Шиносномаи тоҷикӣ чанд сомонӣ аст?

  • Чоршанбе, Март 23 2022

Нуриддин Достиев, хонандаи ҳамешагии газетаи СССР, аз ш.Кӯлоб ба редаксия СССР занг зад (тел: 83222 2 04 00), шикоят аз фаъолияти кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон, алалхусус дар ш.Кӯлоб кард.

    - Мақомоти ин ниҳоди мазкур на тартиб дораду на танзими нархҳои шиносномадиҳӣ. Ҳар нафар, ки алоқаманд аст барои додани шиноснома бо худ нархи алоҳида дорад. Тибқи қонун барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ 10 доллари ИМА муқаррар шудааст. Аммо ҳангоми ворид шудан ба ин ниҳод ягон нафарони мақомот бидуни маблағ кумак намекунад. Хуб! Мо барои шиноснома 10 доллари ИМА ба қурби асъор, яъне 120 сомонӣ дар «Амонатбонк» пардохт мекунем, лекин барои акс боз 30 сомонӣ, барои изи даст 40 сомонӣ талаб мекунанд. Шиносномаатро агар дар навбати аввал гузоранд 70 сомонӣ, дар маҷмуъ 1 шиноснома дар ш.Кӯлоб то 400 сомонӣ мешавад. Чаро нархи ягона ва аниқу давлатии шиноснома дар долонҳои Хадамоти мазкур насб нашудааст?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase