Амриддин Аловатшоев ва муроҷиати ӯ ба саркардагони гуруҳҳои муташшакили Бадахшон

Ман Аловатшоев Амриддин Бозорович, соли таваллудам 1977. Зодаи деҳаи Пастарайси н.Роштқалъа, оиладор ва соҳиби 2 фарзанд ҳастам. Аз солҳои 1985 то с.1995 дар мактаби миёнаи №26-и ҳамин ноҳия хондам. Маълумоти олӣ дорам. Соли 1996 ба Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии ш.Душанбе дохил шуда, соли 2000-ум онро хатм кардам. Соли 2008 бо ҷинояти авбошӣ 2 сол аз озодӣ маҳрум шудам. Баъди ба озодӣ баромадан ба Россия рафта, с.2014 ба н.Роштқалъа баргашта, толори варзишӣ кушодам ва то с.2018 шогирдонро машқ медодам.

 

Метавонистам устод бошам, вале авторитет шудам

 Дар маҳкама вақти фикр кардан ҳам дорам. Аз худ мепурсам, ки чаро ҳаёти ман ин хел шуд? Имкониятҳои зиёд доштам, ки инсони намунавӣ шавам. Маълумоти олӣ гирифтам. Варзишгар ва ба ҳамин касб машғул будам. Шогирдонро тарбият мекардам. Лекин ин хел нашуд. Ҳамин муҳити ҷиноятӣ дар Роштқалъа ё Хоруғ ва чанд ҷинояткоре, ки дар ҳаёташон кори неке накардаанд, дасти касеро нагирифтанд, ба ман таъсир кард ва ман авторитети ҷиноятӣ шуданро аз устоди варзиш будан болотар гузоштам.

Соли 2018 дар ш.Хоруғ митинг шуд. Ҳамчун роҳбари ҷавонони гумроҳи н.Роштқалъа ҷавононро ҷамъ карда, ба Хоруғ рафтем. Дар он ҷо бетартибӣ ва бинои Ҳукумати вилоятро бо зӯрӣ ишғол намудем, дару тиреза, компютер ва дигар таҷҳизоти идораро шикастем. Пештара раиси вилояти Бадахшон – Шодихони Ҷамшедро таҳқир кардем, суханони бад задем.

Ҳамон шаб Толиб, Мунаввар, Ёдгор, Матлаб, Қаноат низ буданд. Чаро шумо имрӯз хомӯшед?! Мо дар ҳақиқат ҳамон ҷиноятро кардем. Пас дар назди қонун ҷавоб додан даркор аст! Моро бо ҳамроҳии Толиб, Ёдгор, Боқир ва Хурсанду Мунаввар ба прокуратураи вилоят даъват намуданд. Дар он ҷо забонхат додем ва имзо кардем, ки дигар даст ба ҷиноят намезанем. Баъди ин боз ба Россия рафтам, вале вазъияти Хоруғу Роштқалъаро пайваста аз Толиб Аёмбеков ва Гулбиддин Зиёбеков мепурсидам.

 

Моҷарои духтар ва прокурор

Моҳи феврали соли 2020 Зиёбеков Гулбиддин ба ман занг зада гуфт, 1 духтари ноҳия, ки номашро ҳам намедонам, бо 1 корманди прокуратураи н.Роштқалъа гап мезадаст. Гулбиддин бачаи тағоям аст ва ба ӯ гуфтам, ки ҳамон корманди прокуратураро қапед ва ба зӯрӣ маҷбур кунед, ки худро гунаҳкор бигӯяд! Кӣ будани прокурорро ҳам намедонистам. Ва онро ба навор гиреду бо телефон ба ман партоед. Гулбиддин наворро бо телефон ба ман фиристод. Тамошо кардам ва дидам, ки прокурор худро аз тарс ва шиканҷа гунаҳкор донист. Мо аз ин навор хурсанд шудем. Наворро барои шармандаву забонкӯтоҳ намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар интернет партофтам. Пас аз чанд рӯз Гулбиддин занг зада гуфт, ки нисбати ӯ ва чанд тан рафиқонаш мақомот парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ба онҳо даъватнома фиристодааст. Ман ба онҳо гуфтам, ки ягон ҷо нараванд.

Акнун фаҳмидам, ки ҳама корҳои ман хато будааст. Имрӯз оқибаташро худам медонаму тамом! Зану фарзандам дар ҳолати ногувор мондаанд. Ана ҳамин аст оқибати кори кардаам. Дар ин лаҳзаҳо бояд дар назди фарзандонам мебудам, аммо ҳоло дар пушти панҷара ҳастам. Ману Гулбиддин дидаву дониста ҷиноятро содир кардем. Ин амали мо боиси нооромии вазъият дар ш.Хоруғ гардид. Даҳҳо нафар пушти панҷара рафтанд. Зану кӯдакони онон бесарпаноҳ монданд. Афсӯс, хатоии худро дер фаҳмидам. Аз падару модари онҳо, аз модари Гулбиддин бахшиш мепурсам.

 

Митинг дар Москва

Ман ҳамроҳи Ораз, Амид, Маҳмадёр ва чанд нафар аз шариконам дар рӯзҳои нооромии Хоруғ дар моҳи ноябри соли гузашта, дар Москва, дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон митинг ташкил кардем. Дар ҳамон ҷо моро дигарон истифода карданд. Баъди он фаҳмидем, ки қонунҳои Россияро ҳам вайрон кардаем. Рӯзи 11 январи с.2022 бо ҳамроҳии Муҳиб, Иззат, Мусаммир, Солеҳ, Шукруллобек ва Мӯсо ба Украина рафтанӣ шудем. Вақте ба наздикии сарҳади Украина расидем, ба мо гуфтанд, ки «санҷиш бисёр сахт аст». Дуртар аз хатти сарҳад шабро рӯз кардем. Шаби дароз фикр кардам, ки гузарам ҳам, то ба кай гуреза мешавам, дур аз фарзандон, оила ва хешу табор?… Медонистам, ки мақомот маро дар кофтукоб эълон намудааст.

Рӯзи дигар ҳамроҳонамро гуфтам, ки то ба кай гурезогурез мекунем? Ман ба Тоҷикистон бармегардам ва дар назди қонун ҷавоб мегӯям, дар назди оила ва хешу таборам мемонам. Баъд аз ин ба Москва баргашта билет харидам ва ба Душанбе парвоз кардам. Худамро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридам. Боварӣ дорам, ки худро барои ихтиёран ба мақомот супоридан ба ман сабукӣ медиҳанд.

 

Муносибат бо ман аз рӯи қонун аст...

 Касе маро азоб намедиҳад. Ягон камбудие надорам. Ҳатто аз хабарҳои ҳаррӯза огоҳ мешавам. Хабар дорам, ки чӣ гуна гурӯҳҳои иғвоангез барои мардумро раҳгум намудан, аз номам истифода мебаранд. Алим Шерзамон дурӯғ мебофад, ки гӯё ман аз зарби лату кӯб 2 рӯз беҳуш будам. Ин аблаҳӣ аст! Ту аз куҷо медонӣ, ки онҳо бо ман мисли инсони комил муносибат мекунанд?! Ин шумоед, ки мардумро ноором месозед! Алим аз пасиҳизби террористии худаш парво надорад, ки зану фарзандон ва наздикони ман ин дурӯғи бофтаашро хонда, ба чӣ ҳол гирифтор мешаванд?

 

Боқир, мову ту ҷинояткорем!

Дирӯз муроҷиатномаи Боқирро хондам. Аз номи тамоми мардуми Хоруғ гап мезанад. Мисли он ки 1 ҷинояткор неву, 1 дилсӯзи халқ бошад.

Боқир! Агар дигарон туро надонанд, ман туро нағз медонам! Мову ту, Хурсанду Мунаввар, Зоҳир ва Толиб ба чӣ амалҳои нангин даст задем ва вазъияти Хоруғро ба ҳамин аҳвол расонидем!

Боқир! Биё, мардона иқрор шавем, ки мо ба ғайр аз ҷиноят чӣ кори хуб кардем? Чӣ фоида ба мардуми одӣ расонидем? Дар 1 ҷо мешиштему сӯҳбат мекардем. Ба ғайр аз иғвогарӣ ва бадном кардани Ҳукумат, бадбинӣ ба кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бероҳа кардани ҷавонон… боз чӣ кор кардем? Ростӣ, мардуми шаҳри Хоруғ аз ману ту барин авторитетҳо безор шудаанд. Ба қонуни ҷангал зиндагӣ кардан бас будагист! То ба кай мардумро азобу ташвиш медиҳем? 1 бор аз худат пурс, ки чаро барои ҷиноятҳои ману ту дигарон дар азоб бошанд? Ҳама ҷиноятҳои мо бас буд, ки боз аз худат 1 шахси бегуноҳ метарошиву баромад мекунӣ? Ба ҷои он, ки аз мардум барои ин қадар азобҳо бахшиш бипурсӣ, худатро ба мақомот супорӣ!

Бисёр фикр кардам! Ин ҷавононе, ки шабҳо туро охранят мекунанд, барои эҳтироми ту ин корро намекунанд! Аз раҳгумзадагӣ онон низ мисли ману ту ба роҳи хато рафта истодаанд. Мо тамоми Хоруғро ба ҷинояткорӣ олуда кардем. Ҷавононро ба ҷои дар роҳи дуруст бурдану тарбият кардан, аз дасти падару модарашон гирифтем ва ҷинояткор намудем. Ҷамоат пагоҳ моро намебахшад. Ин кори мо аз рӯи мардӣ нест!

Боқир! Ту ҳақ надорӣ, ки ҷони ононро дар хатар гузорӣ! Имрӯз давлат қудрате дорад, ки дар 1 шаб мисли ману ту 1000 ҷинояткорро дастгир карда, дар рӯ ба рӯи қонун рост мегузорад. Мову ту ва ҳамон Хурсанду Мунавварро давлат 100 маротиба бахшид, аз гуноҳамон гузашт, вале мо ваъдахилофӣ кардему боз ҷиноят содир намудем. То кай моро бубахшанд? Оё ҳамин хислати ту ва дигарон аз рӯи ҷавонмардӣ аст, ки занону ҷавононро дар маҳалла ҷамъ кардему аз онҳо барои худ сипар месозем? Мардак будан даркор! То ба кай дар пушти куртаи занон пинҳон мешавем? Ин дер давом намекунад! Ман фикр мекунам, ки ҳоло ҳам дер нашудааст! Чоршанбе Чоршанбиев фаҳмид, Мусифшоеву Амранов ва дигар ёрони онон фаҳмиданд! Аммо чаро ту фаҳмидан намехоҳӣ? Боз мехоҳӣ, ки чанд ҷавони гумроҳ қурбони гапҳои дурӯғу фиреби ту шуда, ҳаёташро сӯзонад? Мо барои мардуми Хоруғ ва вилоят ҳеҷ коре накардем!

Эй Боқир! 1 бор чуқур фикр кун, ки чӣ кор кардаӣ, ба ҷуз садҳо ҷиноят, таҳқири мардуми одиву авбошӣ???

 

Ман тавба кардам! Ту ҳам тавба кун…

Боқир! Мо-ку ҷавон ҳастем, беақлӣ кардем. Ту бо ҳамон синну солат шарм накардӣ, ки ба сари 1 омӯзгор даст бардоштӣ?! Оё мардӣ ҳамин аст?

Такрор ҳам шавад, боз мегӯям, ки мо, шахсан худатро Ҳукумат чандин бор барои ҷиноятҳоямон бахшид ва имкон дод, ки оромона кору зиндагӣ кунем, лекин ману ту дар қавламон наистодем!!!

Бас аст! Биё, мард бошем! Мисли ман тавба кун! Ҳоло ҳам дер нашудаст! Худро супор ва ҷони дигаронро дар хатар нагузор! Саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ш.Хоруғ бояд инро донанд ва барои ҳар амали ҷиноии худ дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Ана ҳамин хотирбиниву гузаштҳои Ҳукумат буд, ки ҷинояткорон солҳои дароз беҷазо монданд. Биёед, дигар бо кирдорҳои авбошонаи худ ба кори мақомот ва оромии мардуми одӣ халал нарасонем. Ба фикрам, роҳи дигар нест! Давраи бахшишҳо гузашт. Ҳама бояд ба қонун итоат кунанд. Хоруғ ҳам мисли дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриямон бояд орому обод шавад.

Аз тамоми мардуми Бадахшон, минҷумла, шаҳри Хоруғ, хоҳиш мекунам, ки ба суханони иғвоангезонаи Боқир, Мунаввару Хурсанду Толиб дода нашаванд. Ҷавонон бояд аз қафои ҷинояткорон нараванд, хонанд, машқ кунанд! Ояндаи худро мисли ман талх насозанд. Ман аз карда сахт пушаймонам. Ҳазорон маротиба тавба кардам! Дигар ба ҷиноят даст намезанам! Ба озодӣ бароям ба хизмати зану фарзанд ва наздиконам машғул мешавам! Агар тавонам, заррае ҳам бошад ба ВАТАН хизмат мекунам!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase