Мехоҳам ҷузъиёти ҳодисаро бифаҳмам

  • Чоршанбе, Март 10 2021

 Рустамова Шакарбӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба мо занг зада (тел 935877784) гуфт: Ман солҳои тӯлонӣ дар почтаи ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият дорам ва газетаи шуморо ҳамеша мехонам. Медонам, ки СССР ба мушкилоти зиёди мардум расидагӣ мекунад. Ман ҳам як мушкил дорам, ки солҳост оромам намегузорад. Шавҳари ман Раҷабов Давлат дар ШКД ноҳияи Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ) кор мекард. 7 июни соли 1992 шавҳари ман, ҳамроҳи ронандаи сардори ШКД бо сафари хидматӣ ба Кӯлоб рафта, дар ноҳияи Восеъ бо дасти афроди номаълум ба шаҳодат расид. Ман бисёр мехостам, ҷузъиёти марги шавҳарамро бифаҳмам, ки чаро ва барои чӣ ӯро куштанд? Шояд шоҳидони он ҳодиса ҳанӯз зиндаанд ва навиштаи маро дар саҳифаи газетаи шумо бубинанд. Агар нафаре пайдо шаваду бароям ҷузъиёти ин воқеъаро иттилоъ диҳад, бисёр миннатдор мебудам. 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase