Облава, Рамазон ва ситамкорон…

  • Чоршанбе, Апр 20 2022

 

Агар аз 1000 мавъизаи муллоҳои мо 1%-аш рост бошад, дар хусуси оқибати ситамкорон дар Рамазон, пас войи комиссарҳои ҳарбиву милисаву раисону ҷамоате, ки дар «Облаваи набудаи буда» қӯшанд!!!

Ростӣ, шахсан ман, чун шаҳрванди патриоти ҶТ аз ин маъракаи шармандасози миллат хеле азияти виждон мекашам. Ҳамарӯза, ҳамасоата шоҳиди ин Облаваем, вале масъулин бе ягон азияти виждон мегӯянд:

-Нест! Йуқ!! Нету!!! No

Шоир на беҳуда гуфтааст, ки;

Парокандалашкар наояд ба кор,

200 марди ҷангӣ беҳ аз 100 ҳазор…

 Муҳтарам масъулин! Шумо медонед, ки дар марзи Қирғиз аслан кӣ ҷангид? Бахтиёр Лангариев бо бачаҳояш. 2000 ғаййури кӯлобӣ ва чандсад мастчоҳӣ ва даҳҳо бадахшонӣ изҳори омодабош карданд, ки ба марз рафтаву ҷилави қирғизро мекашанд. Инҳо афроди ватандӯст буданд. Вале куҷо буданд, он замон сарбозони «облавашудаатон»? Шумо оё медонед, ки бо ин сарбозшикор дар дили ҷавонону наврасон тухмаи ватанбезорӣ, «предательство», ватанфурӯшӣ мекоред?

Дирӯз бо масъули баландпояи ВМ сӯҳбат доштам. Маълум шуд, ки кормандони военкоматҳо дар Облава ширкат намекунанд. Зеро тибқи банди 5-уми Фармони Президенти ҶТ масъулияти даъват аввалан бар дӯши раиси шаҳру ноҳияҳост ва баъдан комиссарони ҳарбӣ. Гурезпойро бошад милиса меқаппад.. Ва ана ҳамин бандро бархе аз милисаву раисони ҷамоатҳо бар нафъи хеш корбаст мекунанд.

Мувофиқи Боби 2 (Танзими давлатии иҷрои ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ), банди 5, қисми 2, милиса муваззаф аст, «бар асоси дархости комиссари ҳарбӣ шаҳрвандонеро, ки аз қайди ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ … саркашӣ намудаанд… бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ ҷустуҷӯ ва боздошт намояд». Вале мо чи манзарае мебинем? Милиса куллияи ҷавононро мавриди бозҷӯӣ, тафтиш қарор медиҳанд, ки айни савоб нест! 

Аз сӯи дигар мардум низ воҳимачиву дурӯғгӯву дурӯғбовар шудаанд. Навори Облавае, ки дар аэропорти Душанбе сурат гирифт, аслан ба ВМ, ВКД ва ниҳодҳои давлатӣ ягон рабте надоштааст. 1 авомфиреби қарздорро чанд авбоши дигар фаҳмидаанд, ки Россия мегурезад, боздошт кардаанд. Ин зирак, барои халосӣ, дурӯғомез дод мезанад, ки «Ман хизмат кардаам, маро облава накунед», то мардум халосаш кунанд. Ҳоло ин «провокатор» бо ун авбошони ришакӣ дар милисахона хобанд (ниг. ба саҳ-3).

Вале бо ин ҳама шантажу дурӯғҳо, бубояд гуфт, ки Облава ҳаст! Ва ин ки кормандони военкомат дар он ширкат намекунанд, аввали кор аст. Зеро милисаҳо ҷавононро боздошта куҷо мебаранд? Аккурат, ба военкомат!!! Яъне ин ҷо ҳамбастагии кормандони чанд ниҳод ба чашм мехӯрад, ки бояд оҷилан рафъ шавад.

Армия бояд танҳо патриотҳо ва он ҳам ихтиёрӣ раванд (то рӯзи 12.04.2022 беш аз 40% ватанхоҳон ихтиёран ба Армия рафтанд ва ана ҳаминҳо пагоҳ Ватанро ҳифз мекунанд). Зеро тамомии давлатҳо рӯи патриотҳои бо дилу гурда зуҳур кардаанд ва боқӣ мемонанд. Гурезогурези афғонҳоро аз чанд Толиби ришакӣ дидед? Ва ҳам дидед, ки дар Украина чӣ мегузарад? То-та!

 Армияи Афғон, ки онро НАТО чун хӯсае, лухтакчае, арӯсаке сохта буд, дар 24 соат фано шуд! Зеро патриотизм дар қалби 1 генералу 2 сарбози ин артиш набуд. Артиши сунъӣ доштанд инҳо, на миллӣ.

Сари ҷанги Россияву Украина низ тамаркуз мекунем, вале бо дигар сабаб. Таври маълум ин ҷанг боиси баландшавии нарху наво дар бозорҳои нафтиву газӣ ва ғизо шуд. Дар ин 2 кишвар-ку тамоман қаҳтиву қиматист. Иллат фаҳмо!

Вале ман ин ҷангро бо Рамазон ба таъбире «ако-уко» мешмарам. Сабаб? Нарху наворо тоҷирону савдогарони мо, ки аксаран ҳоҷиянд (умдафурӯш-оптовикон 100% ҳоҷӣ!!!), ба таври бесобиқа ва сунъӣ боло бардоштанд. Ва онгуна, ки ҳайрон мемонӣ, ҷанг дар Украина аст ё дар кишвари мо?

Эй, мардум, о, аз рӯи гузоришоту тафсироти домуллоҳое, ки субҳу шом мавъизаашонро гӯш мекунед, ситамгори муъминин дар Рамазон уқубати сахте дар Рӯзи Ҷазо дорад. Пас, чаро бар худ ситам мекунед? Чаро бар нафъи нафс мезанед ва шарм надошта аз Худо, боз ба хонааш-масҷид мераведу 5 вақт намоз мегузоред?

Субҳа бар каф, тавба бар лаб, дил пур аз шавқи гуноҳ,

Маъсиятро ханда меояд зи истиғфори (шу)мо!!!

Оё медонед, ки рӯзаву намози шумо қабул нест?! Ва инро ман не, Ҳоҷӣ Мирзо Имронзода сареҳатан ва бо факту далели ҳадису қуръонӣ мегӯяд! Ба саҳ-10 муруре кунед…

11.04.2022. Соат ба вақти Душанбе 18:17 дақиқа. Азизеро, ки маризу дар «диета» қарор дошт, занг зада пурсидам, ки чӣ биорам, то бихӯрӣ? Гуфт, ман нону хомшӯрбо мехӯрам, ки ҳаст. Аз ҳама маҳсулоти полезӣ духтур гашничу помидорро иҷозат додааст. Хурсанд шуда, ба дил гуфтам, «Хуш ба ҳолат Сайёф, ки харҷат кам шудаву бемор парҳезист» ва дуконе даромада, помидор гирифтаму дар назди касса тарбуз аз бағал уфтод:

-1 кг помидор 36 сомонӣ!!!

Яъне ҷои 2 кило помидор роҳат метонӣ 1 кг гӯшт харида, 7 рӯз хӯрӣ.

Боз ҳам даъвии мусалмонӣ доре(м)д, мардум???

Дар хонаи мо зи хӯрданӣ чизе нест,

Эй, Рӯза, маё, ки ман туро хоҳам хӯрд!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase