ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Фев 09 2018


Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зодаи ш.Панҷакент, шаҳрванди Федератсияи Россия, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри мазкур, дар вазифаи ноиби ректори Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент оид ба илм ва иноватсия кор карда, дидаю дониста, ба 1 сокини ш.Панҷакент, ки пас аз хатми мактаби миёна умуман дар ягон муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Федератсияи Россия таҳсил накардааст, барои аз Донишкадаи Давлатии Омӯзгории шаҳри Омски ФР дастрас намудани маълумотномаи қалбакӣ, 3600-доллари амрикоирро ҳамчун пора талаб кардааст.
Бино ба итиллои ВКД ҶТ, номбурда, санаи 8-уми феврали соли 2018, дар утоқи кориаш дар вақти гирифтани пора ба маблағи 3600-доллар аз марди дар боло зикргардида аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Панҷшанбе, Фев 08 2018


111 нафар шаҳрвандони кишвар, ки дар соли 2017 бо хоҳиши худ аз давлатҳои исломӣ, алалхусус Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон баргаштанд, авф карда шуданд. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар дар ин робита афзуд, ки ин шаҳрвандон бо фиреб ва гумроҳӣ ба ин давлатҳо сафар карда, пас аз пушаймонӣ бозгаштаанд.
Бино ба итиллои вазир, соли гузашта 372 нафар шаҳрвандони мамлакат дар пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, аз он ҷумла, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Давлати исломӣ”, “Ансаруллоҳ”, “Ҷабҳат-ун-нусра” боздошт гардида, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шудааст.

СССР


Панҷшанбе, Фев 08 2018


Дар соли сипарӣ гашта ҷиноятҳои вазнин бештар дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, Кӯлобу Турсунзода ва н.Б.Ғафуров содир шуда, дар ҷамъ дар соли 2017 дар ҳудуди мамлакат 22 ҳазору 18 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Чуноне ки имрӯз Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои хориҷии ҶТ ба хабарнигорон гуфт, аз ин теъдод 108 ҷинояти куштор, 42-роҳзанӣ, 159-ғоратгарӣ, 53-таҷовуз ба номус, 132-қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, 1231-авбошӣ, 5311-дуздӣ ва 2667-ҷинояти қаллобӣ мебошанд. Назар ба соли 2016 дар соли 2017 262 ҷиноят бештар ба қайд гирифта шуда, сатҳи ошкоркунии онҳо 83,4% ташкил медихад.

СССР

Панҷшанбе, Фев 08 2018


Дар соли 2017 дар чаҳорчубаи мубориза алайҳи фарбеҳӣ дар ВКД ҶТ беш аз 20 нафар кормандони милитсия, ки вазнашон зиёд буд, аз кор озод карда шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии мамлакат ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Бино ба итиллои Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз кор озод кардани милисаҳои фарбеҳ характери муваққатӣ дошта, пас аз лоғар шудан, онҳо боз метавонанд дубора ба сафи ҳамкоронашон бипайванданд.

СССР

Чоршанбе, Фев 07 2018


6.02.2018 дар ВКД-и Федератсияи Россия маросими баимзорасонии Созишнома дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Россия мазкур баргузор гардид.
Баимзорасонии Созишнома бо қарори роҳбарони ИДМ раиси Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои ИДМ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва аз номи Ҳукумати ФР ба вазири корҳои дохилии ин кишвар генерали политсияи Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев вогузор карда шуд.
Бино ба итиллои ВКД ҶТ, мавриди қайд аст, ки Созишномаи байналмилалии мазкур мавқеи ҳуқуқии будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнокро дар қаламрави Россия таҳким бахшида, ҷиҳати таъсис додани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари он мусоидат менамояд.




Душанбе, Фев 05 2018


Дар соли 2017 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии ҶТ нисбати 768 адад қонуншиканиҳо дар самти риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» протоколҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти судӣ фиристонида шудааст.
Чуноне ки Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ дар нишасти хабарӣ доир ба ҷамъбасти соли 2017 хабар дод, дар байни вайронкунандагони қонуни мазкур 13 нафар хизматчиёни давлатӣ, 30 соҳибкор ва 1 имом-хатиб низ ҳастанд.

СССР

саҳ 33 аз 83

Китобҳо

Flag Counter