Аз СССР: Фирк кардем, ки дар кулл ба бонувони Тоҷик ва хонандагони гиромии хеш, дар Рӯзи 8-март-Иди бонувон ва арафаи Баҳори нозанин, чӣ тӯҳфае пешкаш созем. Ҷуз ин надидем, ки парда аз рӯи сирру асрори Ғори аҷинаҳои «Сим-Сим» аз филми  маъруфу дӯстдоштаниашон пешкаш намоем. Мо метавонем!!!

 Шумо, хонандагони муҳтарам оё медонистед, ки деҳаи «Гулобод»-и маъруфи филми маъруфтарини даврони советӣ “Алибобо ва 40 роҳзан”, дар дараи Варзоби РСС Тоҷикистон "ҷо дошт"? Ростӣ, мо низ то ҳамин дам инро намедонистем. Зимнан ин матлаби ҳамтои руси моро ҳатман хонед. Пушаймон намешавед. Мо Метавонем!

“Жители Гулябада”...

Тобистони соли 1979 барои сокинони Душанбе хеле ҷолиб буд. Сокинони зиёди пойтахт соатҳо назди меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, ки он замон беҳтарин меҳмонхонаи интуристӣ буд, навбат мепоиданд, то ситорагони кинои ҳиндӣ Хема Малинӣ, Дхармендра ва Зинат Амонро аз наздик бубинанд. Ҳамаи онҳо барои нақшофаринӣ дар филми шӯравӣ-ҳиндӣ “Саргузашти Алибобо ва 40 роҳзан” ба Душанбе омада буданд. Умуман дар СССР ба наворгирии филмҳои муштарак бо синамочиёни дигар ҷумҳуриҳои иттиҳод ва хориҷӣ, кори маъмулӣ буд ва ин филмҳо низ аз маҳбубияти хосе бархурдор буданд.                                                               

Дараи Варзоб-Ғори Абулхасан

Аз СССР ин филмро коргардони маъруфи узбекистонӣ Латиф Файзиев наворбардорӣ мекард. Он замон, ман нав 6 моҳ боз ба ҳайси директори Хонаи кино фаъолият мекардам ва бароям дидани ин ситрраҳои ҳиндӣ ва гуфтугӯ бо коргардон хело ҷолиб буд. 

 Ман зиёда аз 1 ҳафта, дар толори меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, барои мусоҳиба бо коргардони ин филм мунтазир нишастаам!!! Дар ин муддат чизҳои зиёди шавқовареро дидаву мешунидам. 

Хема Малинии “аристократка”

Хема Малини, чун ситораи воқеъӣ ба Душанбе бо ороишгари шахсӣ, сартарош, масажист, котиба ва ронанда омада буд. Хема бисёр вақт дер мебаромад ва коргардон маҷбур буд то 1 соат дар интизори ин ситораи ҳиндӣ бимонад. Хема аз будаш хеле қадбаланд буд ва қаддаш ба 175 см мерасид. Аз рӯи гуфтаи кормандони меҳмонхона ва аъзои гурӯҳи наворгирӣ, Хема Малинӣ хаслати чандон хуб надошт, ҷанҷолӣ буд ва бисёр вақт аз ҳуҷрааш овози баланд ва садои зарфҳои шикаста ба гӯш мерасид. Ба мухлисонаш низ, ки дар даромадгоҳи меҳмонхона меистоданд таваҷҷӯҳе намекард.                                      

 Қисмате аз филм дар дараи Варзоб наворбардорӣ гардид ва Хема Малини талаб кард, ки барояш дар он ҷо хаймаи шахсӣ гузоранд.

Дхармендраи “деҳқон”

Аммо Дхармендра, бар хилофи завҷааш, рафтори бисёр оддӣ дошт, мисли 1 деҳқонбачча буд. Ҳамеша механдид, ба мухлисонаш соядаст медод ва акс мегирифт. 

 Зинат Амон бошад, танҳо 1 маротиба ба Душанбе омад ва мухлисонаш натавонистанд ин ситораро аз наздик бубинанд. 

Мкртчян ва Ролан Бикови масхарабоз

Латиф Обидов нақл мекард, ки ҳангоми танаффусҳо Фрунзик Мкртчян ва Ролан Биков бо навбат аъзои гурӯҳро механдонанд. 

Дар саҳнаҳои оммавӣ, сокинони Варзоб ва варзишкорони самбист аз Душанбе иштирок карданд. Маҳз инҳо сокинони шаҳри Гулобод ва 40 роҳзанро ба тасвир кашидаанд. Ҳамаи таҷҳизоти наворбардориро, гурӯҳ аз киностудияи Тоҷикфилм иҷора гирифта буд. 

Ногуфта намонад, ки Латиф Файзиевро дар инҷо хуб мешинохтанд ва ӯ барои синамочиёни тоҷик бегона набуд.

                

Лидия Исамова, 

журналист, махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase