ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 01 2017

Суди вилояти Хатлон 1 сокини н.Бохтарро бо ҷурми узви равияи экстремистии «Салафия» будан 5 сол зиндонӣ кард. Муҳиддинзода Сайфуддин-додраси додгоҳи вилоят дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Назаров Муҳаммадсаид аз с.2015 таълимоти динии «Салафия»-ро дар мадрасаи «Ишоат Тавҳид»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон омӯхта, то ин ҷониб ҳамчун аъзои динии равияи «Салафия» иштирок карда, дар маъракаву маросими мардум дар байни омма ба ташвиқи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ машғул буда, дигар сокинонро ба ин равия ҷалб мекардааст. Ӯ ба онҳо ғоя, мақсад ва мароми равияи экстремистии мазкурро таълим дода, таълимоти мазҳабии «Ҳанафия»-ро пурра инкор намуда, тарзи намозгузориашонро тағйир дода, ба пайравии таълимоти динии равияи экстремистии «Салафия» даъват мекардааст.
Хотиррасон мекунем, ки фаъолияти Салафия дар асоси ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз 8.12.2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) манъ шудааст. Аммо Муҳаммадсаид дидаю дониста дар шабакаҳои интернетии «Whats App» с.2015 гурӯҳи махсусро бо номи «Муҳибони Саҳоба» кушода, дар он ақидаҳои динӣ ва экстремистии равияи манъшудаи «Салафия»ро омӯзиш дода, шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, Шарипов Лутфуллоро ба он талқин намудааст...

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Окт 26 2017


Ҳамин ҳоло 1 манбаъи мӯътамад ба газетаи мардумии СССР занг зада, хабар расонд, ки рӯзи 24 октябр Субҳиддин-ронандаи Анзурат Ашӯрова-муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шоҳроҳи самти Қӯрғонтеппа-Ҷ.Балхӣ 1 духтари роҳгузарро бо мошини давлатиаш пахш мекунад. Дар дохили мошин худи Ашӯрова низ будааст. Гуфта мешавад, ки Ашӯрова худ сокини ш.Қурғонтеппа аст, аммо дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба ҳайси муовини раиси ноҳия фаъолият мекунад. Ҳини аз самти Қурғонтеппа ба ноҳияи мазкур омадан, ронанда дар наздикии ҷамоати деҳоти «Чапаев» аз ӯҳдаи нақлиёт набаромада, Малика Абдузоироваи 19-соларо пахш мекунад. Маликаро ҳамон замон дар беморхонаи ҳамин ноҳия бистарӣ мешавад. Сардухтури беморхонаи ноҳия Бузмаков Шералӣ дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки «аҳволи бемор феълан муътадил аст ва ягон осеби ҷиддӣ надидааст». Ҳоло нисбати ронанда, ки ҳевари Анзурат Ашӯрова будааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар акс Анзурат Ашӯрова

СССР

Чоршанбе, Окт 25 2017

23.10.2017, тахминан соати 19:40-дақиқа, ронандаи автомшинаи тамғаи “Фолсваген”, Арипов Мансур Мақсудҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди н.Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Якубов Максим Якубович, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Шаҳристонро пахш намудааст.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷа пиёдагард, Якубов М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

СССР


Душанбе, Окт 23 2017


Аксҳои 1 духтараки ноболиғ дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сару садои зиёде шуд. Дар аксҳо дар сар, пушт ва дастони духтар бештар доғҳо дида мешавад. Ҳукумати ин ноҳия хушунати кӯдаки ноболиғ Судоба Сафароваро, ки аз сӯи холааш дар кӯч.Ҷомӣ, хонаи 89 рух додааст, тасдиқ карда гуфт, ин ҳодиса 1 соли пеш рӯй додааст. Падару модари кӯдак ҳоло дар зиндон аст, вале хешовандони 2 тараф-холаю аммаҳои ноболиғи латукӯбшуда барои соҳиб шудани манзили кӯдакҳо вориди баҳс ҳастанд, вале кӯдак дар хонаи холааш мавриди хушунати ҷисмонӣ қарор гирифтааст.
Сайлигул Шарипова-мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати ноҳия дар суҳбат бо СССР гуфт, «ин духтараки ноболиғ дар синфи 5-уми мактаби миёнаи №45-и ноҳия таҳсил мекунад. Аз ин ҳодиса додситони ноҳия огоҳ буданд, вале ин қазия ба куҷо расидааст, онҳо огоҳ нестанд. Барои маълумоти пурра гирифтан аз мақомоти дахлдор то 12 нафар табиб назди Судоба рафта, санҷиш гузаронидем. Дар бадани ӯ ягон осеб дида намешавад. Аз ӯ дар бораи ин аксҳои интернетӣ пурсидем. Судоба мегӯяд, «ман чанде пеш аз помонакҳо-“лестница”-и хона афтида будам ва аммаамро бениҳоят дӯст медорам”.
Директори мактаби миёна Қамариддин Шамос дар сӯҳбати СССР ҳодисаро тасдиқ карда гуфт, аз намояндаи ҳукумат низ омада тафтиш карданд. Худи ҳозир роҳбари синф, хола ва аммаи Судоба дар ШВКД-и ноҳия бозпурсӣ шуда истодааст. Гуфта мешавад, ки падари модари Судоба дар Русия зиндониянд ва ӯ дар тарбияи аммааш қарор дорад. Ин аксҳое, ки дар интернет нашр шудаанд, хусумати байни хола ва аммаи Судоба аст…».

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, Окт 20 2017


Дар Мурғоб як ҷавони 25-сола бо гумони дуздии 14 сар чарвои хурди шохдор дастгир шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ба мақомоти милитсия марди 40-солаи сокини н.Мурғоб шикоят бурдааст, ки моҳи августи соли 2016, шахси номаълум пинҳонӣ аз дохили “ферма”-и назди ҳавлиаш 14 сар чорвои майдаи шохдор, ки арзиши умумиашон 4 ҳазору 52-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 25-солаи ноҳияро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд...






Чоршанбе, Окт 18 2017

Имрӯз, 18 октябр, Сайдализода Сайвалӣ-раиси суди ш.Қурғонтеппа дар сӯҳбат бо СССР афзуд, дар ин рӯзҳои охир, ки муҷозоти ронандагони маст сангин шудааст, дар шаҳр 3 ронандаи мастро ҷазои маъмурӣ дода, дигар то 5 сол ҳаққи ронандагиро надоранд. Дар 1 моҳи ахир 5 нафар ронандае, ки мошинро маст идора мекарданд, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳабс ва муҷозот шудаанд. 2 нафари онҳо ҷарима шуда, ҳаққи ронандагиро барои 5 сол аз даст додаанд. Ин ронандагон 15 шабонарӯзро бо ҷазои маъмурӣ дар маҳбас пушти сар мекунанд: Ҷамшед Ибрагимов, Баҳриддин Норов ва Амиршо Шарипов.
2 ронандаи дигар-Абдуназар Султонов 15.000 ва Маъруфҷон Валиев 20.000 сомонӣ ҷарима пардохт кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ ин муҷозот дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ сабт шудаанд. 2 моҳи пеш порлумони Тоҷикистон Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тағйир дод, ки бар асоси он ронандагӣ дар ҳолати мастӣ то 15 шабонарӯз ҳабс ва 15 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад. Ҷазои ронандагони маст дар ҳоле шадид шуд, ки бар асоси омори расмӣ аксаран садамаҳои пурқурбонӣ дар ҳудуди вилоят бо гуноҳи ронандагони маст сурат мегирифтаанд.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

саҳ 38 аз 83

Китобҳо

Flag Counter