Ворух: ёрон аҳлу кор саҳл аст!

  • Чоршанбе, Март 24 2021

Иқболи Илёсзода, муаллиф ва хонандаи доимии мо аз шаҳри Исфара (тел: 98 818 50 05) занг зада гуфт:    - Халқи мо 1 мақоли бисёр хуб дорад: ёр аҳл бошад, кор саҳл аст. Вақте кас имрӯз аз деҳаи хушманзари Ворух дидан мекунад ва ба кору пайкори созандаи ворухиён некбинона назар меафканад, маънии гуфтори болозикрро ба хубӣ дарку эҳсос хоҳад кард. Пиру барнои Ворух имрӯз аҳлонаю сарҷамъона, баҳри ободии сарзамини аҷдодии хеш камари ҳиммату ҷавонмардӣ бастаанд. Маҳз бо шарофати иқдому амалҳои хайрандешонаи сокинони Ворух ва фарзандони бурунмарзии он, Беморхонаи минтақавии Ворух ва Маркази саломатии деҳа таъмиру азнавсозӣ ва ободу муҷаҳҳаз карда шуданд ва айни замон Беморхонаи Ворух яке аз беҳтарин беморхонаҳои минтақавӣ натанҳо дар шаҳр, балки дар вилоят аст. Бо саҳмгузории онҳо алҳол симои Ворухи азиз комилан дигаргун гаштаву рӯ ба ободиву зебоӣ овардааст. Ҷавонмардони ғаюр ва баору бономусу ватандӯсти ворухӣ хуб медонанд, ки мушт дар ваҳдати ангуштон аст ва аз ин амалҳои хайр касе дар канор монданӣ нест.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase