21.04.2017 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода аъзои Раёсати Биржаи Москва ҷаноби Игор Маричро, ки бо сафари хизматӣ ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти расмӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар ошно намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд. Зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро ба таъмини рушди босуботи низоми бонкӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои гуногун ба низоми молиявӣ равона сохтааст.
Ҷаноби Игор Марич дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати мазкур, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон буда, бад-ин васила ҷонибҳо метавонанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Номбурда дар хусуси доир намудани амалиётҳо тавассути биржа бо истифода аз фишангҳои гуногун ва маҳсулоти дигари ҷолиб маълумот пешниҳод кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳҳои пешбурди бозори асъори хориҷӣ бо назардошти имкониятҳои Биржаи Москва, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва савдои сомонӣ/рубл табодули назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар рафти вохӯрӣ оид ба пайдо шудани заминаи ҳуқуқӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт” ҷиҳати иштирок дар амалиётҳои гуногуни бозори байнибонкӣ сухан кард. Мавсуф зикр кард, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар ин самт таҳлил ва омӯзиши дақиқ ҷиҳати манфиатовар будани он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим ва ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои судманд муҳокима шуданд. Дар интиҳо ҷаноби Игор Марич Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро барои ташриф ба Биржаи Москва даъват намуд. Аъзои Раёсати Биржаи Москва ҷаноби Игор Маричро, дар ин сафари расмӣ директори Департаменти намояндагии байналмилалии биржаи мазкур ҷаноби Сергей Данов ҳамроҳӣ намуд.
СССР