намонда буд. Дастгоҳҳои барқӣ ва дигар васоити техники пойгоҳ титу пит буданд. Аз ин ҳолат мурғони ҳаво ҳам доду фиғон мекарданд. Ин пойгоҳи обкашӣ замони Шӯравӣ сохта шудааст. Агар замони СССР мебуд, онҳое, ки ин пойгоҳро ба ҷои нигоҳубин ва истифодаи самарок ба чунин ҳолат расонидаанд рост ба зери таҳхона мерафтанд, ки номашро маҳбас мегӯянд. Ростӣ намедонем, бори охир кай ин насос кор карда буду ба заминҳои қисме аз деҳаҳои ҷамоати Саразм об расонида буд. Боиси қайд аст, ки деҳқонони шаҳру деҳоти Панҷакент  барои зиёд кардани кишти картошка, яке аз зироатҳое, ки бештар обталаб аст вазифадор шудаанд. Агар ин насос бо иқтидори пуррааш ба кор дарояд садҳо га замин шодобу, садҳо ҷои корӣ мешавад. Муҳимтар аз ҳама иҷроиши нақшаи кишти картошка  барзиёду сари вақт таъмин мегардад – мегӯянд коршиносон. Аксҳои мо бозгӯи ҳолати ин пойгоҳи обкашианд.


Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР

Сешанбе, Апр 18 2017


Имрӯз, 18 апрели соли 2017 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Роҳбари тозаинтихоби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Ҳидеки Танаберо ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷаноби Ҳидеки Танаберо бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар, навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо мақсади пешрафти соҳа роҳандозӣ шудаанд, шинос намуд. Дар идомаи суҳбат Ҷ.Нурмаҳмадзода аз дасгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар самти омӯзиши мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи JDS (“Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ”) дар риштаи иқтисод изҳори миннатдорӣ намуда, барои тавсеа бахшидани ин раванд ҷиҳати зиёд намудани бурсияҳои таълимӣ изҳори умед намуд. Зимни вохӯрӣ барои ҷалби мутахассисон ба соҳаи низоми бонкӣ, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ҷалб карда шуд. Зеро таҷриба нишон дод, ки таъсири буҳрони иқтисодӣ дар низоми бонкӣ бештар эҳсос мешуд ва хуб мешуд, ки дар оянда мутахассисони дар омӯзиш қарордошта бо рукнҳои асосии бонкдорӣ бо истифодаи таҷриба дар бонкҳои Ҷопон, аз ҷумла Бонки марказии ин кишвар омӯзонида шаванд.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти БМТ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти низоми бонкӣ ҳавасманд мебошад. Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар хусуси самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муроҷиат намудааст ва ҳамеша барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд омода аст.
Дар идомаи мулоқот Роҳбари тозаинтихоби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Ҳидеки Танабе ба сухан баромада, фаъолияти самарабахши Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти ҷорӣ намудани ислоҳот махсусан қайд намуд. Номбурда барои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки зикршуда, аз ҷумла расонидани кӯмаки техникӣ дар самти такмили мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар риштаҳои таҳлил ва пешгирии хавфҳо, сиёсати монетарӣ, макроиқтисодӣ ва амсоли инҳо изҳори омодагӣ баён намуд. Ҷаноби Ҳидеки Танабе зимни суҳбат изҳор дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории боз ҳам самарабахш ва дарозмуҳлат дар самти такмили таҷрибаи мутахассисони низоми бонкӣ ба Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) маълумоти муфассал ва самтҳои афзалиятнок лозим аст. Номбурда омодагии хешро дар расонидани дастгирии техникӣ дар бахши низоми бонкӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи бонкӣ баён намуд.
Дар интиҳои мулоқоти судманд ҷонибҳо якдилона ба мувофиқа омаданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи самаровар ҷаҳду талош хоҳанд кард.
Қобили қайд аст, Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ (JDS) аз соли 2008 то ба инҷониб барои хизматчиёни давлатӣ таҳсилро дар Донишгоҳҳои Ҷопон пешниҳод мекунад. Мақсад аз тарҳи JDS тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ба ҳисоб рафта, дар доираи барномаи мазкур ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатии ҷавон барои Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт расонида мешавад.
Ба ҳолати феврали соли 2017 , дар доираи лоиҳаи мазкур 38 нафар сазовори бурсия шуда, барои таҳсил ба Ҷопон фиристода шуданд. Боиси тазаккур аст, ки 4 корманди Бонки миллии Тоҷикистон низ дар доираи ин лоиҳа таҳсилро хатм намуда, 3 нафари дигар дар таҳсил қарор доранд, 1 нафари дигар барои таҳсил сафарбар шудааст, ки малакаи корӣ ва савияи дониши худро дар донишгоҳҳои маъруфи давлати Ҷопон такмилу тақвият медиҳанд. Аксарияти хатмкунандагони ин барнома барои кор дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ сафарбар карда шуданд.



СССР

Сешанбе, Апр 18 2017

Бо мақсади рушди низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеа бахшидани хизматрасониҳои бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ тасмим гирифт ва дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд.
Воқеан, низоми бонкдории исломӣ ҳоло дар баробари низоми анъанавӣ дар миқёси ҷаҳонӣ мавқеи худро устувор менамояд. Дар айни замон аз низоми бонкдории исломӣ кишварҳои ИДМ, аз қабили Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода бурда, барои татбиқи принсипҳои бонкдории исломӣ лоиҳаҳои гуногун тащия намуда ташкилотҳои дахлдор таъсис дода истодаанд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти БМТ иттиллоъ доданд, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар роҳҳои татбиқи бонкдории исломиро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ омӯхта, ба хулоса омад, ки татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таҳияи қонуни ягонаи соҳавӣ, ки ин навъи фаъолиятро пурра танзим менамояд, роҳандозӣ шавад.
Аз ин рӯ, бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26 июли соли 2014, № 1108 қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ шароити мусоид фароҳам месозад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тезонидани раванди ҷорӣ намудани низоми нави алтернативӣ - низоми бонкдории исломӣ дар кишвар ва ба роҳ мондани кори самаранок дар самти танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ва равзанаҳои исломӣ зарурати таъсиси Гурӯҳи корӣ ба миён омад.
Аз ин рӯ, тибқи Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз 23.10.с.2015, №217/ФФ Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ таъсис дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ хусусияти ба худ хос дорад ва танзиму назорати он бояд ҳатман тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, аз ҷумла стандартҳои Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ (IFSB) ва Ташкилоти баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит барои институтҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) сурат гирад.
Бо ин мақсад, Бонки миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкориро бо Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” (Малайзия) ба имзо расонида ва раванди татбиқи барномаи мазкур дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи корӣ ҷиҳати мувофиқа намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии исломӣ оғоз гардид.
Дар натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар доираи ҳамкорӣ бо мутахассисони Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” (Малайзия) якчанд санади меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии исломӣ таҳия гардида ва як қисми онҳо аз ҷониби Раёсати БМТ тасдиқ карда шуда, 2 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта ба таврӣ расмӣ интишор гардиданд, аз ҷумла:
Низомнома “Дар бораи тартиби фаъолияти Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ”;
Тартиби табдилдиҳии ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ;
Тағйиру иловаҳо ба “Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ”.
Барои пурра мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкӣ ба бонкдории исломӣ ва пурра фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои оғози фаъолияти бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст, ки айни замон дар ҳолати таҳия қарор доранд, аз ҷумла:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Лоиҳаи Дастурамал “Дар бораи тартиби анҷом додани амалиёт мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии исломӣ”;
Лоиҳаи “Тартиби таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, ваколатҳо ва талабот ба аъзои он”;
Лоиҳаи “Феҳрасти ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои қарзии исломӣ”.
Боиси тазаккур аст, ки Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ дар ҳайати мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дархлдор ва ташкилотҳои қарзӣ дар ҳамкорӣ бо Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” (Малайзия) лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро барои таъсиси ташкилотҳои қарзии исломӣ мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор дода истодаанд.



СССР


Панҷшанбе, Апр 13 2017


160 ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсулоти худро дар ярмарка-намоишгоҳе, ки аз 17 то 21 апрели соли равон дар Маркази савдои «Пойтахт -90»-и ш. Душанбе доир мегардад, ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Шоқосим Шоисломов, сафири ин кишвар чанде пеш дар 1 нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки намоишгоҳ бо ибтикори Палатаҳои савдо ва саноати 2 кишвари ҳамҷавор Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода шуда, ҳадафаш тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ маҷмӯи молу маҳсулоти саноатии бахши мошинсозӣ, техникаи кишоварзӣ, саноати кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, масолеҳи сохтмон, инчунин хӯрока, либос, қолин ва дигар маҳсулот барои рӯзгор ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.



СССР

саҳ 57 аз 70

Китобҳо

Flag Counter