Мероси Ҷамшед

Ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии Соли навро бо 1 шаҳомату шукӯҳи хоссае ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои солинавии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз тавалуди ҳазрати Исо (с.а) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаъият мекунанд аз ҳиҷрати Паямбари ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хосе доранд. Аммо ҳеҷ кадом аз инҳо, ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози Соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо Наврӯз ба ин мафҳум пурра ҷавобгӯст.                                                                 

 Чаро ки маҳз дар моҳи фарвардин (март) табиат аз хоби зимистониаш бедор мешавад ва мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳоданд. Мардуми ориёитабор ин ҷашнро, аз қадимтарин даврони таърихи хеш то ба ин рӯз зинда нигоҳ доштанд ва ҳоло ҳам ҷашни Наврӯз, дар ҳавзаи таммадунии ин қавм бо шукӯҳу шаҳомати хоссе баргузор мегардад. Чуноне, ки аз номаш маълум аст ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт бузургтарин ҳадяи ин қавм ба таммадуни башарист. Таърихи Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба Ҷамшед, шоҳи 4-уми ин сулолаи афсонавӣ марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор «Авасто» низ аз ин ҷашн ёд шуда, маҳз Ҷамшедро поягузорӣ он номидааст.  Дар замони Ҳахоманишиҳо, ки таърихи сиёсии ақвоми ориёӣ аз онҳо оғоз мегардад, ҷашни Наврӯз ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил дода шуд ва шоҳони Ҳахоманишӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати азим ҷашн мегирифтанд. Ин анъана дар замони Ашкониён низ идома ёфт ва дар аҳди Сосонӣ ба авҷи аълои худ расид. 

Буриниссо ва “Иди меҳнат”

Аммо Наврӯз, хусусан миёни мо тоҷикон фарозу нишобҳои сангинеро ҳам пушти сар карда аст. Бо омадани ҳукумати Шӯроҳо қисмати ин ҷашни қадимӣ комилан ранги дигар гирифт. Болшевикон Наврӯзро оини исломӣ муаррифӣ карданд ва ҷашни он барои солҳои зиёд мамнуъ гардид. Албатта мардуми оддии мо ҳамеша онро ҷашн мегирифт, аммо дар сатҳи давлатӣ таҷлил гирифтани Наврӯзро аз Маскав манъ карда буданд. Ҳукумати онвақта ин ҷашни қадимии мардумиро "боқимондаи гузаштаи феодалӣ" ва иди диниву мазҳабӣ қаламдод мекард. Он замон дар байни роҳбарияти коммунистӣ ақидае роиҷ буд, ки Наврӯзро мусалмонон ҷашн мегиранд, на коммунистон. Бо вуҷуди ин, зиёиёни миллат, монанди Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Холмурод Шарифов, Буриниссо Бердиева ва дигарон, борҳо ин масъаларо дар назди роҳбарияти он рӯзаи кишвар бардошта буданд, аммо дар Душанбе касе ҷуръат намекард бе ризояти Маскав қароре қабул кунад. Ва ин вазъ то соли 1965 идома дошт.                                                                                                                     

Соли 1965 ҳукумати Тоҷикистон муносибати худро нисбат ба ин ҷашн тағйир дод ва дар ҷумҳурӣ иди наверо бо номи "Иди меҳнат" роҳандозӣ намуд. Ин иди нав мебоист оғози кишту кори баҳориро ифтитоҳ мебахшид ва ҷойгузини Наврӯз мегардид. Роҳбари он вақтаи РСС Тоҷикистон, котиби авали Ҳизби коммунист Ҷаббор Расулов дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо зиёиён мегуфт, ки "Иди меҳнат" танҳо чизест, ки Ӯ метавонад иҷозат диҳад. Аммо бо шарофатии нотарсӣ ва ғурури миллии 1 зани тоҷик Наврӯз дар кишвари мо чун иди расмӣ дубора эҳё гашт.                                                   

21 марти соли 1966 нашри махсуси рӯзномаи "Маориф ва маданият" рӯи чоп баромад, ки пурра ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда буд. Ба ин рӯзнома Буринисо Бердиева сарварӣ мекард. Ин зани далеру нотарс бар ҳақ дар эҳёи дубораи Наврӯз хидмати зиёде кард. Шоҳидон нақл мекунанд, ки вақте шумораро барои нашр омода мекарданд аз "боло" дастур доданд, то макети онро, ки ба "Иди меҳнат" бахшида шуда буд, барои аз назар гузаронӣ ба Кумитаи Марказӣ биёранд. Сардабир макетро бурд ва дар КМ низ онро тасдиқ карданд. Аммо вақте макетро дубора ба редаксия оварданд Буринисо Бердиева "Иди меҳнатро" ба Наврӯз иваз кард ва ин ҷашни қадимаи мардуми ориёӣ дубора эҳё шуд.                                 

   Баъди баромадани шумора, кормандони Кумитаи Марказӣ ба кофтукови Буринисо афтоданд, аммо ӯро аз ҳеҷ ҷой пайдо намекарданд. Ин зани далер ба кормандони рӯзнома гуфта буд: "Агар маро суроғ кунанд гӯед, ки ба Кумитаи Марказӣ рафт". Ин шумораи наврӯзӣ дар матбуоти тоҷик 1 саҳифаи дурахшоне буд ва баъди нашри он сардабири "Маориф ва маданият" ба яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар табдил ёфт. Шоир Бозори Собир, ки он солҳо ҳамроҳи Буринисо дар "Маориф ва маданият" кор мекард, боре гуфта буд: "Дар гирди Ӯ ҳамфикрони зиёде ҷамъ шуда буданд, аммо танҳо мардонагии Буринисо буд, ки матолиб дар бобати Наврӯз рӯи чоп омад. Маҳз Ӯ, Наврӯзро  дубора ба ҷашни расмии кишвар табдил дод". 

Ҷашни созандагӣ

Аммо бо ин фарозу нишебҳои ин ҷашни қадимӣ ба поён нарасид. Наврӯз бори дигар аз ҷашни динӣ ба ҷашни маҷусӣ табдил ёфт. Хусусан дар ин шабу рӯз, иддае дигар аз муқаддасмаобон мекӯшанд ин иди қадимиро, чун ҷашни маҷусӣ қаламдод кунанд ва мардумро аз он мунҳариф гардонанд. Ҳол он, ки ислом урфи пайравони худро, ки дар он созандагию рушд вуҷуд дорад инкор намекунад, балки мардумро ба пайрави аз он тарғибу ташвиқ менамояд.                                       

Бешак, ҷашни Наврӯз аз ҳар анъанаи миллӣ бештар ба ин рушду созандагӣ ҷавобгӯст, чун рабти танго танге бо табиат, ин муъҷизаи Худованд дорад. Ба ҳамин хотир буд, ки баъди зуҳури ислом ва пазируфтани он аз тарафи мардуми эронӣ, Наврӯз натанҳо аҳамияти худро гум накард, балки ақвоми ғайри эронитабор низ ин ҷашни қадимии ориёиёнро, чун иди миллии худ пазируфтанд ва ҳамасола ҷашнаш мегиранд. 

Хушбахтона ҳеҷ истилое, ҳеҷ ҷаҳонбинию фарҳанги наве натавонист Наврӯзро аз тафаккури мардуми тоҷик берун кунад. Ва маҳз имрӯз, Наврӯз ҷойгоҳи волои худро дар дунё касб кардааст. Албатта ин кор, худ аз худ ба амал наомад ва талошҳои сарони 3 кишвари ҳавзаи таммудунии Наврӯз, Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ин кор нақши ҳалкунанда доштанд. Маҳз бо талоши ин 3 кишвар, адолат барқарор гардид ва 30 сентябри соли 2009 созмони ЮНЕСКО, қадимтарин ҷашни миллии моро ба феҳрасти мероси фарҳангии инсоният шомил намуд ва дар зери ин санад 24 кишвари дунё имзо гузоштанд. 19 феврали соли 2010 бошад, дар 64-умин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ 21 март “Рӯзи байналмиллалии Наврӯз” эълон карда шуд. Дар банди 49 рӯзномаи ин ҷаласа, ки "Маданияти дунё" ном дошт, аз ҷумла омада буд: "Ассамблеяи Генералии СММ 21 мартро чун Рӯзи байналмилалии Наврӯз мепазирад ва кӯшиши давлатҳои баргузоркунандаи Наврӯзро дар бобати нигаҳдорӣ ва тарвиҷӣ фарҳангӣ Наврӯз истиқбол мекунад".                                                                                                                              

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase