Рустами Эмомалӣ, Президенти футболи Тоҷикистон роҳбари нави CAFA (Central Asian Football Аssociation)-Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуд.
Тавре сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, интихоби Рустами Эмомалӣ дирӯз зимни анҷумани ассотсиатсияи мазкур, ки дар ш.Душанбе баргузор гашт, сурат гирифтааст. Инчунин, дар анҷуман муовини роҳбари CAFA муовини аввали роҳбари Федератсияи футболи Қирғизистон Достонбек Конокбоев ва дабири кулли Федератсияи футболи Туркманистон Арслон Ойназаров муовини роҳбари CAFA интихоб шуда, дафтари марказии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз Тошканд ба Душанбе хоҳад кӯчид.
Бояд қайд намуд, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ соли 2014 таъсис ёфта, федератсияҳои футболи 6 кишвар-Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад.