ХАБАРИ ДОҒ

Пойгоҳҳои беобу хароби Панҷакент

  • Панҷшанбе, Апр 20 2017


Дар ҳоле, ки ш.Панҷакент яке аз шаҳрҳои калонтарини аграрӣ асту барои зиёд кардани кишти картошка мутасаддиён талоши зиёд доранд, яке аз калонтарин пойгоҳҳои обкашӣ дар ҳоли тахрибу нобудшавӣ қарор дорад. Пойгоҳи обкашии мазкур муталлиқи собиқ колхози ба номи «Дзержинский» будааст. Он дар самти ҷануби ғарбии ш.Панҷакент, тақрибан 3 км дуртар аз роҳи калони деҳаи Тошмунор ҷойгир аст. Аз рӯи иттилоъи баъзе аз ҳолдонҳо, тариқи ин пойгоҳи обкашӣ садҳо  гектар заминҳои деҳаҳои Шӯрнова, Туркшӯрнов, Чиларча шодоб мешудаанд. Замоне, ки мо барои дидани ҳолати ин пойгоҳи обкашӣ рафтем, тақрибан ягон асбоби он ба ҷуз қубурҳояш намонда буд. Дастгоҳҳои барқӣ ва дигар васоити техники пойгоҳ титу пит буданд. Аз ин ҳолат мурғони ҳаво ҳам доду фиғон мекарданд. Ин пойгоҳи обкашӣ замони Шӯравӣ сохта шудааст. Агар замони СССР мебуд, онҳое, ки ин пойгоҳро ба ҷои нигоҳубин ва истифодаи самарок ба чунин ҳолат расонидаанд рост ба зери таҳхона мерафтанд, ки номашро маҳбас мегӯянд. Ростӣ намедонем, бори охир кай ин насос кор карда буду ба заминҳои қисме аз деҳаҳои ҷамоати Саразм об расонида буд. Боиси қайд аст, ки деҳқонони шаҳру деҳоти Панҷакент  барои зиёд кардани кишти картошка, яке аз зироатҳое, ки бештар обталаб аст вазифадор шудаанд. Агар ин насос бо иқтидори пуррааш ба кор дарояд садҳо га замин шодобу, садҳо ҷои корӣ мешавад. Муҳимтар аз ҳама иҷроиши нақшаи кишти картошка  барзиёду сари вақт таъмин мегардад – мегӯянд коршиносон. Аксҳои мо бозгӯи ҳолати ин пойгоҳи обкашианд.


Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter