Жириновский ва рақами сархӯри 76…

  • Чоршанбе, Апр 20 2022

 

№ 76 барои табори Жириновский, дар асл Эйделштейнҳои яҳудӣ, рақами бебарор ва маргзост. Аҷиб аст, ки маҳз дар синни 76 Итсхак Эйделштейн, Волф Эйделштейн ва ахиран Влад Эйделштейн фавтидаанд. 2-и аввал бобоҳои Жириновский мебошанд, ки аз еврейҳои Полша буданд. Нафари ахирӣ худи Владимир Волфович Жириновский аст.

Оре, дар асл Жиринвоскийи раҳматӣ яҳудтабор буд. Вале зидди ин миллат мубориза мекард. Задорнов-ҳаҷвнигори рус, боре навишт:

-Зирактарин яҳудӣ Жириновский аст. Зеро то ӯ ягон еврей дар мубориза бар муқобили еврейҳо ин қадар сармояи сиёсиву молӣ ҷамъ наовардааст.

В.В.Жириновский дар синни 76 солагӣ, аз коронавирус, аввали апрели соли равон фавтид. Ин дар ҳолест, ки ӯ бо ифтихор мегуфт, якумин нафар аст, ки 8 бор эм-ваксинатсия аз COVID-19 шудааст.

 

Падараш юрист

Соли 1991, вақте аз Жириновский суол карданд, ки Шумо мутааллиқ ба кадом миллатед, гуфт:

-Модарам рус асту падарам юрист!!!

Ин посухи зиракона, бароварди Владимирро аз қавми яҳуд пинҳон медошт.

Воқеан ҳам, ин ҷо низ Жириновскийи раҳматӣ дурӯғ мебофт. Зеро падараш юрист набуд!

Қаблан аз рӯи сӯҳбатҳои худи Жириновский гуфта мешуд, Волф Исаакович Эйделштейн (1907—1983) Университети Сорбоннаи Париж, факултаи ҳуқуқро хатм кардааст. Вале таърихнигорон муайян карданд, ки дар асл, Волф-амак университети Греноблро, бо ихтисоси «агроном» ба итмом расонидааст.

Чун ин сирр низ фош шуд, Жириновский бе шакку тардид, дар Исроил, назди мардум худро «писари агроном-соҳибкор» муаррифӣ намуд.

Хулласи калом, ин агрономи соҳибкор низ аккурат дар синни 76 солагӣ зери чархи автобус монда, фавтид.

 

Жириновский миллатгаро

Баъд аз пошхӯрди СССР Жириновский бо ҳизби ЛДПР бо он номовард гардид, ки сахт ақоиди русгароӣ, ксенофобизм ва ҳатто назарияи наздик ба фашизмро пеша кард. Дар Госдума пайваста муноқиша ва лату кӯби депутатҳои дигарандешро роҳандозӣ мекард. Скандалист буд. Ӯ бе ягон истиҳола, тамомии миллатҳои дигарро дашному сақат гуфта, шиори «Россия барои русҳо»-ро партави кор қарор дод. Миллати тоҷик низ аз суханони нешдори ин сиёсатмадор сахт осеб дидааст. Вале дар охири пай Жириновский баякборагӣ назарашро нисбат ба халқу миллатҳои осиёимиёнагӣ, минҷумла Тоҷикон дигар кард. Ва шояд хонанда донистан хоҳад ки чаро?

 

Газетаи СССР, Жириновский ва КП

10-15 сол муқаддам газетаи маъруфи Комсомолская Правда (КП) ба нашрияи ақоиди фашистидошта табдил ёфт. Дар газета чун дар бархе дигар расонаҳои русӣ, ба вежа таҳқири миллати тоҷик дар авҷ буд. Пономарёв ном журналисти ин газета, агар хонанда ёд дошта бошад, дар соли 2016 ба Тоҷикистон омад, бо харе сурат гирифт ва миллати моро таҳқир намуд. Ба ин бе тутуруқ газетаи СССР посухи сазоворе ҳам дода буд, ки мисаш баромад.

Дар он даврон газетаи СССР ягона нашрия аз ҶТ буд, ки дар Маскав, Кремл хабарнигори худро дошт. Ва ана дар ҳамон шабу рӯз Жириновский дар КП пресс-конфронс баргузор кард, ки дар он хабарнигори мо дар Маскав-Шамсудин Бобоев низ ҳузур дошта, лидери ЛДПР-ро суолборон намуд. Минҷумла, сари вожаи корбаст бар миллати мо-Гастербайтер. Жириновский ҳамон соат ба хабарнигори СССР ваъда кард, ки мавзуъро дар Думаи давлатӣ баррасӣ мекунад ва афзуд:

-Ҷои тақлиду таблиғи Ғарб, мо бояд бо бародарони қаблии худ, республикаҳои советии собиқи ОМ, минҷумла Тоҷикистон ҳамкорӣ намоем.

Воқеан ҳам масъалаи миллатситезӣ ва гастарбайтер унвон кардани миллатҳои дигар бо ташаббуси Жириновский дар Дума вардошта шуд ва бар нафъи Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистон анҷом пазируфт. Ин миллатҳо бояд умре аз хабарнигори СССР дар Маскав сипосгузор бошанд, ки бархӯрди «душмани сарсиёҳон» Жириновскийро ба ишон тағйир дод ва миллионҳо муҳоҷири кор нафаси сабук кашид.

То ҷое медонем, КП низ аз муқаррароти фашистонаи хеш то андозае баргашт. Таҳқири миллати Тоҷик дар симои Ровшану Джумшут, аз сӯи Галучопстяни армантабор қатъ гардид. Дар ҳамаи ин раванд Жириновский дасти тамом дошт. Ба забони дигар метавон гуфт, «Душмани мо-Жириновский ба дӯсти мо табдил ёфт!»…

Дар зер мехоҳем он лаҳзаи дидори Жириновский ва Шамсиддинро бо забони асл орем (умедворем ҳама хонандагони мо русиро хуб медонанд ва ба тарҷумон ниёз надоранд).

 

ЖИРИНОВСКИЙ ОБЕЩАЛ КОРРЕСПОНДЕНТУ СССР СЛОВО «ГАСТАРБАЙТЕР» БОЛЬШЕ НЕ УПОТРЕБЛЯТЬ К ТАДЖИКАМ!

Москва, 16.08.2016. Редакция «КП». Во время встречи в редакции Комсомольской правды, кстати, газеты, которая превращается в логово фашизма, лидер ЛДПР, скандально известный политик, член Думы, глава фракции от ЛДПР в Госдуме, Владимир Вольфович Жириновский встретился с собственным корреспондентом газеты СССР в Москве, Шамсудином Бобоевым. 

После длительной беседы и полемики, наш спецкор доказал политику, что слово «гастарбайтер» унижает честь и достоинство людей, особенно Таджиков, которые живут и работают на территории России и употребление этого слово неприемлемо по отношению к трудовым мигрантам. 

-Особенно, подчеркнул, Бобоев,-это слово муссируют российские журналисты, негативно  настроенные  против выходцев из Средней Азии и которые, тем самым разжигают межнациональную ненависть россиян по отношению к трудовым мигрантам из стран Содружества.

Господин Жириновский в конце беседы обещал собкору СССР, вынести эту полемику на повестку дня в Госдуму, и самолично выступить за прекращение употребления этого слова по отношению к трудовым мигрантам из стран Содружества, особенно к Таджикам.

В конце беседы, как ни странно, руководители Комсомольской Правды вместе с небезызвестным Пономаревым, который недавно оскорблял целое государство и Таджикскую нацию в данной газете, избежали встречу с нашим корреспондентом, убегая от него ломая головы...

Мо Метавонем! Мы Можем!!!

 

 

Зиндагиномаи Жириновский

Владимир Волфович Жириновский (25.04.1946Алма-Ато — 06 04. 2022, Москва — давлатмарди советӣ ва русӣ. Сарвари ЛДПР аз рӯзи таъсис то соати  маргаш (1992—2022). Депутати Госдума аз 12.12.1993 то 06.04.2022. Раҳбари фраксияи ЛДПР, муовини раиси Госдума, намояндаи Парлумон дар Ассамблеяи Иттиҳоди Аврупо, муддаии курсии президентӣ дар ҳама интихоботҳои ФР  19911996200020082012 ва соли 2018. Доктори илми фалсафа  (1998), Юристи хизматнишондодаи ФР (2000). Барандаи ҳама дараҷоти ордени «Барои хизмати шоиста дар назди Ватан».

Бо ҳама доду фиғону фарёду ҳатто таҳқиру дашноми миллатҳои дигар, бояд қойил шуд, ки Жириновский фарзанди сарсупурдаи Россия буд ва ҳамингуна дар хотираи миллаташ хоҳад монд. Мутаассифона, миллати Тоҷик чун ӯ 1 депутате наёфт, то бо ҷону дил, дар бархе маврид бехудонаву фашистона, миллаташро дар ҷаласаҳои парлумонӣ ва маҷлисҳои байнулмилалӣ ҳифз кунад ва иззат гузорад.

Пешгӯиҳои пайғамбаронаи Жириновский дар мавриди фитнаҳои НАТО ва ҷанг бо Украина, имрӯз амалан собит шуданд. Яъне ӯ воқеан ҳам сиёсатмадори дурбин буд.

Ҷанозаи Владимир Волфович аккурат дар таърихи 08.04.2022, мутобиқ ба рӯзи 7-уми даҳаи Раҳмати Рамазон ба дасти хок рафт. Таври ба мусалмонон маълум, ҳар нафаре дар ин рӯз фавт ёфт, гуноҳонаш бахшида ва худаш озими Биҳишт мешавад. Худо, ки бахшад, мо низ ӯро бахшидем.

 Мо метавонем!

М.Мубориз,

Махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase