Панҷшанбе, Янв 18 2018

1 корманди андоз дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба хотири гирифтани ришва аз 1 сокини ноҳия боздошт шуд. 1 манбаъ аз ҳукумати ҳамин ноҳия, имрӯз 18 январ, ба мухбири СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки муовини раиси андози ноҳия-Убайдулло Шарипов барои пора гирифтанаш дастгир шудааст. Убайдулло ҳангоми гирифтани 8000 сомонӣ аз 1 сокин барои бекор намудани фаъолияти соҳибкорӣ боздошт шудааст. Раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи вилоят бо тасдиқи ин хабар ба СССР  гуфт, ки боздошт аз ҷониби кормандони онҳо сурат гирифта, алайҳи боздоштшуда бар асоси моддаи 319-и Кодекси Ҷиноии ҶТ, яъне гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомоти тафтишот мегӯяд, ин аввалин ҳолати боздошти 1 корманди нозироти андоз дар соли ҷорӣ дар н.Вахш сабт шудааст, ки боздоштшуда аз мақомаш барканор ва феълан дар озодӣ қарор дорад.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, Янв 17 2018


Лейтенанти калони милитсия Ҳукуматзода Камолиддин Раҷабали – бозраси калони Взводи махсуси Ротаи хадамоти роҳбонии РБДА ВКД ҶТ 15.01.2018 соати 20:00, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар кӯчаи Ҷ.Расулов, ноҳияи Синои ш. Душанбе, зимни боздошти воситаи нақлиётии тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 77-34 ЕА 01, ки ронандааш дар ҳолати сархушӣ қарор дошт ба ҳалокат мерасад. Ронанда пас аз истифодаи маводи мухаддир дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст.
Чуноне ки дар сомонаи ВКД ҶТ омадааст, Ҳукуматзода Камолиддин Раҷабали 30 январи соли 1985 дар н.Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1 н.Файзобод соли 1999 ба Коллеҷи Техникии Тоҷикистон ба факултаи «Сохтмон ва роҳсоз» дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намудааст. Дар соли 2015 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултаи «Ҳуқуқшинос» дохил шуда, дар бахши 3-юм таҳсил менамуд.
Аз моҳи феврали соли 2013 дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кор фаъолият намуда, дар ин муддат дар вазифаҳои ҳайати миёна ва роҳбарикунанда сарбаландона фаъолият намудааст.
Дар муддати кориаш дар мақомоти корҳои дохилӣ худро ҳамчун корманди фаъол ва ташаббускор нишон дода, баҳри волоияти қонун, тарбияи кормандони ҷавон, баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолият дар мақомоти милитсия кӯшиш ба харҷ медод.
Ҳайати шахсӣ ва роҳбарияти ВКД ҶТ нисбати даргузашти Ҳукуматзода Камолиддин Раҷабалӣ сахт андӯҳгин буда, ба наздикон ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият мекунанд.


Душанбе, Янв 15 2018


Полковники милитсия Раҷабзода Кароматулло Сайфулло мушовири калони вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ таъин гардид.
Раҷабзода Кароматулло Сайфулло, ки дар байни мардум бештар бо тахаллуси «Капитан Клосс» машҳур аст, то ин дам вазифаи муовини аввали сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанберо бар ӯҳда дошт.

СССР

Сешанбе, Янв 09 2018


Дар давоми 12-моҳи соли 2017 аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар ш. Душанбе шумораи зиёди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба монанди одамкушӣ, роҳзанӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳу дигар лавозимоти ҷангӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, авбошӣ ва дигар намудҳои ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ба таври фаврӣ ошкор карда шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давоми сол аз ҷониби кормандони Раёсат ва шӯъбаҳои зертобеъи он 3706 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93-ҷиноят камтар мебошад.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар ш. Душанбе қайд гардид, ки дар давоми соли 2017, дар пайи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тибқи моддаи 90 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 5139 нафар волидайн, барои бемасъулиятию хунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзандонашон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 759 адад зиёдтар мебошад.
Дар давоми 12-моҳи соли 2017 дар пойтахти кишвар 264 ҳодисаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи рух додани садамаҳои мазкур 37 нафар ба ҳалокат ва 262 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

СССР

Панҷшанбе, Янв 04 2018


2.12.2017 дар марзи Афғонистону Тоҷикистон полковники қӯшунҳои марзбонии назди Кумитаи амнияти ҶТ бо 4 тан мавриди ҳамлаи қочоқбарон қарор гирифтанд. Бар асари ин шабехун 4 сарбоз захм бардоштаву полковник Аҳтамов қаҳрамонона ҳалок шуд. Дар сӯҳбати вежа бо СССР афсари баландрутбаи қӯшунҳои марзбонӣ гуфт, «Хайриддин аҷоиб марди чобуку ҷасур буд, ки дар ҳама амалиётҳо худаш пеш-пеш мерафту бо тани худ ҷони сарбозонро мепӯшонид». Зимнан дар рӯзи 2 декабр низ ӯ барои кушта нашудани ҷавонони зертобеаш худро фидо намуд.
Дар куштори полковник Аҳтамов гурӯҳи 12-нафараи қочоқбарони афғон таҳти сарварии Кӯри Саттор даст доштанд. Ҳамзамон аз Неъмат ва Тӯғалӣ-сокинони Тахори Афғонистон сӯҳбат меравад, ки низ муҷрими ин қатланд. Аммо факти ахирие, ки дастраси матбуот шуд, нигаронкунанда аст. Маълум мешавад, ки ин амалиёти қочоқбарони афғонро аз…яке аз зиндонҳои Тоҷикистон тавассути телефони мобилӣ роҳандозӣ кардаанд.
Сарчашмаи муътамаде ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, ки қочоқбарон ва қотилони полковник Аҳтамов солҳои қаблӣ сокини зиндонҳои Тоҷикистон будаву сипас дар пайи татбиқи Амнистия ба ватан баргаштаанд. Онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон бо ҳамкорони худ, яъне қочоқчиёну наркобаронҳои маҳаллӣ шинос шудаву баъди бозгашт ба ватан тавассути симкортҳои ширкатҳои мобилии тоҷикистонӣ бо инҳо дар тамос мешудаанд ва қочоқи маводи мухаддираро равнақ бахшидаанд.
Ин сарчашма ҳамзамон афзудааст, ки ба амалиёти ахирӣ, ки бо марги полковники марзбонӣ хатм шудааст, аз яке аз зиндонҳои кишвар роҳбарӣ мекардаанд. Тибқи тамоси телефонии зиндонии қочоқчие дастаи Кӯри Саттор бояд 33 кг наркотик овардаву ба гурӯҳи ба тафтишот номаълуме бояд медод. Ҳоло амалиёти пайдосозии қочоқчие, ки ба ин амалиёт роҳбарӣ мекард, давом дорад.
Хотиррас мешавем, тибқи қонун доштани телефонҳои мобилӣ дар зиндонҳо манъ аст, вале аз касе пӯшида нест, ки дар зиндонҳо теъдоди зиёди телефону симкортҳо дар гардишанд ва маҳбусон озодона ба берун тамос мегиранд.
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

$1 млн барои сари Кӯри Саттор
Газетаи мардумии СССР ҳанӯз аввали декабри соли гузашта эълон карда буд, ки барои Кумитаи амният, Қӯшунҳои марзбонӣ ва тамомии мақомоти қудратӣ пайдо ва ҷазо додани қотили полковник Хайриддин Аҳтамов кори ҷонӣ ва ҳифзи шараф аст. Зимнан барои маҳви Кӯри Саттори афғон бояд ҷоизаи пулӣ, фарзи мисол, дар ҳаҷми 1 млн доллар, эълон кард. Ин амали мамнӯъ нест. Амрико барои мисол барои дилхоҳ террорист ё наркобарон чунин нархгузорӣ мекунад. Бовар кунед, баъди эълони ин ҷоиза зиндагонӣ бар ин ҳаромӣ ҳаром мегардад ва шабу рӯз хобаш гуму ҳаёташ талх мешавад. Зеро сари ӯро дилхоҳ ҳампешааш метавонад  буррад. Ва агар сари Кӯри Сатторро биоранд, дигар ягон қочоқчиву марзшикани бӯйин дар қасди куштори марзбонҳои мо намешавад.Мо Медонем чӣ мегӯем. Мо метавонем!

Сешанбе, Янв 02 2018


Шаби соли нав дар тарабхонаи шаҳраки Дӯстӣ, маркази н.Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) бар асари занозании хунин Алишер Абдуллоев, сокини 30-солаи ш.Қӯрғонтеппа кушта шудааст.
Аминзода Фотеҳ раиси ноҳияи Ҷайҳун дар сӯҳбат бо мухбири СССР ин фоҷиаро тасдиқ карда гуфт, ки 1 гурӯҳ ҷавонон шаби соли нав дар тарабхонаи шаҳраки Дӯстӣ соли навро бо нӯшидани арақ пешвоз гирифта, дар натиҷа маст мешаванд. Бо сабабе байни 3 нафар ҷавонони ноҳияи мазкур ва ин сокини ш.Қӯрғонтеппа муноқиша сар зада, Алишер Абдуллоев лату кӯб гашта, дар натиҷа вай дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Прокуратураи ноҳия нисбати ин қазия парванда боз карда, таҳқиқ идома дорад.


1 манобеи СССР аз ҳукумати н.Ҷайҳун дар сӯҳбат афзуд, ки Алишер Абдуллоев ин тарабхонаро иҷора гирифта буд. Шаби соли нав бо худ раққоса низ овардааст, ки таъби мизоҷонро болида гардонад. Баъди анҷоми ҷашн Алишер раққосаҳои даъватшудаҳоро ба макони зисташон бояд мебурдааст. 1 гурӯҳ ҷавонони маҳаллӣ  аз ин норозӣ шуда, бо Алишер даъво кардаанд. Дар ҳамин маврид байни Алишеру ин гурӯҳ ҷавонон, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, муноқиша сар мезанад.
Алишер Абдуллоев бародари Рокия Абдуллоева,1 хабарнигори шинохта мебошад, ки солҳои тӯлонӣ дар телевизиони вилоятии Хатлон ва баъдан дар ТВ  Сафина фаъолият кардааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилоти Хатлон

саҳ 35 аз 83
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase