Вақте раис хато мегӯяд….

  • Чоршанбе, Март 02 2022

Ҳафтаи гузашта мухбири мо дар нишасти хабарии Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, аз он нишаст ба таври фишурда чанд хабар ҳам нашр намуд. Пас аз нашри хабар дар бораи зиёд шудани андозаи нафақаи маъюбон ва масъалаи додани маблағи 1%-а пас аз нафақа баромадан хонандагони зиёд ба идора занг зада, гуфтанд, ки Дилмурод Давлатзода хато гуфтаву дар асл чунин нест. Ҳоло мо тасмим гирифтем ба суолҳои ҳамешагии мухлисони газетаи мардумӣ аз мутахассисони соҳа посухҳои аниқ бигирем, то ин ки зимни муроҷиат ба шуъбаҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат фиреб нахӯранд.

 

Маблағи 1%-а 2070 сомонӣ аст

Маблағҳои саҳмияҳои инфиродии 1 фоиза, яъне маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба шаҳрвандон ҳангоми расидан ба синну соли нафақа пардохт карда мешавад. Дар сурате, ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида, яъне аз 2070 сомонӣ кам бошад, дар ин маврид маблағи мазкур якдафъина пардохт карда мешавад. Дар сурати андозаи андӯхтҳои нафақавӣ ба даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавӣ баробар ё зиёд бошад, пас ин маблағ ба 180 моҳ тақсим карда шуда, дар тули 15 сол пардохт карда мешавад. Яъне, нафақахӯр пас аз ба нафақа баромадан бояд боз 15 соли дигар намирад, то ин ки ҳамон маблағи 1%-и худро кам-кам ҳар моҳ бигирад. Чаро намешавад онро 1 маротиба ва пурра пардохт кард? Суолест матраҳ.

 

Иловапулӣ 50%-ҳадди ақали нафақа

Дар асоси моддаи 31 Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҶТ»  ба маъюбони гуруҳи 1 ва 2-и меҳнатӣ, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзои корношоями оила доранд, ба ҳар кадом узви корношоями оила, вале на бештар аз 3 нафар нонхӯр ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз руи синну сол иловапулӣ пардохт карда мешавад.

Аммо ба маъюбони гуруҳҳои 1 ва 2, ки ба онҳо нафақаи маъюбӣ дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», ки аз 1 январи соли 2013 дар амал татбиқ ва нафақаи маъюбӣ таъин карда шудааст, иловапулӣ ба аъзои корношоями оила пешбинӣ карда нашудааст, танҳо ба маъюбони гуруҳи 1 иловапулӣ ба нафақа барои нигоҳубин дар хаҷми 50 фоизи нафақаи заминавӣ муқаррар карда шудааст.

 

Нафақаи бесаробонӣ то 23 солагӣ

Агар шаҳрванд то расидан ба синни нафақа вафот кунад, пас маблағҳои, яъне саҳмияҳои аз ҳисоби маоши ӯ супорида шуда, дар ҳолати муроҷиат ба аъзои ғайриқобили меҳнат, яъне ҳамсар агар дар ҳолати фавти саробон нафақагир бошад ва ба фарзандон то расидан ба синни 18 солагӣ, дар ҳолати донишҷӯ будани фарзандон то расидан ба синни 23 солагӣ нафақаи оилаи бесаробонмонда таъин карда мешавад.

Ҳамзамон агар дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии саробони фавтида саҳмҳои андӯхтшудаи нафақавӣ мавҷуд бошанд, маблағи мазкур бо тартиби муайянгардида ҳисоб ва яквақта пурра пардохт карда мешавад.

 

Ҳуҷҷати ҳукуматӣ ва ташкилоти хориҷӣ

Дар робита ба суоли хабарнигори газетаи мардумии СССР дар бораи Дастурамал оид ба таъйини нафақа, ки дар Вазорати адлияи кишвар ба қайд гирифта нашуда, нафақаи мардум имрӯз аз рӯи он дода мешавад, Дилмурод Давлатзода посух дод, ки «Дастурамали мазкур барои хулоса ба ташкилоти ғайридавлатӣ дода шудааст ва пас аз хулосаи ниҳоии онҳо раиси Агентӣ ба газетаи СССР посух хоҳад гуфт!».

Расидем-ку?! Барои ман норавшан монд, ки чаро Дастурамал, ки дар асоси Фармону Фармоишоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, ба он хулосаи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дода мешавад, бояд аз таҳрири ким-кадом ташкилоти ғайридавлативу мустақил гузарад? Магар чунин мумкин аст? Чаро ҳуҷҷати давлатӣ ва ҳукуматии 1 ниҳоди мамлакатро бояд ташкилоти ғайридавлатӣ таҳрир намояд? Чи магар мо дар Дастгоҳи иҷроия ва Вазорати адлия ҳуқуқшиносони ҳирфаӣ надорем? Кӣ медонад шояд дар паси ташкилоти ғайридавлатӣ боз ягон грантхӯри дигар пинҳон асту директори Агентӣ маблағи онро бо ҳам «обу лой» мекунанд? Ин суол аст; суоли риторикӣ…

 

Командае, ки нест…

Ширкат дар нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бароям собит сохт, ки ҳар 1 раису вазирро танҳо ва танҳо командаи профессионал Раису Вазир мекунад. Чизе, ки ман дар ин Агентӣ надидам.

Дилмурод Давлатзода дар тамоми вақти нишаст кӯшиш мекард ба суолҳои хабарнигорон посух диҳад, аммо аксари посухҳояш ё хато буданд ё нодуруст. Касе аз муовинон сар аз муовини аввал, барои пешниҳоди итиллои дуруст ба раис кӯмак наменамуд. Гоҳо барои кӣ посух гуфтанаш раис бо муовинонаш маслиҳат мекард, вале боз ҳам ҷавобҳо қонеъкунанда набуданд. Тавре ба назар мерасид, ки муовини раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам сар аз муовини аввал забони тоҷикиро намедонистанд, суҳбаташон пурра бо забони русӣ буд.

Боз ҳам дар ин ҳолат офарин ба командаи Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳануз суолҳои хабарнигорон ба охир нарасида, ҷавоби иловагии мушаххасрпо рӯи мизаш оварда мегузоштанд. Ёд гиред! Зарар надорад…

 

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase