Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус гуфт, ки "ҳар яки мо бояд Ватанамон ва нуфузу обрӯи онро азиз шуморем ва ҳаргиз нагузорем, ки хоинони Ватан ба номи он иснод оваранд." Президент бо ишораи низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна гуфт, тибқи иттилои мақомот, дар 5 соли гузашта аз н.Қубодиён 80 нафар, аз ҷумла, 54 нафар ҷавонон, 9 оила иборат аз 30 кӯдак ва ҳатто кӯдакони ноболиғ ва аз н.Шаҳритус 79 нафар дар қаламравҳои таҳти тасарруфи гурӯҳҳои ҷангӣ қарор доранд ва дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок мекунанд.