Гавҳарбӣ Пиракова-Қаҳрамони зиндаи меҳнати сотсиалистӣ дар ҶТ

  • Ҷумъа, Март 05 2021

 

 Дар арафаи Рӯзи Модарон, мухбири Газетаи мардумии СССР, ба табрики Гавҳарбӣ Пиракова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, бонуи муваффақ, ба Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ рафт. Гавҳарбӣ Пиракова аввалин духтари кӯҳистониву кӯлобиест (манзур минтақаи Кӯлоб), ки ба сари чамбараки трактор нишаста, чиниши пахтаро аз 100 тонна ҳам гузаронидааст.

Шогирди Миралӣ Маҳмадалиев

 Гавҳарбӣ Пиракова соли 1942 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шудааст. Он солҳо мардуми деҳаҳои кӯҳистонро ба водӣ, бо мақсади рушди пахтакорӣ муҳоҷир менамуданд. Оилаи Гавҳарбӣ низ аз ноҳияи Мӯъминобод ба ноҳияи Восеъ кӯч баст. Мавсуф дар мактаби №4 – и деҳаи Қурбоншаҳид таҳсил карда, соли 1954 баъди хатми мактаб, ба ҳайси ҳисобчӣ ба бригадаи пахтакории колхози ба номи Ленин, ки дар он раиси шинохтаи он давра Миралӣ Маҳмадалиев роҳбарӣ мекард, ба кор қабул шуд. Пас аз ҳисобдорӣ табелчӣ шуда кор карду моҳи январи соли 1960 муовини раиси колхоз оид ба равшаннамоӣ таъин гашт. 

“Ман бояд қаҳрамон шавам!”

Гавҳарбӣ Пиракова зимни суҳбат гуфт, ки ҳамон солҳо, яъне солҳои   1960 – 1964 барояш Турсуной Охунова, қаҳрамони меҳнат, бригадири бригадаи механикунонишудаи пахтакорони колхози ба номи С. Кирови вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон намуна буд.  Гавҳарбӣ акси Турсунойро дар сари рули трактор дар саҳифаи якуми журнали “Занони Тоҷикистон” мебинад ва пас аз ин тасмим мегирад, ки мисли Турсуной қаҳрамон шавад.

-Ман пайваста ба Миралӣ Маҳмадалиев мегуфтам, ки ман бояд қаҳрамон шавам ва то ба мақсадам нарасидам ором нагирифтам, гуфт момаи Гавҳарбӣ.

Маҳз кӯшишу талоши Гавҳарбӣ Пиракова буд, ки аз тамоми шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон духтарони чаққонро ҷамъ карда, ба омӯзишгоҳи касби-техникии ноҳияи Восеъ ба курси омӯзиши ронандагони трактор фиристоданд. Дар гурӯҳи якум 32 духтари тоҷик курси ронандагӣ омӯхтанд.

140 тонна пахта ва мототсикл

Соли 1961 пас аз хатми омӯзишгоҳ Гавҳарбӣ ба колхозаш баргашта чиниши пахтаро тавассути комбайни пахтачинӣ сар мекунад. Он сол ӯ дар 1 мавсим 140 тонна пахта чида, ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ мегардад. Ба ғолиб мототсикли ИЖ тӯҳфа мекунанд. Аз ин ба баъд Гавҳарбӣ ба ҷои кор бо мототсикл рафта меомад. 

Қаҳрамон

Соли 1964 дар Съезди XVI – уми КПСС аз номи А. Микоян, муовини якуми раиси Шӯрои Вазирони СССР ба Гавҳарбӣ Пиракова бо қарори Президиуми Шӯрои Олии СССР унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ дар якҷоягӣ бо Ордени Ленин ва медали тиллои Досу Болға дода мешавад. Он сол бригадаи Гавҳарбӣ Пиракова нақшаи 7 – солаи чиниши пахтаро пеш аз мӯҳлат иҷро карда буд. Он замон Гавҳарбӣ 24 сол дошт.

Духтари Ҷаббор Расулов

Гавҳарбӣ Пиракова аз Ҷаббор Расулов, котиби якуми  Партияи Коммунистии РСС  Тоҷикистон ба некӣ ёд мекунад. 

- Ҷаббор Расулов маро духтарам ном мебурд ва ҳамеша ба раис Миралӣ Маҳмадалиев таъкид мекард, ки “Гавҳарбӣ Пиракова духтари ман аст!”. Ин буд, ки маро бригадири комплексӣ интихоб намуда, ба ихтиёрам 74 гектар замин ва 2  трактор дода буданд. Он замон на хона мегуфтем, на дар, на зару зевар, ҳушу ёдамон фақат ба кор, ба меҳнат буд, - таъкид медорад момаи Гавҳарбӣ.

Дидор бо шахсиятҳои шинохта

Дар тӯли фаъолияти худ Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Гавҳарбӣ Пиракова бо шахсиятҳои шинохтаи СССР борҳо мулоқоту вохӯрӣ намудааст. Аз ҷумла, бо Қаҳрамонони дигари советӣ Юрий Гагарин ва Валентина Терешкова низ суҳбате дар Маскав анҷом дода, Ибодат Раҳимова, Низорамоҳ Зарифова, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода меҳмони ҳамешагии колхози Ленин будаанд.

Карераи касбӣ

Гавҳарбӣ Пираковаро солҳои 1969 – 1973 барои таҳсил ба Мактаби Олии Партиявӣ ба шаҳри Тошканд равон мекунанд. Замони таҳсил дар Тошканд дар қатори донишҷӯёни дигар Гавҳарбиро ба пахтачинӣ ба вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон мебаранд. Дар он ҷо низ ин духтари тоҷик то 150 тонна пахта   чидааст. 

Гавҳарбӣ Пиракова то ба нафақа баромадан дар колхози ба номи С. Киров ба ҳайси муовини раис, пасон дар Ҷамоати деҳоти Гулистон ба ҳайси раису котиби ҷамоат кор карда, яке аз колхозҳои қафомондаро ба колхози пешқадам табдил дод. 

Гавҳарбӣ ва бобои Сангак

Момаи Гавҳарбӣ аз солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар низ ёд карда, афзуд, ки яке аз аввалинҳо шуда, барои кӯмак ба майдоннишинҳои Душанбе шитофт. 

- Ҳар чӣ ёфтем ҷамъ кардем: нон, намак, қанди сафед, чойнику пиёла, дегу кострюл, кӯрпаву болишт ва ба мошинҳо бор карда, ба пойтахт бурдем. Вақте тирпаронӣ сар шуд, бобои Сангак Сафаров мо занонро ҷамъ карда гуфт: “Илтимос, очаҷоно, ҳайкалатонро аз тилло мекунам, ба хонаҳоятон равед!”. Пас аз ин мо ба хонаҳоямон баргаштем, - ба ёд овард момаи Гавҳарбӣ.

Ба зан мушкил аст!

Қаҳрамони мо Гавҳарбӣ Пиракова имрӯз воқеан ҳам дар иҳотаи 6 фарзанду беш аз 30 набераву 32 абера даврони тилоӣ меронад. Хонааш ҳамеша пур аз меҳмон асту дастархонаш боз. 

- Занҳо, хусусан занҳои тоҷик заҳматкашанд. Онҳо дар ҳар давру замон, новобаста аз вазъияту шароит кор мекунанд. Зан дар кор ҳам бошад, фарқ надорад замини пахта аст, завод аст ё идора ҳушу ёдаш ба хонаву дару шавҳару фарзандонаш банд аст. Зебоии зан ҳам дар ҳамин аст. 

Ман тамоми занҳои тоҷикро бо Рӯзи модарон табрик намуда, ба ҳар як хонаводаи Тоҷикистон, ки зебу зиннаташ Зан аст, файзу баракат хоҳонам! – гуфт ҳини хайрбод Гавҳарбӣ Пиракова.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР 

Душанбе – Восеъ – Душанбе 

01.03.2021

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase