Панҷшанбе, Дек 14 2017


Дафтари матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки «гузаргоҳҳо дар марз бо Афғонистон баста нестанд ва сарҳадбонон бо реҷаи муқаррарӣ марзро посбонӣ мекунанд. Гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳад бо Афғонистонро касе набастааст, ҳама мисли пешин аст ва ҳамчунин купрукҳо низ тариқи дарёи Панҷ баста нашудаанд». Иттилои ҚС КДАМ ҶТ дар ҳолест, ки пештар оид ба баста шудани ҳама гузаргоҳу пулҳо бо Афғонистон ва қатъи фаъолияти 5 бозори марзӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшону н.Ш.Шоҳин (Шӯрообод)-и вилояти Хатлон, хабарҳо паҳн шуда буд.

Панҷшанбе, Дек 14 2017


   Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи тирамоҳу зимистон ва истифодаи оқилонаю самараноки нерӯи барқ, дар бозору марказҳои савдо, корхонаю муассисаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин корҳои тарғиботу ташвиқотиро боз ҳам пурзӯр намуда, фаъолияти шабонарӯзии хешро ба роҳ мондаанд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, новобаста ба корҳои профилактикӣ- фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои доимию чораҳои андешидаи кормандони ХДО ВКД ҳамоно аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Ҳафизов, ҷойи истифодаи ангишт дар нонвойхона, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор-124, барои пухтани нон аз спиралҳои баландшиддати истеъмолкунандаи зиёди қувваи барқ ва фурӯзонакҳои тафсон фаровон истифода мешавад. Ҳамин гуна ҳолатҳои беинсофона роҳ додан ба харҷшавии барзиёди нерӯи барқ дар нонвойхонаҳои соҳибкор Диловар Хоҷаев, воқеъ дар кӯчаи Ҷомии н. Сино ва соҳибкор Аҳмад Асламов, воқеъ дар кӯчаи Саҳбои н.И.Сомонии шаҳри Душанбе низ аз тарафи гурӯҳи кории сарраёсат ошкор карда шуданд.
   Ҳолати дигари риоя нашудани талаботи истифодабарии оқилонаю сарфакоронаи нерӯи барқ, аз тарафи гурӯҳи кории СХДО ВКД, дар ҳаммоми кӯчаи Абай 1-и н. Фирдавсии шаҳри Душанбе, мансуб ба Сулаймон Чолов ошкор карда шуд. Дар иншооти мазкур низ ҷойи истифодаи ангишт, дар 3 адад буғхонаҳои ҳаммом, аз спиралу таҷҳизотҳои баландшиддати истеъмолкунандаи зиёди қувваи барқ ва фурӯзонакҳои тафсон фаровон истифода карда мешуданд. Чунин ҳолат дар ҳаммоми кӯчаи Гипрозем 36-и н.Сино ҳам ба чашм мерасад. Ҳарчанд дар ҳаммоми кӯчаи Фирдавсӣ 14-и н.Фирдавсӣ барои фаъолият аз ангишт истифода баранд ҳам, вале бухории он бархилофи меъёру талаботҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар таҳхона ҷойгир карда шудааст, ки чунин ҳолат эҳтимолияти хавфи сӯхтор ва паҳншавии бемонеаи оташу дуди ғализи онро метавонад боис гардида, ба ҳаёту саломатии мизоҷони он зиён расонад.
   Дар тарабхонаи “Сапеда” низ мансуб ба соҳибкор Сайлигул Муродова, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2, н.Синои шаҳри Душанбе, ба замми истифодаи фурӯзонакҳои тафсону спиралҳои баландшиддат, тартиби истифодабарии зарфҳои гази моеъ низ бар хилофи талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ба роҳ монда шудааст, ки чунин хунукназарии соҳибкор натанҳо эҳтимоли хавфи ба амал омадани ҳодисаи сӯхтор, балки таркиши зарфҳои гази моеъро ҳам дар пай дорад, ки он метавонад боиси фоҷиа гардад. Тааҷубовараш он аст, ки Сайлигул Муродова ба меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор умуман диққат надода, дар тарабхона ҳатто ягон адад оташхомӯшкунак ҳам мавҷуд нест.
Самаранок истифода набурдани нерӯи барқ ва роҳ додан ба исрофшавии беҳудаи он дар Бозорчаи “Чашма”-и маҳалаи 46-уми пойтахт ҳам ошкор карда шуд. Ин ҷо шабонгаҳ пас аз анҷоми реҷаи корӣ низ фурӯзонакҳои дохили бозорча бе ягон зарурият фурӯзон буда, аз бемасъулиятии роҳбарону мутасаддиёни он шаҳодат медод.
   Вобаста ба далелҳои ҷойдошта, нисбати роҳбарону масъулони дахлдор, аз тарафи гурӯҳи кории СХДО ВКД протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои муваққатан қатъ гардонидани фаъолияти иншооту коргоҳҳои номбурда қарорҳои дахлдор бароварда шуданд.

СССР


Сешанбе, Дек 12 2017



Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сардорони 1 қатор Раёсату шӯъбаҳои ВКД-и кишвар дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин карда шуданд.
Аз он ҷумла, генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо – сардори РВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон – сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Сабзов Шералӣ – сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД, генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил – сардори Раёсати таҳқиқи ВКД, генерал-майори милитсия Қунғуротзода Фотеҳ – сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур – муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб – сардори РВКД дар ВМКБ.
Инчунин, полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло – сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, полковники милитсия Хафиззода Шодӣ Хуршед – сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, подполковники милитсия Саидзода Шоҳрух Абдуфатоҳ – сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ва полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор – сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД таъин карда шуданд.
Чуноне ки сомонаи ВКД ҶТ хабар медиҳад, подполковник Раупов Суҳроб Орзуевич – Фармондеҳи қӯшунҳои дохилии ВКД, полковники хизмати дохилӣ Рустамов Хурсанбек Маҳмадалиевич – сардори Раёсати тиббии ВКД,  подполковники хизмати дохилӣ Гиёзода Собирҷон Мусофир – сардори Раёсати алоқаи ВКД, подполковники милитсия Каримзода Абдураҳмон Ҳаким – сардори Шуъбаи ВКД дар нақлиётбудаи вилояти Суғд, подполковники милитсия Усмонзода Анис Карим – сардори ШВКД дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷаъфар Комил – сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор, полковники милитсия Шарифзода Ҷамшед Карим – сардори ШВКД дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, полковники милитсия Шокирзода Баҳром Хол – сардори ШВКД дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат – сардори ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, подполковники милитсия Достиев Рустам Абдулмаҷидович – сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, полковники хизмати дохилӣ Аҳмадзода Рустам Саидаҳмад – сардори ШВКД дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, полковники милитсия Анварзода Шӯҳрат – сардори ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, полковники милитсия Сайфзода Самад Мадамон – сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод, подполковники милитсия Фидозода Мирзо Қаноатшо – сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод  ва подполковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло – сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Навобод»-и РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт таъин гардиданд.

СССР




Панҷшанбе, Дек 07 2017


Аз ҷониби кормандони милитсия зани 22-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, номбурда, рӯзи 5.12.2017, тахминан соати 18:00-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шавҳараш, марди 22-сола, ҷангу ҷанҷол кардааст.
Дар натиҷа гумонбаршуда бо корди ошхонагии дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Душанбе, Дек 04 2017


2 декабри соли 2017, соати 19:10 дақиқа, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид.
Чуноне ки КДАМ ТҶ хабар медиҳад, марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, сардори отряд  полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар рафти амалиёт қаҳрамонона ҳалок гардида, 4 нафар сарҳадбонон захмдор шуданд. Бо оташи ҷавобии марзбонони тоҷик 3 нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуданд. Ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд.
Дар ҷои ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид. Аз тарафи қувваҳои иловагии кумакрасон, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба қочоқчиёни  боқимонда идома доранд.
Сарҳадчиёни ҳангоми боздошти қочоқчиён маҷрӯҳшуда бистарӣ гардида, хизматрасонии зарурии тиббии онҳо таъмин карда шудааст. Вазъи саломатии онҳо миёнаи муътадил мебошад.
 


Душанбе, Нояб 27 2017


Суди вилояти Хатлон Абдулазизов Фирӯз-сокини ноҳияи Вахшро барои он ки дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» саҳифаи худро бо номи “О аллах дай мне сабр” ақидаҳо, расмҳо ва наворҳои номатлуби ташкилоти экстремистӣ-террористии "Давлати исломӣ"-ро дастгирӣ мекардааст, ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Муовини суди вилоят-Бойзода Темир дар сӯҳбат бо СССР ин қазияро шарҳ дода гуфт, ки Фирӯз бо ғояҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломӣ” шиносоӣ пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ с.2014 ҳангоми дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доштанаш дар шабакаи интернетии “Одноклассники” саҳифаи худро бо номи “О аллах дай мне сабр”сохта, дар он ақидаву расму наворҳои “Давлати исломӣ”-ро мавриди муҳокима қарор дода, онҳоро дар худ дуруст қабул кардааст. Ҳамзамон, бо мақсади бо пуррагӣ аз худ намудани ғояҳои ташкилоти мазкур дар давоми солҳои 2015-16 тавассути саҳифаи шахсии худ дар “Одноклассники” расмҳои мутааллиқ ба ДИИШро илова намудааст. Инчунин, расму наворҳоро барои зер кардани тугмачаи “класс” ба дӯстонаш Катаев Ёқуб, Мирзоев Зоиршо ва дигарон паҳн менамудааст. Бойзода Темир афзуд, ки зимни азназаргузаронии саҳифаи интернетии “О аллах дай мне сабр”, ки ба Фирӯз тааллуқ дорад, расму наворҳои “Давлати исломӣ” ёфта гирифта шуд. Гуфта мешавад, ки Фирӯз дар мурофиаи судӣ худро бо айби эълонкардашуда бо моддаи 307, прим 1, қисми 2-и КҶ ҶТ пурра гунаҳгор донист.
Суди вилояти Хатлон Фирӯзро бо ҳамин моддаи мазкур ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум намуд ва дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сангин интиқол дод, то бо “сабри аз Аллах мехостааш” он ҷо дам гирад...

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилоти Хатлон

саҳ 36 аз 83
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase